Пешниҳод

Шаршараҳои экзотикӣ. Сохтани онҳо саҳлу сода аст?

№115 (3909) 22.09.2018

uXFcBatbАз зери панҷ пули боҳашамати пойтахти кишвар солҳост дарёчаи шӯху сармасти Варзоб убур мекунад. Агар аз болои онҳо назора кунем, ба ёди кас сангобҳои кӯҳистон меояд. Шаршараҳо хусусияти шифоӣ доранд ва ашхоси сарватманди рӯи олам бо харҷи зиёд ба тамошои шаршараҳои машҳури дунё, амсоли Ниагараву Виктория ва ғайра мераванд. Дар миёни мардум мақоле ҳаст, ки «хобатро ба об гӯ». Вақте кас аз ташвишҳои рӯзгор хаста мегардад, орзу мекунад, ки дар назди шаршарае нишинад, то асабҳояш ором шавад. Агар аз болооби дарёи Варзоб назора намоем, якчанд ҷойи мусоидро пайдо мекунем, ки барои сохтани шаршараҳои сунъӣ мувофиқанд. Бо андак харҷ имкон дорем шаршараҳои сунъӣ созем, ки ҳамватанон ва меҳмонони хориҷӣ аз тамошои онҳо лаззат баранд. Дарёи шӯху сармасти Варзоб аз маркази шаҳри Душанбе, аз зери панҷ пули боҳашамат мегузарад ва шароит ҳаст, ки дар фосилаи 150 — 200 метр пеш аз пул ва 150 — 200 метр баъд аз пул шаршараҳои сунъии тамошобоб созем. Дар он ҳолат даҳ шаршараи паҳноиаш 35 — 40 — метра ва даҳ пойандози обии дарозиаш аз 300 то 400 — метраи афсонавӣ эъмор мегардад. Гарди ҳубобчаҳои шаршара ва бухоре, ки аз онҳо ҳосил мешавад, дар фасли гармо фазои пойтахтро салқину атрогин мегардонад.

Агар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои бунёди шаршараҳо дастур диҳад, тарзу усули таъҷилан ва, қариб ки ройгон сохтани онҳоро шарҳ хоҳем дод.

Раҳмат ШЕРАЛИЕВ, омӯзгор