Бисту сеюми апрели соли равон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро таҳлилу баррасӣ намуда, барои рушду инкишоф додани он дастуру супоришҳо дод. Аз ҷумла доир ба азхудкунии захираҳои табиӣ, рушди саноати металлургияи ранга, ба бозори ҷаҳонӣ баровардани ширкатҳои миллӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғайра сухан рафт, ки бевосита амалигардонии онҳо ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад. Дар робита ба ин вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода андешаҳояшро чунин баён кард:
-Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ самтҳои гуногуни рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишварро дар марҳилаи то соли 2020 муайян менамояд, байни саноатчиёни мамлакат ҳамовозӣ ба вуҷуд овард. Мақсаду мароми Паёми навбатӣ аз таъмини пешрафти босуботи иқтисодиёти кишвар дар асоси Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2015 ва дигар барномаҳои соҳавӣ иборат буда, ҷавҳари ҳуҷҷатҳои барномавии зикршуда таъмини некуаҳволии мардуми кишвар арзёбӣ шудааст.
Дар Паёми имсола Президенти мамлакат, баробари таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои истеҳсолӣ, тадбирҳои рушди онҳоро бо нишондоди мушаххаси рақамҳо, самтҳои фаъолият ва фишангу роҳҳои аниқи амалисозӣ таъкид намуданд.
Тайи ҳафт соли охир то ду баробар афзоиш ёфтани Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ, ба ҳар нафар аҳолӣ на камтар аз якуним баробар зиёд кардани ҳаҷми он ва то 20 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ вазифаҳое мебошанд, ки саҳмгузории ҷиддии бахшҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла соҳаи саноатро, тақозо мекунанд.
Дар Паём солҳои 2014-2020 давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ эълон гардидааст, ки ин иқдом аз таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат ба рушди минбаъдаи саноати мамлакат дарак медиҳад.
Дар ин замина мо вазифаҳои вазоратро иртиботан ба шароити рақобати шадиди бозор аз зарурияти ташаккул додани саноати миллии рақобатпазиру самаранок, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкории истеҳсолӣ ва таъмин намудани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ҳамчун ҳадафҳои асосӣ иборат медонем.
Роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои зикршуда тариқи ба истифода додани 150 корхонаи нави истеҳсолӣ ва соли ҷорӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани 250 ҳазор ҷойи нави кор таъкид гардидаанд. Аз ҷумла дар чорабиниҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд овардани 12500 ҷойи кор пешбинӣ шудааст. Дар назди вазорат инчунин вазифаҳои аввалиндараҷа-то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани маъданҳои дар корхонаҳои саноатӣ истихроҷшаванда, азхудкунии бештари захираҳои табиӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба лоиҳаҳои азими саноатӣ ва ба бозори молиявии байналмилалӣ баровардани ширкатҳои миллӣ ба миён гузошта шудаанд.
Президенти мамлакат вобаста ба мавҷудияти захираву имкониятҳои зиёди кишвар зарурати таъсиси корхонаҳои саноатии истихроҷи маъдан, ҳар чӣ пурра ва самаранок истифода бурдан ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми дар онҳо истихроҷшавандаро зикр намуда, вобаста ба ин, ҷиҳати таҳия ва татбиқ намудани Барномаи омӯзиш ва арзёбии захираи металлҳои нодир барои солҳои 2015-2025 , ки ба рушди соҳа ва истифодаи самараноки сарватҳои табиии кишварамон мусоидат мекунад, вазифа гузоштанд.
Дар Паём масъалаи ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба рушди саноат таъкид шуда, зикр гардид, ки ҳоло дар ин соҳа якчанд лоиҳаи азими сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар доираи онҳо ҳазорҳо ҷойҳои нави кор таъсис ёфта, даромади буҷети давлатӣ ва имкониятҳои содиротии кишвар афзун мегарданд.
Дар баробари ин, Сарвари давлат бо истинод ба таҷрибаи ҷаҳонӣ тазаккур доданд, ки давлат метавонад дар самти истифодаи қаъри замин тавассути таъсис додани ширкатҳои миллии давлатӣ ё муштарак фаъолона иштирок намуда, даромади бештар гирад. Бо дарназардошти ин, вазорат дар самти рушди саноати металлургияи ранга ҳамчун соҳаи ояндадор ва дар истеҳсолот бештар аз худ кардани сарватҳои табиӣ андешидани тадбирҳо ва дарёфти захираю имкониятҳои иловагиро ба нақша мегирад. Дар соҳа соли ҷорӣ ба истифода додани 5 корхона ва коргоҳҳо, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли тилло, нуқра, коркарди 40 ҳазор тонна хокаи сурб, 60 ҳазор тонна хокаи руҳ, 5 ҳазор тонна хокаи мис, 23 ҳазор тонна хокаи сурма пешбинӣ шудааст.
«Дар шароити рақобати шадиди бозорӣ моро зарур аст, ки тавассути ташаккул додани саноати миллии рақобатпазиру самаранок, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкории истеҳсолӣ коркарди ҳар чӣ пурраи ашёи хоми ватаниро мунтазам таъмин кунем».
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 апрели соли 2014.
Тибқи Барномаи рушди соҳаи заргарӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015 дар ҷумҳурӣ таъсиси даҳ корхонаи заргарӣ ва коркарди санг пешбинӣ шудааст. Феълан 12 корхонаи заргарӣ ва коркарди санг фаъолият дошта, нақшаи истеҳсоли маҳсулотро дар семоҳаи аввали соли 2014 нисбати соли гузашта 173,8 фоиз таъмин карданд.
Дар доираи супоришҳои Паём таҳияи ҳуҷҷати барномавии пешбурди сиёсати ягонаи саноат, ки тавассути он фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан, ангишт, мошинсозӣ ва масолеҳи сохтмон таъкид гардидааст, шурӯъ шуд. Зери таваҷҷуҳи вазорат дар асоси дастурҳои Сарвари давлат, ки аз Паём бармеоянд, ташкили корхонаҳои нави масолеҳи сохтмон, аз ҷумла истеҳсоли семент, хишт, қуму шағал ва то 6 миллион тонна расонидани истеҳсоли семент қарор доранд. Дар семоҳаи якуми соли 2014 теъдоди корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ 216 ададро ташкил дода, дар ҳаҷми 145,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 97,6 миллион сомонӣ зиёд аст. Соли ҷорӣ дар соҳа сохтмони 12 корхона бо таъсиси 452 ҷой нави кор пешбинӣ гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 505 миллион сомонӣ расонида мешавад.
Президенти мамлакат вобаста ба гузариши корхонаҳои саноатӣ ба истифодаи ангишт, афзоиш додани истихроҷи ангишт ва таъсиси иқтидорҳои нави коркарди фулузоти рангаю сиёҳро зикр намуданд. Ин имконият медиҳад, ки асъори барои харид ва воридсозии маҳсулоти номбурда ба хориҷи мамлакат интиқолёбанда дар дохили мамлакат барои васеъ гардонидани истеҳсолот истифода гардад ва иқтидори содиротии саноат вусъат ёбад.
Дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ зикрнамудаи Президенти мамлакат дар хусуси фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, ба роҳ мондани тартиби содакардашудаи бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагидорӣ, такмили санадҳои амалкунандаи меъёрии ҳуқуқӣ доир ба истихроҷи канданиҳои фоиданок, ба роҳ мондани омӯзиш ва истихроҷи маъдани оҳан, сохта ба истифода додани корхонаҳои коркарди он ва ташкили истеҳсоли маҳсулоти гуногун боварии ҳар як фарди дар саноат шуғлдоштаро ба инкишофи имрӯз ва фардои соҳа боз ҳам қавитар мегардонанд.
Бо эътимоди комил изҳор менамоям, ки вазорат баҳри иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём баённамудаи Президенти мамлакат аз ҳама шароиту имкониятҳои моддӣ, молиявӣ, иқтисодӣ ва ташкилию техникӣ истифода мебарад ва масъулини соҳаро барои иҷрои бечунучарои вазифаҳои гузошташуда сафарбар менамояд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»