Дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, моҳҳои май — июни соли равон хокбориш зиёд шуд. Дар баробари хокбориш, ҳаво низ якбора гарм омад. Аз рӯи маълумоти «Узгидромет», моҳи июни соли равон дар шаҳри Тошканд гармтарин моҳ дар таърихи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ гардид. Дар ин ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи ҳаво аз меъёри муқаррарӣ (нишондиҳандаҳои бисёрсола) 3-5 дараҷа гармтар омад.
Дар ҷануби ҷумҳуриамон даҳаи сеюми моҳи июн ҳаво то 47 дараҷа гарм шуда, рекорди 78 сол пеш такрор гардид. Хокбориши давомдор дар шаҳри Душанбе, умуман водии Ҳисор, баъди боронҳое, ки 5-6 -уми июл бориданд, рафъ шуд.
Дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки иқлимаш нисбатан салқинтар аст, моҳи июни соли равон ҳарорати ҳаво ба 36-38 дараҷа расид. Моҳи сипаришуда чандин маротиба дар фазои шаҳри Остона чангу ғубор «ҳукмрон» буд.
Тибқи мушоҳидаҳо, солҳои охир ҳодисаи хокбориш на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар дигар нуқтаҳои ҷаҳон низ зиёд шудааст. Масалан, дар Мавритания солҳои шастуми асри гузашта хокбориш соле ҳамагӣ аз 2 то 10 маротиба ба қайд гирифта мешуд. Чанд соли охир ин нишондиҳанда солона ба 80 адад расид.
Хокбориш дар натиҷаи аз меъёр зиёд хушкшавии қабати болоии замин (хок) ва дар натиҷаи таъсири бод ба фазо бархостани гарду ғубори зиёд рӯй медиҳад. Баландии қабати тӯфони чангу хок аз даҳҳо метр то ба 1600 метр расида, дар баъзе ҳолатҳо ба парвозу фурудойии ҳавопаймоҳо халал мерасонад. Заррачаҳои чангу хоки диаметрашон зиёда аз 10 мкм. (микрон) якчанд соат дар атмосфера монда, сипас таҳшин мешаванд. Заррачаҳои аз 1 мкм. хурд метавонанд то 10 рӯз дар фазо муаллақ монанд. Аз рӯи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1971 дар Тоҷикитсон хокбориш 21 рӯз идома карда буд.
Муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Шамсиддин Солиев иброз намуд, ки тӯфонҳои чангу ғубордор (хокбод) боиси бодхӯрдашавӣ (эрозия)-и замин гашта, ҷараёни биёбоншавиро метезонанд. Дар натиҷа, элементҳои зарурии химиявӣ дар таркиби хок кам мешаванд. Чангу ғубор ба баргу пояи растаниҳо, дарахту зироат нишаста, ба раванди фотосинтез таъсири манфӣ мерасонанд. Махсусан, нашъунамои помидору бодиринг ва боимҷон суст мешавад. Дар ҳавои серчангу ғубор, инчунин яке аз зараррасонҳои зироатҳо ва дарахтони мевадор- тортанаккана зуд афзоиш мекунад. Ягона роҳи таъҷилии наҷоти зироатҳо аз таъсири манфии чангу ғубор боридани борон аст. Дар замини наздиҳавлигӣ шустани баргу буттаи зироат метавонад зарари чангу ғуборро рафъ кунад.
Мудири шуъбаи тавонбахшии Муассисаи давлатии «Маркази бемориҳои дили Ҷумҳурии Тоҷикистон» Шодӣ Райҳонов ёдовар шуд, ки чанг барангезандаи аллергия буда, ба роҳҳои нафас ва пардаи луобии чашм таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, гирифторони бемориҳои чашм, бронхит, диққи нафас (астма), эмфизема ва менингит зуд таъсири ногувори ҳавои ғуборолудро эҳсос мекунанд. Таҳаммули ҳавои серчангу ғубор барои гирифторони бемориҳои дилу рагҳо ва шуш низ мушкил аст. Дар чунин рӯзҳо аз тамокукашӣ қатъиян бояд худдорӣ кард.
- Бо мақсади кам кардани таъсири манфии ҳавои серчангу ғубор беҳтараш дару дирезаҳоро пӯшидан лозим. Дар назди тиреза гузоштани гулу райҳони дар гулдон парваришнамуда ҳавои хонаро тоза ва хомӯшаку пашшаро дур мекунад. Рӯзе якчанд маротиба бо матои намнок пок намудани чануг ғубори хона низ муфид аст. Ҳангоми берун баромадан аз ниқобҳои тиббӣ ва айнакҳои зиддиофтобӣ истифода бояд бурд,- таъкид намуд Шодӣ Райҳонов.
Нигоҳ доштани зарфҳои пуроби болояшон кушода (сатил, тағора) ҳуҷраро аз як тараф салқин нигоҳ дорад, аз тарафи дигар боиси кам шудани чанг мегардад. Дар чунин айём пӯшидани либосҳои пахтагин ба бадан сабукӣ мебахшад. Дар фосилаи ним соат нӯшидани оби тоза, чойи сабз ва ё гиёҳчой (пудина, нозбӯ, чойкаҳак) низ муфид аст. Ҳангоми аз хона берун баромадан бо худ оби тоза ё чойи хунук гирифтан зарур аст, зеро дар ҳавои серчангу ғубор даҳону гулӯ зуд-зуд хушк мешавад.
Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, обуҳавошиносон омадани хокборишро 3-7 рӯз қаблан метавонанд муайян кунанд. Ашхоси осебпазирро зарур аст, ки қаблан барои рафъи зарари ҳавои серчангу ғубор омодагӣ бинанд. Беморони мубталои аллергия, бронхит, диқи нафас, чашм ва бемориҳои дилу рагҳо доруҳои заруриашонро пешакӣ омода намоянд.
Коршиноси масоили экологӣ Ҷамолиддин Яъқубӣ ба ин назар аст, ки яке аз сабабҳои зиёд шудани хокбориш дар миқёси ҷаҳон афзоиши ҳодисаҳои сӯхтори ҷангалҳо мебошад. Олимони иқлимшинос муайян кардаанд, ки аз соли 2003 то 2020 дар ҷаҳон зиёда аз 150 ҳазор сӯхторҳои калони ҷангал рӯй додааст. Дар аксар ҳолатҳо пас аз сӯхтор хокбориш ба амал омада, чангу хокистар ба масофаи садҳо километр паҳн мешавад.
Оё пешгирии хокбориш имкон дорад? Вобаста ба ин Шамсиддин Солиев изҳор намуд, ки яке аз чораҳои муфиди пешгирии ҳодисаҳои хокбориш зиёд кардани масоҳати ҷангалзор, барқароркунии ҷангал ва бунёди камарбандҳои «сабз» мебошад. Дар биёбон кишти саксавул ва алафҳои табииро ба роҳ бояд монд, зеро ҳангоми бо растанӣ пӯшида шудани қабати болои замин ба фаро бархостани заррачаҳои регу хок кам мешавад.
Бо мақсади ҳифзи намнокӣ шинонидани дарахтони ба хушкӣ тобовар муфид аст, зеро анбӯҳи дарахтон аз як тараф соя афканда, ба обшавии босуръати барф монеа эҷод кунанд, аз тарафи дигар пеши шамолҳои сахтро гирифта, монеи бодхӯрдашавии замин мегарданд.
Ҳоло дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба бунёди ҷангалу саксавулзор дар биёбони Аралқум (мавзеи хушкшудаи баҳри Арал) шурӯъ намудаанд. Суръат бахшидани ин иқдом на танҳо боиси кам шудани хокбориш мегардад, балки метавонад обшавии босуръати пиряхҳои Тоҷикистонро, ки яке аз манбаъҳои асосии оби Осиёи Марказӣ мебошад, кам кунад.
Дар ҷумҳурии мо низ талу теппаҳои бегиёҳу урён зиёданд. Хуб мешуд, ки чунин заминҳоро барои бунёди боғу ҷангал ба муддати муайян (20 — 30 сол) бо шарти сабзкорӣ намудан ба ихтиёри соҳибкорон ва ҷамъиятҳои саҳомӣ бидиҳем. Ҳар қадар «дӯстони сабз»-и мо дар гирду атроф зиёд шаванд, ҳамон андоза таъсири манфии чангу ғубор камтар шуда, манзараи кишвар зеботар ва ҳавои диёрамон тозатар мегардад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»