Мусоҳиба бо сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода
- Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба интиқол ва қабули қувваи кор бо кадом кишварҳо созишнома ба имзо расонидааст?
- Муҳоҷират равандест, ки омилҳои доимӣ, мавсимӣ ва ғайричашмдошт ба он таъсиррасонанд. Махсусан, таҷрибаи ду соли охир – давраи паҳншавии пандемияи COVID-19 нишон дод, ки муҳоҷирони меҳнатӣ қишри осебпазири ҷомеа буда, зарурати гуногунсамтсозӣ (диверсификатсия)-и он пеш омадааст. Айни замон бештари муҳоҷирони кории тоҷик ба Россия сафар мекунанд. Сабаби интихоби ин кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ пайванди таърихӣ доштани кишварҳо, донистани забон, фарҳанг, расму оин ва сатҳи талаботи бозори меҳнати ин кишвар мебошад. Новобаста ба ин, дар раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт гуногунсамтсозии муҳоҷират яке аз ҳадафҳои афзалиятнок дар соҳаи танзими равандҳои муҳоҷират боқӣ мемонад.
Айни замон, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия созишномаҳо дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16 октябри соли 2004), дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия (аз 8 феврали соли 2013), оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия (аз 17 апрели соли 2019), байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус Созишнома оид ба фаъолияти муваққатии меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 октябри соли 2011), Созишнома оид ба ҳамкории дутарафа байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Беларус (аз 23 апрели соли 2004), байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон Созишнома дар бораи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 4 майи соли 2006), Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва Созишнома дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 14 марти соли 2018), байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон Созишнома дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии коргарони муҳоҷир (аз 6 майи соли 1998), байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар Созишнома оид ба танзими қувваи корӣ (аз 3 феврали соли 2019), Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти ҷалби қувваи корӣ (аз 16 апрели соли 2018), Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи дӯстии Корея — Осиёи Марказӣ (аз 18 апрели соли 2017), Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои меҳнатӣ (аз 31 августи соли 2017), Созишнома байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ (аз 20 июни соли 2016), Созишнома дар бораи ҳамкории тарафайн байни Вазорати меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 11 ноябри соли 2002), Созишнома дар бораи ҳамкории тарафайн байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва шуғли Ҳукумати Ҳиндустон (аз 3 сентябри соли 2018) амал мекунанд.
- Интиқоли қувваи кор ба ин кишварҳо чӣ гуна сурат мегирад? Шаҳрвандон метавонанд мустақилона раванд ё онҳо муташаккилона сафарбар мешаванд?
- Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд мустақилона дар дигар давлатҳое, ки бо Тоҷикистон созишнома дар самти танзими қувваи кор надорад, фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дошта бошанд. Сафарбаркунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он кишварҳо ба тариқи муташаккилона бехатар ва муфид аст. Айни ҳол 27 субъекти хоҷагидор дорои иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷират буда, ба интиқол додани қувваи корӣ ба хориҷи кишвар машғул мебошанд. Мутаассифона, фаъолияти ин субъектҳо дар самти ба кор сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобгӯи талабот нест. Аз теъдоди умумии субъектҳои интиқолдиҳанда тайи се моҳи соли равон 13 ширкат 1136 нафарро муташаккилона ба Федератсияи Россия сафарбар намуда, бо ҷои кор таъмин намуд. Ҳамчунин, тавассути ширкатҳои дохилӣ тайи се моҳи соли равон 19 943 нафар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохили кишвар бо кор таъмин карда шуданд. Дар маҷмӯъ, аз аввали сол 21 079 нафар дар дохил ва хориҷи кишвар бо ҷои кор таъмин шуданд, ки ин нишондод нисбат ба соли қаблӣ 6,6 дарсад зиёдтар аст.
- Айни замон чӣ қадар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар кадом кишварҳо қарор доранд?
- Мувофиқи пурсиш, ки ҳар семоҳа аз ҷониби бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешавад, соли 2021 — ум 592 367 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доштанд. Аз шумораи умумии онҳо 94 дарсад дар Федератсияи Россия, 2,1 — Ҷумҳурии Қазоқистон, 0,6 — Украина, 2 — дигар кишварҳои ИДМ ва 1 дарсад дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд.
- Чанде пеш Ёддошти тафоҳум бо мақсади ҷалби шаҳрвандони кишвар барои кор дар Ҷумҳурии Корея ба имзо расид. Дар сурати тасдиқ шудани он аз ҷониби парламенти кишвар сафарбаркунии шаҳрвандон чӣ гуна сурат мегирад?
- Кишварҳое, ки бо депопулятсия ва пиршавии аҳолӣ мувоҷеҳанд, аз паи рушди ҳамкорӣ бо кишварҳое мебошанд, ки қувваи кории ҷавон доранд. Аз ҷониби дигар, барои мо имконест, то муҳоҷиратро гуногунсамт созем. Бо ҳамин мақсад, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми пешбарандаи сиёсат дар ин самт тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст. Дар сурати ба имзо расидани созишнома ва ратификатсияи он аз ҷониби парлумонҳои ҳар ду кишвар дар ҳамкорӣ бо корфармоёни кишвари қабулкунандаи қувваи кор механизми ҷалби муҳоҷирон муайян мешавад.
- Хадамоти муҳоҷират барои беҳбуд бахшидан ба низоми муҳоҷират ва омодасозии онҳо чӣ корҳоро ба сомон расонидааст?
- Яке аз самтҳои муҳими фаъолият омодасозии қабл аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Панҷ сол мешавад, ки чор Маркази машваратӣ ва омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Бохтар фаъоланд. Онҳо курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забон ва қонунгузории кишварҳои қабулро ба роҳ мондаанд. Дар оянда таъсиси шаш маркази дигар дар минтақаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта ба Хадамоти муҳоҷират 7961 нафар муроҷиат кардаанд. Агар соли 2021-ум 287 вохӯрӣ бо иштироки 10 894 шаҳрванд баргузор шуда бошад, дар соли ҷорӣ 471 вохӯрӣ бо иштироки 38 261 нафар гузаронида шуд.
Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»