Чордаҳуми декабри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия — кафили рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ» суҳбати гирди миз доир гардид, ки дар он намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, коршиносону олимони тоҷик ва рус иштирок намуданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар зимни сухани ифтитоҳӣ зикр кард, ки ҳамкорӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия дар ҳама соҳаҳо назаррас буда, ба рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва таъмини суботу амният дар минтақа мусоидат мекунад. Ӯ диққати иштирокчиёнро ба се самти асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия – ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ҷалб карда, гуфт, ки самтҳои зикршуда барои шарикии стратегӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд ва ҳоло дар сатҳи хеле хуб қарор доранд.
Дар чорабинӣ Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, роҳбари созмони ҷамъиятии «Дӯстони Россия» Абдулло Ҳабибов, сардори Раёсати макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон Ғафур Расулов, намояндаи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Назармамад Гулмамадов ва дигарон вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ҳарбӣ-сиёсии Тоҷикистону Россия суханронӣ карданд.
Зикр гардид, ки миёни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия то имрӯз зиёда аз 230 созишномаи байнидавлатӣ ва шартномаҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расидаанд ва ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ ёфтани роҳҳои нави густариши ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.
Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»