27-уми октябри соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳи асосии таъмини рушди устувор» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони ватанӣ ва журналистон ширкат варзиданд.
Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ директори марказ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки саноатикунонии босуръати мамлакат омили муҳими ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ буда, дар маҷмӯъ, гузаштан аз кишвари аграрӣ – саноатӣ ба кишвари саноатӣ – аграрӣ мебошад. Соҳаи мазкур тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, рушди он баҳри пешрафти бахшҳои дигар заминаи мусоид фароҳам менамояд.
Маърӯзачиён мавзӯъҳои «Саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳҳои асосии таъмини рушди устувор», «Нақши технологияи иттилоотӣ дар рушди соҳаи саноати кишвар», «Ҳуҷҷатҳои стратегӣ, консепсия ва барномаҳои амалкунандаи соҳаи саноат ва натиҷаҳои татбиқи онҳо», «Саҳми соҳаи кишоварзӣ дар таъмини корхонаҳои коркард ва ашёи хоми ватанӣ» ва «Нақши комплекси энергетикии кишвар дар рушди соҳаи саноат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ» — ро шарҳ дода, аз он нигаронӣ карданд, ки баъзе корхонаҳо аз рӯзи хусусӣ гардиданашон, то ҳол ба кор оғоз накарданд. Пас мақсад аз хусусигардонӣ чист? — суол гузоштанд ҳозирин.
- Набудани нуқтаҳои қабули пӯсту пашм, маҳдуд будани дастрасии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қарз, сари вақт содирот накардани маҳсулоти кишоварзӣ мушкилоте мебошанд, ки саноатчиён ва кишоварзонро нигарон кардааст, — иброз намуд сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегӣ Имомназари Каримиён.
Роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов хеле бамаврид зикр кард, ки мақсад аз баргузории конференсияҳои илмӣ – амалӣ баёни андеша, ироаи пешниҳод, хулосабарорӣ ва тасмимгирист, на пешниҳоди ҳисоботи соҳа. Таваҷҷуҳи асосӣ дар конференсия ба он бояд зоҳир мешуд, ки чӣ кори назаррас кардем. — Умед дорем дар оянда маърӯзачиён мақсади баргузории конференсияро дарк мекунанд, — афзуд номбурда.
Воқеан, маърӯзаҳо бо истилоҳ забонзада буданд, онҳоро қаблан дар ҳамин макон зимни баргузории ҳамоиши дигар шунида будем.
Х. МИРЗОЕВ,
«Садои мардум»