«Самара»-и таълими ғайриқонунии динӣ чӣ гуна аст?

№83-84 (4503-4504) 08.07.2022

95 дарсади аъзои ташкилотҳои террористию экстремистӣ таълимгирандагони ҳамин гуна «мактаб»-ҳо мебошанд

Дар фарҷоми соли гузашта мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат ибтикореро амалӣ намуд, ки ба пешгирии зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ рабт дошта, ҳамчунин, насли наврасро аз тамоюли хурофотӣ ва ғайриилмӣ гирифтани ҷаҳонбиниашон эмин медорад.

 Манзур таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки дар онҳо ҷавобгарӣ барои таълими ғайриқонунии динӣ меҳвар аст.

 Дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав — 334 ишораи 1 «Ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ» ворид гардид, ки ба чунин мазмун ифода ёфтааст: «Ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда (баробар ба 48000 то 72000 сомонӣ) барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб­ҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин муҳлат ё бидуни он ҷазо дода мешавад».

 Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба қисми 5 моддаи 161 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятиро танзим намудааст, пас аз рақамҳои «298-313,» рақами «334» ишораи 1 илова гардид, ки минбаъд тафтиши пешакии парванда оид ба ҷинояти дар моддаи 334 ишораи 1 (ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, аз тарафи муфаттишони мақомоти амнияти миллӣ гузаронида мешавад.

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷузъи ин раванд ба ҳисоб рафта, бо мақсади такмили ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ мавриди амал қарор гирифт.

 Тибқи муқаррароти он, дар моддаи 474 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҷарима мутаносибан баланд бардошта шуда, моддаи 474 ишораи 2 бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои машғул шудан ба таълими ғайриқонунии динӣ дар таҳрири нав пешбинӣ гардидааст.

 Мутаассифона, шарҳу тавзеҳи ин санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ нагардида, дар натиҷа, аксарият оид ба муҳтаво ва ҳадафи қонунҳои мавриди назар маълумоти кофӣ надоранд.

 Дар натиҷа, ин зуҳуроти номатлуб пурра аз байн нарафта, ҳоло низ баъзе аз волидон ба он аз паси панҷа менигаранд. Моҳиятан онҳое, ки чунин тарзи таълимро роҳандозӣ намудаанд, дар замони «ҳафт шаҳри ишқро гаштани Аттор, моро андар хами як кӯча қарор доданианд». Зеро пайомадҳои ногувори ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб шудани насли наврас бениҳоят зиёд буда, боиси таассуф аст, ки қисмати аъзами мардум онҳоро намедонанд.

 Дар навбати аввал, тамоюли хурофотӣ ва ғайриилмӣ гирифтани ҷаҳонбинии насли наврас боиси аз дастовардҳои илму техника, омӯзиши фанҳои дақиқ ва умуман, рушду тараққиёт қафо мондани ҷомеа мешавад.

 Аз ҳама ташвишовар он аст, ки яке аз омилҳои пайдошавии зуҳуроти номатлуби экстремистию террористӣ маҳз гирифтани таълими ғайриқонунии динӣ мебошад. Бинобар ин, мақсади асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ ва дар ин зимн пешгирии ҷиноятҳои зикршуда аст.

 Чанд омил ҳаст, ки онҳоро мадди назар доштани падару модарон заруру ногузир мебошад. Аввал, натиҷаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ собит намуд, ки 90 — 95 фоизи аъзои ташкилотҳои террористию экстремистӣ таълимгирандагони мактабҳои ғайриқонунии динӣ мебошанд.

 Сониян, раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ буда, асосан дар манзили зисти рӯҳониёни иртиҷоӣ ба роҳ монда мешавад.

Ахиран, масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз он нигаронанд, ки тамоюли ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудани насли наврас то ҳол ҳамчун ангезаи таҳрикдиҳандаи болоравии сатҳи таассубу хурофот, радикализми динӣ ва моилсозии ҷавонон ба сафи гурӯҳу созмонҳои террористию экстремистӣ боқӣ мондааст.

 Аз далелҳои мавҷуда, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод намуданд, бармеояд, ки солҳои 2019-2021 дар кишвар қариб 2000 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва пешгирӣ шудааст. Дар робита ба ин, нисбат ба 33 нафар падару модаре, ки фарзандонашонро барои гирифтани таълими ғайриқонунии динӣ сафарбар карда, барои рафтан ба мактаб монеа эҷод кардаанд, бо моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд.

 Боиси нигаронист, ки аз таълимдиҳандагони ғайриқонунии динии муайяншуда 13 нафар хатмкардаи муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ мебошанд.

 Ба ҳама қишри ҷомеа дастрас гардидани технологияҳои иттилоотӣ, дар баробари ҷанбаҳои мусбат, ҷиҳатҳои манфӣ низ дорад. Барои мисол, дар интернет фаъол гардидани таълими ғайриқонунии динӣ низ тамоюли афзоишро касб намуда, дастандаркорони баъзе аз саҳифаву гурӯҳҳои фейсбукӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба хотири зиёд намудани шумораи аъзо ва бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба таълими ғайриқонунии динӣ майл доранд. Нигаронкунанда он аст, ки бинобар берун аз назорат будани фазои таълими динӣ дар интернет, ба ин восита таълими мазҳабу равияҳои гуногуни барои муҳити динии Тоҷикис­тон ғайрианъанавӣ, аз ҷумла равияҳои салафия, низ таблиғ мешавад.

 Омори баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар самти таълими ғайриқонунии динӣ далели бебаҳси ташвишовар будани вазъ дар ин самт мебошад. Чунончи, аз ҷониби мақомоти ваколатдор соли 2017-ум 29 парванда, соли 2018 — 43, соли 2019 — 102, соли 2020 — 208 ва соли гузашта қариб 284 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Масъулини Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ эътироф карда буданд, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва риоя нагардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт афзуда, шахсони тасодуфӣ ба таълими динии ғайрирасмӣ машғул шуда истодаанд, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои диниро эътироф намекунанд.

 Табиист, ки ин ҳолат ба солимии равонӣ ва тарбияи кӯдакону наврасон таъсири манфӣ гузошта, ба густариши ақидаҳои тунд­гароёнаю ифротӣ дар байни онҳо замина мегузорад. Биноан, иқдоми фавқ муҳиму саривақтӣ буда, имкон фароҳам омад, ки баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо заминаи қонунӣ мукаммал гардад.

 Бо дарназардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир метавон хулоса кард, ки зиёд гардидани таъсири ҳизбу созмонҳои динӣ, ки таълими ғайриқонунии динӣ дар аксар ҳолат аз омили мазкур маншаъ мегирад, дар дилхоҳ ҷомеа боиси ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани мамлакат, нобасомониҳои сиёсӣ, фалаҷ гардидани рукнҳои давлатдорӣ мегардад. Рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир, ки шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо, дар шакли нав пайдо шудани гурӯҳҳои ифротӣ ва зуҳуроти номатлуб аз ҷузъҳои он мебошанд, далели возеҳи ин гуфтаҳоянд.

 Идома ва густариш ёфтани таълими ғайриқонунии динӣ, ки аз хурофот, ҷоҳталабӣ, нотавонбинӣ, бегонапарастӣ ва ғайра таркиб ёфтааст, танҳо ба зарари мардуми мост.

 Ҳамватанонамон бояд дарк намоянд, ки ҳамкории самарабахши давлат ва иттиҳодияҳои динӣ унсури муҳими таъмини субот ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад. Вале ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки имкониятҳои фароҳамшуда суиистифода шуда, дар ин замина таассуб, хурофот ва ифротгаройӣ ривоҷ ёбад.

 Мавриди амал қарор гирифтани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» идомаи мантиқии тадбирандешии сохторҳои марбута вобаста ба масъалаи мазкур маҳсуб шуда, шаҳрвандонро мебояд дар иҷрои муқаррароти онҳо бетафовуту бетараф набошанд.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»