Саноатикунонии босуръати мамлакат, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карданд, барои кишвар масъалаи мубраму зарурист. Зеро рушди босубот ва инноватсионии саноат, афзунгардонӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва дар асоси он ҳал кардани вазифаҳои иҷтимоии давлат, гузариш аз тавлиди ашёи хом ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, фароҳам овардани шароити баробар ва рақобатпазирӣ ба субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоте, ки ҳиссаи калони арзиши изофа дорад ва истифодаи самараноки иқтидорҳои биоиқлимии кишвар, захираҳои гидроэнергетикӣ ва сарчашмаҳои алтернативии энергия аз ҷанбаҳои мусбати ин иқдом ба ҳисоб мераванд.
Табиист, ки барои вусъат бахшидани ин раванд фароҳам будани заминаи мукаммали ҳуқуқӣ муҳим аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» таҳрикбахши рушди соҳа маҳсуб шуда, истифода шудани ибораи «сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» дар номи қонун далели муҳимият ва мавқеи калидӣ доштани он аст. Ба таври дигар гӯем, сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат маҷмӯи чораҳои таъсиррасонии давлатиро ба фаъолият дар соҳаи саноат, ки ба рушди мутаносиб ва устувори иқтидорҳои саноатӣ, таъмини пешрафти истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир ва ғанигардонии бозори истеъмолӣ равона шудаанд, дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки рушди бахши хусусӣ, махсусан беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, самти афзалиятноки сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад тадбирҳои зиёд амалӣ шудаанд. Масалан, бо мақсади роиҷ будани равобити мустақим миёни давлат ва бахши хусусӣ ва тавассути он гузаронидани ислоҳоти зарурӣ, барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар сатҳи олӣ таъсис дода шудааст, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусии ватаниву хориҷӣ ва шарикони рушд шомил мебошанд.
Шоҳиди ҳол ҳастем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии истеҳсолкунандагон корҳои зиёдро амалӣ намуда, дар ин замина, ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ афзалият ба маҳсулоти саноатии ватанӣ, маҳсулотсупорандагон ва пудратчиёни ватанӣ дар соҳаи саноат дода мешавад.
Ба ғайр аз ин, таваҷҷуҳи хоса ба маҳсулоти саноатии ватанӣ, маҳсулотсупорандагон ва пудратчиёни ватанӣ дар соҳаи саноат дар мавриди мувофиқати он ба шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ низ зоҳир мешавад.
Бахтовар ДАВЛАТОВ,
устоди Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон