Сатҳи пасти хизматрасонии нақлиёт ва тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар пойтахт барои воситаҳои ахбори омма мавзӯи нав набуду нест. Доир ба ин масъала журналистони зиёд, аз ҷумла банда борҳо матлаб навиштаем. Вале ин масъалагузориҳо натиҷаҳои дилхоҳ ба бор наоварданду мушкилот ҳамон асту ҳамон.
Шояд мушкил дар он буд, ки мо журналистон аз ифшои пурраи камбудиҳо ва бо далелҳои муътамад ба хотири мубораки масъулин расонидани онҳо худдорӣ намуда, умумигӯйӣ мекардем. Биноан, ин навбат тасмим гирифтем, ки дар заминаи далелу арқоми асоснок, ки маҳсули тадқиқоти журналистӣ ва мушоҳидаҳо мебошанд, камбудиҳои соҳаро барои масъулин бозгӯйӣ намоем, то пайи ҳалли онҳо, ки вазифаи ҷонӣ ва рисолати роҳбариашон маҳсуб мешавад, иқдом намоянд.
Бегуфтугӯ, фаъолияти муназзами нақлиёти мусофиркаш дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии дилхоҳ шаҳр яке аз омилҳои асосӣ маҳсуб ёфта, аз ин раванд ҳалли масоили иқтисодиву иҷтимоӣ вобастагии қавӣ дорад. Таҳлилҳо далели онанд, ки сарфи назар аз бамаротиб зиёд гардидани нақлиёти давлатӣ ва шахсии мусофиркаш, талабот ба хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш тамоюли афзоишро касб мекунад.
Тибқи маълумот зиёда аз 53 фоизи ҳаҷми мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе ба дӯши корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатӣ, 47 фоизи боқӣ ба корхонаҳои нақлиётии хусусӣ рост меояд. Айни замон дар шаҳри Душанбе корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатӣ ва ҷамъяитҳои нақлиётии хусусӣ, ки дар асоси шартнома бо МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» фаъолият мекунанд, дар 90 хатсайр ба мусофирон хизмат мерасонанд. Умуман, дар шаҳри Душанбе аз рӯи ҳисоботи мавҷудаи расмӣ ҳар сол зиёда аз 160 млн. мусофир кашонида мешавад. Мутаассифона, ҳангоми ташкили хатсайрҳо аз тарафи масъулин на ҳама вақт эҳтиёҷоти ҳақиқии сокинони шаҳр ва имкониятҳои инфрасохтори роҳҳо пурра ба назар гирифта мешавад. Яке аз омилҳои паст рафтани сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбари истифодаи умум дар пойтахти кишвар ин номукаммал будани нақшаи хатсайрҳо мебошад, ки он боиси боло рафтани хароҷоти соҳибони нақлиёт барои кашонидани мусофир, зиёд гаштани талабот ба шумораи воситаҳои нақлиёт ва инчунин, хароҷоти бештари мусофирон низ мегардад.
Имрӯз зарур аст, ки бо мақсади муайян намудани миқдори аслии мусофирон дар ҳама самт ва мукаммал гардонидани нақшаи хатсайрҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе, кам кардани такроршавии хатсайрҳо, муайян намудани талабот ба миқдор ва намуди воситаҳои нақлиёт дар ҳар як хатсайр бо ҷалби мутахассисон корҳои тадқиқотӣ гузаронида шавад.
Мушоҳида намудем, ки бинобар дар мувозинаи худ надоштани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ба талаботи шаҳр ҷавобгӯй, набудани базаҳои технологӣ, истгоҳҳои мутамарказонидашуда ва ба талабот ҷавобгӯйи нигоҳдории воситаҳои нақлиёт, хадамоти диспетчерӣ ва назоратии фаъолияти воситаҳои нақлиёт, утоқҳои таҷҳизонидашудаи кории кормандони тиббӣ, ки вазъи саломатии ронандагонро пеш аз баромадан ба хатсайр ва баъд аз он назорат мекунанд, нуқтаҳои махсуси назорати техникии воситаҳои нақлиёт, ки ҳолати техникии воситаҳои нақлиётро пеш аз баромадан ба хатсайр ва пас аз баргаштан ташхис мекунанд, сохтори номукаммали воҳидҳои кории идоракунӣ ва набудани мутахассисони баландихтисос ҷамъиятҳои нақлиётӣ қодир нестанд, ки хизматрасониро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба роҳ монанд. Ҳамрадиф бо ин камбудиҳо, як қисми ҷамъиятҳои нақлиётӣ шарту талаботи иҷозатномадиҳиро, аз ҷумла «риояи ҳудуди вобасташуда ва меъёри ғунҷоиш», «мувофиқати ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақли воситаи нақлиёт ва ронанда», «экипировкаи мувофиқаткунанда, «гузаронидани муоинаи ҳаррӯзаи техникии воситаҳои нақлиёт ва муоинаи тиббии ронанда», «одоби либоспӯшӣ», «мутобиқати базаи моддӣ — техникӣ», «фароҳам овардани шароити мусоид ва муомилаи хуб бо мусофирон», инчунин риояи «нархи роҳкиро» — ро дағалона вайрон мекунанд.
Гуфтан бамаврид аст, ки аз ҷониби сохторҳои марбута, аз ҷумла кормандони Хадамоти назорати давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳангоми санҷиши фаъолияти ҷамъиятҳои нақлиётӣ барои риоя накардани шарту талаботи иҷозатнома, баъд аз огоҳонидан мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсони масъул протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба судҳо ирсол шуданд. Вале ин чорабиниҳо қаноатбахш набуданду нестанд.
Эътироф бояд кард, ки маданияти хизматрасонии нақлиёти мусофирбари пойтахт низ дар сатҳи паст қарор дорад. Муносибати дағалонаи ронандагон бо мусофирон, аз тарафи онҳо риоя нагаштани шарту талаботи мавҷуда имрӯз ҳамаро ба ташвиш овардааст. Дар ин радиф риоя нагаштани реҷа ва тартиби ҳаракати нақлиёт, худсарона иваз намудани хатсайрҳо аз тарафи ронандагон, то ба охири хатсайр нарафтани воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва иҷро накардани тарифҳои ҳамлу нақл боиси норозигии ҷиддии сокинон ва арзу шикояти онҳо гаштааст. Мутаассифона, аз тарафи мутасаддиён оид ба рафъи ин мушилот ягон чораҷӯии таъсирбахш амалӣ нашуда, назорати зарурӣ бурда намешавад.
Аз ин нуктаи назар, ба хотири бартараф намудани камбудиву норасоиҳои соҳа, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми пойтахт татбиқи як силсила иқдомот, ба мисли муайян намудани миқдори аслии ҳаракати мусофирон дар ҳама самт ва мукаммал гардонидани нақшаи хатсайрҳо, кам кардани такроршавии хатсайрҳо, муайян намудани талабот ба миқдор ва намуди воситаҳои нақлиёт дар ҳар як хатсайр, дар аввалу охири хатсайрҳо гузоштани нуқтаҳои танзими ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй ва бо таҷҳизоти муосир (компютер, воситаи алоқа ва ғайра) таъмин намудани онҳо, бо маълумоти лозима, аз қабили реҷаи ҳаракати нақлиёт, аз нав дида баромадани тарифҳои ҳамлу нақли мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе ва қабул намудани тарифҳои ягона барои категорияҳои алоҳидаи нақлиёти мусофирбар муҳиму саривақтӣ ва заруру ногузир аст.
Ёдовар мешавем, ки 28 марти соли равон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе зимни баргузории ҷаласа аз фаъолияти хатсайрҳои ғайриқонунӣ ва таваққуфи стихиявии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар назди истгоҳу гузаргоҳҳои зеризаминии серодам изҳори нигаронӣ карда, фаъолияти анҷомдодаи муовини соҳавиаш, Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанберо ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, барои ислоҳи вазъ ба масъулин як моҳ муҳлат дод. Шояд ин навбат вазъият дар ин самт беҳбудӣ ёбад. Шояд…
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»