зеро ин касби пурмаҳсул аз шахс виҷдони поку қалби беолоишро тақозо менамояд
Дари ҳуҷраи кории сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор Эмомалӣ Маҷидов нимроғ буд. Машварати субҳгоҳии ӯ бо муовинон, мудирони шуъбаҳо ва кормандони беморхона тақрибан бист дақиқа давом кард.
Пушти дар сокинони аз деҳаҳои дуру наздикомада интизори қабул буданд.
Сартабиб ҳам ба машварат хотима бахшиду ба табибон бори дигар таъкид кард, ки ба беморон ва муроҷиаткунандагон ҳар чӣ бештар бо муомилаи хуш ёрии тиббӣ расонанд.
То анҷоми машварати кории сартабиб бо чанде аз беморон ҳамсуҳбат шудам.
Яке аз деҳаи баландкӯҳи Нилу, дуюмӣ аз деҳаи Чангоб (дараи Алмосӣ), сеюмин аз Туда, чорумин аз Чаманистон буданду ду мӯйсафед: «Мо аз деҳоти дурдасти «Ориён» ба назди духтур омадем», — гуфтанд. Маълум гардид, ки дар деҳаҳояшон бунгоҳҳои тиббӣ ва Маркази саломатии деҳот фаъолият дошта, бо маслиҳати духтурони деҳот ба марказ омадаанд.
Аз мӯйсафеди солхӯрдаи 75 — сола пурсидам, ки аз чӣ шикоят дорад? Бо табассум ҷавоб дод: — Пир шудам, қувват намондааст, баъзан ба назди сартабиб омада, маслиҳат мепурсам. Бисёр миннатдорам, ки чунин табиби ғамхор дорем ва ҳар вақте муроҷиат намоӣ, муомилаи хуб менамояд. Баъзе доруҳоро ройгон мерасонад.
Мӯйсафедони дигар низ ба суҳбат ҳамроҳ шуданд: Духтур ба мо ҳам борҳо кумак кард. Монанди мо дар деҳаҳои шаҳри Ҳисор мӯйсафедони солхӯрда бисёранд ва табибон ба мо ҳамеша кумак мерасонанд. Дар ҳаққашон шабу рӯз дуо мекунем.
Ҳамин дам сартабиб Эмомалӣ Маҷидов: «Бобоҷон, марҳамат, аввал шумо дароед», — гуфту ба назди дар омад. Ногоҳ садои модар, ки дар дасташ тифлаки тақрибан яксола буд, баланд шуд: -Духтурҷон, писарам, ки бо мадади шумо бистарӣ карда будем, шифо ёфт ва субҳи имрӯз ҷавоб доданд. Аз шумо ва кормандонатон хеле миннатдорем.
Фаъолияти кории сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор Эмомалӣ Маҷидов ҳар субҳ ана ҳамин тавр оғоз мегардад.
Дар ҳақиқат, имрӯз миёни табибон шахсоне ёфт мешаванд, ки ҳастиашонро барои расонидани ёрии аввалиндараҷа ба бемор мебахшанд.
Баҳри ҳифзи сиҳатии аҳолии шаҳри Ҳисор ва деҳоти он 93 муассисаи тандурустӣ, ки ҳашттои он муассисаи сохтори госпиталӣ, аз ҷумла Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор, Беморхонаи №1 (дар деҳоти ба номи Мирзо Ризо), Беморхонаи бемориҳои сироятӣ, Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил, Маркази пешгирии бемориҳои пӯст ва зӯҳравӣ, таваллудхонаҳои №1 ва №2, Беморхонаи минтақавии «Меҳргон» (дар деҳоти «Чангоб») мебошанд, фаъолияти пурмаҳсул доранд. Дар онҳо 115 табиб ва 508 ҳамшираи шафқат беморонро муолиҷа менамоянд.
Ҳамчунин, дар зертобеи муассисаҳои сохтори госпиталӣ марказҳои махсуси соҳавӣ ва назоратӣ, Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази иммунопрофилактикӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Шуъбаи маркази дизенфексияи профилактикӣ ва Дармонгоҳи дандонпизишкӣ амал мекунанд. Аз шумораи умумии табибоне, ки дар муассисаҳои тиббии шаҳри Ҳисор фаъолият менамоянд, ду нафар номзади илмҳои тиб, 44 нафар дорои тахассуси дараҷаи олӣ, 32 нафар дараҷаи якум ва 20 нафар дараҷаи дуюм мебошанд.
Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллудхона, амрози занона ва оризаи ҳомиладорӣ, бемориҳои дарунӣ, шуъбаи кӯдакона, осебшиносӣ, асаб, гӯшу гулӯ ва бинӣ, наҷот ва эҳёгардонӣ, наркологӣ, нуқтаи осебшиносӣ, ёрии таъҷилӣ, машварати ташхиси дармонгоҳӣ, ҳуҷраи рентген ва физиотерапевтӣ, озмоишгоҳи клиникии биокимиёвӣ, озмоишгоҳи бактериологӣ ва шуъбаи қабул мебошад. Дар шаҳр чор таваллудхона фаъолият дорад, ки дар онҳо низ шароити зарурӣ муҳайё аст. Аз қайдҳои омории таваллудхонаҳо маълум шуд, ки таваллуд дар хона ҳамагӣ 2-3 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар се-чор соли охир дар шаҳри Ҳисор бемориҳои доманаю табларза камтар ба назар мерасад. Бемориҳои рӯдаю меъда танҳо дар фасли тобистон дар миёни кӯдакон бештар дида мешавад, ки он ҳам аксар маврид аз беаҳамиятии волидон сар мезанад.
Агар сарвар худ соҳиби дониши амиқи касбӣ бошад, барои пешрафти фаъолияти муассиса нақши муҳим мебозад ва дар ҳама кор пешравиро метавонад ноил гардад. Сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор Эмомалӣ Маҷидов ҳамчун табиби собиқадор, духтури ҷарроҳ, роҳбари чашмикордон на танҳо дар шаҳри Ҳисор, балки берун аз он низ шуҳрат дорад.
Зимни суҳбат ӯ гуфт, ки дар ду-се соли охир дар Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор навгонии зиёд ба вуқӯъ пайваст. Аксарияти шуъбаҳои муолиҷавӣ ва ташхисӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шуда, ҳамаи шуъбаҳои беморхона ва марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббии деҳот таъмир шуданд.
- Дар ин давра дастгоҳи «Чекэксперт» барои таҳлили балғам, ФАЗА-5 додани нафаси сунъӣ барои навзодон ва кӯдакон, инчунин дастгоҳи махсуси озмоишии «Хелобактери», «Балғамкашаки барқӣ» барои тоза кардани роҳи нафас дастрас шуд. Озмоишгоҳи беморхонаи марказӣ таъмири асосӣ шуда, дар озмоишгоҳи биохимиявӣ навбатдории шабонарӯзиро таъмин кардем. Илова бар ин, соли гузашта шуъбаи қабул, таваллудхона, амрози занона ва оризаҳои ҳомиладорӣ, ҳуҷраҳои хуннигоҳдорӣ, дандонпизишкӣ, физиотерапевтӣ, автоклав, нуқтаи осебшиносӣ, таваллудхонаи №1 ва ошхонаи беморхона пурра таъмир шуданд,- афзуд номбурда.
Дар раванди суҳбат маълум гардид, ки соли равон сехи оксигенбарорӣ ба истифода дода шуда, сохтмони Маркази пешгирии бемориҳои пӯст ва зӯҳравӣ, Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО оғоз гардид. Ҳамчунин, ба Беморхонаи марказӣ мошини «Ёрии таъҷилӣ»-и дорои таҷҳизоти ёрии аввалин дастрас гардидааст.
Дар назди Маркази саломатии шаҳрӣ дорухонаи давлатӣ фаъолият дорад, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор шахсони имтиёздор, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони гурӯҳҳои якум ва дуюм, беморони диққи нафас, бемории диабети қанд, бемории саратонӣ бо доруворӣ таъмин мешаванд, — гуфт ӯ.
Хулоса ин аст, ки роҳбарияти беморхонаи мавриди назар дар иҷрои рисолат комёб ва собитқадам мебошанд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»