Симои пойтахти Ватани маҳбубамон — шаҳри Душанбе рўз аз рўз зебову дилрабо мешавад. Биноҳои зиёди баландошёнаи маъмуриву истиқоматӣ ба ҳусни пойтахти тоҷикони ҷаҳон ҳусни нав зам кардаанд.
Алалхусус, биноҳои нави истиқоматӣ, ки мутобиқ ба талаботи қоидаҳои меъморию шаҳрсозӣ сохта шудаанд, хотири касро болида мегардонанд. Аз ҳама бештар онҳое хурсандӣ мекунанд, ки дар ин биноҳо соҳиби манзил шуда, бўрёкўбон кардаанд ё дар тараддуди он ҳастанд. Чанде пеш мо тасмим гирифтем дар бораи яке аз ширкатҳои сохтмоние, ки дар бунёди биноҳои истиқоматӣ дар пойтахт саҳми муносиб дорад, маводе таҳия ва нашр намоем. Мудири шуъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Шарофиддин Тағойбеков баъди шунидани матлаби мо чунин гуфт: — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Декор- строй» дар ин бобат аз ҷумлаи беҳтаринҳо ва намунаи ибрат барои дигарон аст.
Аз рўи маслиҳати Шарофиддин Тағойбеков амал карда, ба кўчаи Саид Носирови пойтахт раҳсипор шудам.Дар ин кўча, аниқтараш наздикии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ҶДММ «Декор — строй» ба бунёди биноҳои истиқоматии баландошёна машғул аст.
Директори ҶДММ «Декор- строй» Сафаралӣ Сироҷов маро пешвоз гирифта, ба дафтари кориаш даъват намуд. Хоҳиш кардам, ки сараввал ба яке аз хонаҳои ин бино даромада, бо иҷозати соҳибони хона бо шароити зист ошно шавем.
-Дар ин бинои дувоздаҳошёна, ки бо дастони мўъҷизаофари сохтмончиёни ширкати мо бунёд ёфтааст, ҳамаи хонаҳо фурўхта шуда, соҳибонашон дар онҳо зиндагӣ доранд ва аксарияташон маро мешиносанд ва хоҳишатонро рад намекунанд, — изҳор дошт Сафаралӣ Сироҷов.
Дар ошёнаи чорум тугмаи дари яке аз хонаҳоро пахш кардем. Пиразане дарро ба рўямон боз карда, акаи Сафаралиро дидан замон шинохту моро даъват ба даромадан кард.
Хонаи воридшудаамон сеҳуҷрагӣ буд. Ҳуҷраҳои зист васею барҳаво, ошхонаи он бошад, аз ҳуҷраи зист ҳам калонтар, даҳлез кушоду равшан.
Пиразан моро ба нишастан даъват кард, ба ў миннатдорӣ намудем ва акаи Сафаралӣ мақсади маро ба пиразан фаҳмонид.
- Ман пештар дар гўшаи дигари шаҳр бо фарзандонам зиндагӣ мекардам. Дар як хонаи сеҳуҷрадор бо ду писар ва келинҳову набераҳо вазъи зиндагиамон ногувор буд. Писари калониам дар ин бино хона хариду маро ҳамроҳи ҳамсару фарзандонаш ба ин ҷо овард,- бо хурсандӣ ҳарф мезад пиразан.
- Худатон дидед, ки чӣ гуна ҳуҷраҳои барҳавою калон дорад ин хона. Ошхонааш хеле васеъ аст. Мо, тамоми аҳли хонадон, ҳар субҳу шом ин ҷо ҷамъ мешавем, бароҳат субҳонаю шом мехўрему баъд ҳар нафар паси кораш мешавад. Хусусан ману келинам шом то дер дар ошхона нишаста, рўзи сипаришударо ёд мекунем.
Баракат ёбанд сохтмончиён, ки чунин манзилҳои хуштарҳу бароҳат бунёд кардаанд. Дасташон дардро набинад,- даст ба дуо кушод пиразан.
Бо пиразани хуштолеъ худоҳофизӣ карда, сўи дафтари кори акаи Сафаралӣ равона шудем.
- То замони ба соҳибкорӣ машғул шудан, дар ин донишгоҳ ба донишҷўён сабақ меомўзондам,- ба бинои Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ишора карда, гуфт акаи Сафаралӣ. — Бо иқдом ва дастгириҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкорон роҳи васеъ кушода шуд ва ман низ ба ин кор рўй оварда, соли 2012 ҶДММ «Декор — строй»- ро таъсис додам ва бо ҷамъ овардани мутахассисони соҳаи сохтмон ба бунёди биноҳои истиқоматии баландошёна машғул шудем. Биное, ки ҳоло мо аз он дидан кардем, бинои чорум аст, ки ширкати мо бунёд кардааст ва чуноне мушоҳида кардед, дар паҳлуи он мо бунёди ду бинои дигари истиқоматии дувоздаҳошёнаро идома дода истодаем.
Қабл аз ворид шудан ба дафтари кории акаи Сафаралӣ мо ба назди сохтмончиён, ки машғули хиштчинӣ дар ошёнаи сеюм буданд, баромада, бо онҳо ҳамсуҳбат шудем.
- Мо аз кори худ розӣ ҳастем, маошамонро сари вақт мегирем. Ширкат моро бо хўроки гарм ҳам таъмин мекунад. Солҳои пеш ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтем ва аксар вақт кори дуруст пайдо намекардем. Инак, беш аз ду сол аст, ки ба муҳоҷират рафтанро бас карда, дар ин ширкати сохтмонӣ фаъолият менамоям, — изҳор дошт Алишер ном ҷавон ба намояндагӣ аз ҳамкасбонаш.
Дафтари кории директори ҶДММ «Декор-строй» Сафаралӣ Сироҷов дар вагонхона ҷойгир аст. Ў рамуз гирифтани маро фаҳмид магар ки гуфт:
- Ман кўшиш мекунам ҳамеша назди иншооти сохташаванда бошам, то ин ки тавонам ҳар вақте хоҳам аз ҷараёни сохтмон, аз ҳоли мутахассисону коргарон огаҳ бошам. Масъалаҳои бамиёномадаро сари вақт баррасиву роҷеъ ба онҳо қарорҳо қабул кунам.
Аз суҳбати чандлаҳзаина аён гардид, ки ҶДММ «Декор- строй» соҳиби карйери худӣ буда, сангу шағал ва қуми сохтмониро аз он ҷо ба даст меорад. Заводи истеҳсоли бетон низ дорад ва аз ин ҷо бетони шўридашуда тавассути нақлиёти махсуси ширкат ба мавзеъҳои сохтмон расонида мешавад.
Ҳангоми бетонхобонии таҳдоби бино ва бунёди сутунҳои бетонии ошёнаҳои он то 80 нафар коргарон ҷалб шуда, корро хушсифат анҷом медиҳанд. Баъд беш аз 60 нафар хиштчинҳо ба кор шурўъ карда, дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд онро ба сомон мерасонанд. Ба корҳои пардозгарии дохили ҳуҷраҳо низ мутахассисони болаёқат ҷалб мешаванд ва аз сифати кори онҳо ҳам роҳбари ширкат ва ҳам онҳое, ки дар ин биноҳо соҳиби хона шудаанд, изҳори қаноатмандӣ мекунанд.
- Мо ба ороиши дохили ҳуҷраҳо ва намои умумии бино диққати махсус медиҳем. Биноҳои истиқоматии аз нуҳ то сенздаҳошёнае, ки бунёд мекунем, бо намои хеш, бо шароити дохили хонаҳо ба талабот ҷавобгўй мебошанд. Оилаҳои тоҷик серфарзанданд. Ин ҷиҳати масъаларо низ мо ба назар мегирем ва дар хонаҳои серҳуҷрадор теъдоди ҷойҳои дастшўӣ ва ҳоҷатхонаро дутоӣ ба ҳисоб гирифтаем,- изҳор медорад Сафаралӣ Сироҷов ва меафзояд:
-Тибқи талаби роҳбарияти шаҳр, ҳоло дар назди ҳамаи биноҳои бунёдшавандаи истиқоматӣ майдончаҳо барои бозиҳои кўдакон, дар ошёнаҳои зеризаминии бино ҷой барои таваққуфи нақлиёт ва дар ошёнаҳои аввал марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ба нақша гирифта мешаванд. Мо ҳамаи инро ба инобат мегирем. Дар бинои истиқоматии баландошёнаи воқеъ дар хиёбони Рўдакӣ 171, ки бунёдашро анҷом додем ва корҳои пардозгарии дохили хонаҳо ва намои бино низ ба охир расидаанд, ин ҳама талабот бештар аз ҳама мадди назар гирифта шудааст. Бинои мазкур рўзҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад.
Шоистаи зикр аст, ки мо барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷудо кардани қитъаи алоҳидаи заминро хоҳиш намекунем, балки бо сокинони биноҳои дуошёна, ки аз бунёди онҳо панҷоҳ- шаст сол сипарӣ шуда, аксарашон дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, шартнома баста, дар ҷойи ин гуна биноҳо бинои нав месозем. Ба ин тариқ, ҳам сокинони биноҳои куҳна дар биноҳои нав соҳиби манзилҳои истиқоматии васею барҳаво мешаванду ҳам одамони зиёди дигар, — гуфт дар фарҷом ҳамсуҳбатам.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»