Кишоварзони ноҳияи Шаҳристон соли равон дар 1348 гектар картошка кишт карданд, ки нисбат ба як соли пеш 148 гектар зиёд аст. То якуми октябр дар секторҳои давлатӣ 24 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст, ки 82 дарсади нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Хуршед Раҳимбердиев дар ин робита чунин иттилоъ дод:
- Дар ноҳия 13 кооперативи истеҳсолӣ ва 2338 хоҷагии инфиродӣ амал мекунанд. Ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои инфиродӣ низ авҷ гирифтааст. Бино ба гуфти сардори шуъбаи омори ноҳия Толибҷон Каримқулзода, дар сектори хусусӣ 4 ҳазору 448 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст, ки дар қиёс ба соли гузашта 1000 тонна зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, ҳосили ҷамъоваришуда назар ба соли қаблӣ 8 ҳазор тонна зиёд аст.
Ба андешаи ӯ, фаровонҳосилии имсола боис ба пастравии нархи маҳсулот ва пур гардидани бозори шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд, Душанбеву Гулистон, Бӯстону Истиқлол гардидааст.
- Соли гузашта нархи яклухти маҳсулот 2 — 2,5 сомониро ташкил медод, — гуфт зимни суҳбат деҳқони собиқадор Худойқул Ҷӯраев. — Имсол 1 сомонию 60 дирам аст.
- Дар ситоди ноҳиявӣ ҷараёни ҷамъоварии картошкаро ҳар рӯз мавриди таҳлил қарор медиҳем. Ният дорем, ки то 1 ноябр нақшаи истеҳсоли картошкаро иҷро кунем, — гуфт раиси ноҳия Ашӯралӣ Ҷалилзода.
М. МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»