Ба «САДОИ МАРДУМ» ҷавоб омад

Шаҳри Турсунзода – макони таваҷҷуҳбарангез барои сайёҳон

№ 13.02.2023

Айни замон дар шаҳри Турсунзода панҷ ширкати сайёҳӣ дар 12 хатсайри сайёҳӣ фаъолият доранд.

Бино ба иттилои масъули самти сайёҳии назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Шерзод Зиёдуллоев, ташрифи ҷаҳонгардони дохилию хориҷӣ сол ба сол тамоюли афзоишро касб кардааст. Соли 2022 мутасаддиёни самти туризми шаҳр 17 ҳазору 311 сайёҳро пазируфтанд, ки аз ин шумора 765 нафарро ҷаҳонгардони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Сайёҳон бештар аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Арабистони Саудӣ, Беларус, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо омаданд.

Таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро Осорхонаи ­Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик», Хона — музейи устод Мирзо Турсунзода, истироҳатгоҳҳои «Куран»-у ­«Ширкент», Осорхонаи марказии шаҳр ва ёдгориҳои таърихии «Хоҷа Нақширон» ва «Офоқхоҷа» ҷалб мекунанд, — иброз дошт Ш. Зиёдуллоев.

Сайидо НАЗАРОВ,

 «Садои мардум»