Деҳоти «Пахтаобод» аз маркази шаҳри Турсунзода тақрибан 13-14 километр дур мебошад. Мутаассифона, дар он мушкилоте мавҷуданд, ки бо гузашти солҳо ҳал нагардидаанд. Барои имсол, роҳи мошингарди маркази деҳот дар ҳолати ногувор қарор ва ба таъмир ниёз дорад.
- Солҳост, ки тавассути роҳи деҳоти «Пахтаобод» рафтуо мекунам. Чуқуриҳо дар он зиёд шудаанд. Ҳангоми рондани сабукрав аз якеаш «мегурезӣ», ҳатман ба дигараш бармехӯрӣ, — гуфт ронанда Ҷӯрабек Аминов.
Раиси ҷамоати деҳот Умеда Неъматуллоева низ иброз дошт, ки воқеан, роҳи назди идораи ҷамоат нигаронкунанда аст. Барои тармими лӯлаи кафида ба идораи дахлдор муроҷиат кардем. Рӯзҳои наздик нуқс бартараф мешавад. Дар бобати таъмири роҳ бошад, ҳоло аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағ ҷудо нашудааст. Ният дорем, бо кумаки соҳибкорон ва дигар сокинони деҳа онро таъмир созем. Роҳҳои байни деҳа низ аҳволи бад доранд. Мардуми деҳот ба қадри тавон дар роҳсозию дигар ободкориҳо саҳм гузошта истодаанд.
Беморхонаи №2 — и шаҳри Турсунзода низ дар деҳоти мазкур воқеъ аст. Муовини сардухтури беморхона Ҷӯрабек Забиров иброз намуд, ки муассиса дорои 120 кати хоб буда, ба 108 ҳазор нафар аҳолӣ хизмати тиббию санитарӣ мерасонад. Ба гуфти ӯ, 90 фоизи беморхона таъмири рӯякӣ шудааст. Аммо ҳангоми боздид аз муассиса маълум шуд, ки масъулон қисмати чашмраси беморхонаро рангубор карда, вале иншооти ёрирасон, ба вижа ошхонаи онро фаромӯш кардаанд. Маконе, ки ҳар рӯз дар он барои 35 — 40 нафар бемор хӯрок омода мешавад, дар ҳолати ҳузнангез қарор дорад. Иморати зикршуда, ки баробари дигар биноҳои беморхона даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шудааст, маълум нест, бори охир кай рӯи таъмирро дидааст. Куҳнагию фарсудагӣ онро чунон фаро гирифта, ки дар рӯяш аз ранг осор намондааст. Ҳатто атрофашро аз хасу хошоки хушкшуда тоза накардаанд. Дохилаш низ ба шароити замона мувофиқ набуда, таҷҳизоти хӯрокпазиаш мероси даврони шӯравӣ мебошанд.
- Корҳои ободонии беморхона аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ роҳандозӣ мешаванд. Тайи солҳои охир аз буҷети шаҳр дар ин самт маблағ ҷудо намегардад. Барои аз таъмири ҷорӣ баровардани ошхона ҳоло шароити молиявӣ надорем, — мегӯяд сардухтури беморхона Зоир Ибодуллоев.
Ёқуби СОДИҚ,
«Садои мардум»