Бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли равон дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи семинарҳои омӯзишӣ барои ходимони дини мамлакат оғоз ёфт. Семинари нахустин барои имомони масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Ҳисор баргузор шуд.
Мутахассиси пешбари Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Хоҷамирзода ба иштирокчиёни семинар моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин тағйироту иловаҳои ба он воридшударо шарҳу тавзеҳ дода, зикр намуд, ки қонуни мазкур аз давраи қабули он (8 июни соли 2007) дар баланд бардоштани саҳти иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони мамлакат саҳми арзанда гузоштааст.
- Мақсади ин қонун ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, мебошад, — гуфт М. Хоҷамирзода.
Ӯ дар самти амалисозии талаботи қонуни зикршуда нақши комиссияҳои ҷамъиятӣ ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимро муҳим арзёбӣ намуд. Тибқи талаботи қонун дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар фаъолият мекунанд, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешавад.
Чордаҳ соли амали ин қонуни миллӣ нишон дод, ки он, воқеан, боиси коҳиш ёфтани камбизоатӣ, аз банди хурофот озод шудани мардум, болоравии сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва устувории суботу амнияти кишвар гардид.
Тавре мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Юсуф Ҳасанзода иброз дошт, дар рӯзи аввали семинар зиёда аз 60 нафар ходимони дини шаҳри Ҳисор ширкат варзиданд. Семинар то 4 июни соли равон идома хоҳад ёфт.
Узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азалшоҳ Шарифзода зимни суҳбат иброз намуд, ки ба иштирокчиёни семинар дар баробари баланд бардоштани донишҳои ақидатию фиқҳӣ, инчунин моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин шарҳу тавзеҳ дода мешавад.
Ҳамин гуна семинарҳои омӯзишӣ бо ходимони дини дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ доир мегарданд.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»