Саноат кафили рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар

№ 04.06.2022

 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арзёбӣ намудани масъалаҳои стратегии рушди иқтисодию иҷтимоии  кишвар 31 майи соли 2022 таҳти унвони «Такмили истеҳсолоти саноатии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбати гирди миз баргузор намуд.

   Дар ҳамоиши мазкур ҷанбаҳои назарявию методии саноатикунонии босуръат, самтҳои асосии он, заминаи техникӣ- иқтидори индустралию инноватсионии минтақаҳои мамлакат ва густариши робитаҳои иқтисодии беруна  дар самти ҷалби технологияи замонавӣ ба иқтисодиёт баррасӣ гардиданд.

 Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ Имомназари Каримиён, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии МТС – и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд. Номбурда зикр кард, ки ҳоло бо мақсади амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар  Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  давраи то соли 2030 барномаҳои соҳавии марбут ба рушди мошинасозӣ, металургияи ранга ва сиёҳ, саноати сабук, кирмакпарварӣ ва коркарди пилла  то давраи соли 2025 мавриди амал қарор дорад. Дар ин замина рушди саноат дар вилояти Суғд 131, 3 дарсад таъмин гардид. Ин нишондод дар вилояи Хатлон -  111,4 ва НТҶ – 119 дарсадро ташкил медиҳад.

  Ихтиёр Ашӯров, доктори илмҳои иқтисод, коршиноси Раёсати  тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии МТС дар мавзӯи «Саноатикунонии босуръат:  масъалаҳо ва роҳҳои ҳалли он» баромад карда, саноатро кафили рушди иқтисодию иҷтимоии  кишвар арзёбӣ кард. Ӯ қайд намуд, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2021 ба 38 миллиарду 826 миллион сомонӣ расида, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба ҳар нафар нисбат ба соли 2007 чор — панҷ маротиба афзудааст. Зикр шуд, ки дар тӯли Истиқлолияти давлатӣ 39 консепсияю  25 стратегияи миллӣ ва 107 барнома дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт – энергетика ва саноат  қабул шуд. Соли 2021 аз 2386 корхона 1974 корхона пурра фаъолият карда, 90 корхона  бо сабабҳои гуногун фаъолият надоштанд.

    Сардори Раёсати саноати сабук  ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Малика Ёрбобоева дар маърӯзааш «Такмили истеҳсолоти сабук дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз он ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ солҳои 2022 – 2026 дар кишвар панҷсолаи рушди саноат эълон кардаанд. Пештар саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Дар робита ба ин, вусъат бахшидани мавқеи корхонаҳо дар самти истеҳсолкунандаи  маҳсулоти  ниҳоӣ истифодаи иқтидорҳои  коркарди  саноатии  маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷалби захираҳои меҳнатӣ ба истеҳсолот чун  омилҳои муҳим арзёби гардид.

 Дар қисмати муҳокимавии ҳамоиш, қайд гардид, ки он дар баъзе маврид пешниҳодоте, ки баҳри пешбурди соҳаи саноат ироа мешаванд, аз тарафи масъулин ба назар гирифта намешавад. Ҳамоҳангии илму истеҳсолот нест. Сардори Департаменти корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Вазорати саноат ва технологияҳои нав Абдулло Муҳаммадиев аз он нигаронӣ кард, ки мо корхонаҳои коркарди ниҳоӣ надорем, муҳандис – технолог нест, панҷ донишгоҳ мутахассис омода мекунад, вале онҳо касбияташон ҷавобгӯи талабот намебошад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»