Оё ғанигардонии орд роҳи осони таъмини аҳолӣ бо ғизои солим буда метавонад?
Аз рӯи маълумоти оморӣ, соли 2016 ҳиссаи аҳолии мамлакат, ки ғизои кофӣ истеъмол накарда буданд, 30,1 фоизро ташкил дод. Ин рақам соли 2004 — ум 41,5 фоиз буд. Назар ба қавли олимони соҳаи тиб, норасоии ғизои солим дар кӯдакону наврасон боиси 2 — 3 сол ақибмонӣ дар таҳсил мешавад. Тавре дар мақолаи «Ҳаёти солим аз ғизои солим бозмеояд» («Садои мардум», 23 сентябри соли 2017) зикр шудааст, ғизои носолим (нокифоя, на чандон ғанӣ) ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонда, хатари гирифторӣ ба бемориҳо, қадпастӣ, заифшавии устухон ва кундзеҳниро зиёд мекунад. Ин таҳдид ба генофонди миллат аст.
Ҳар як сокини кишвар дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 410 грамм нон ва маҳсулоти ордӣ истеъмол мекунад. Мутаассифона, ҳоло бисёриҳо ҳангоми пухтупаз аз орди сафеди навъи якуму олӣ истифода мебаранд, ки дар таркибашон микроэлементҳои муфид кам аст.
- Витамину минералҳо асосан дар пӯст ва бархе аз қисматҳои дигари гандуманд, ки мо онро ба чорво медиҳему боқимондаашро, ки микроэлементҳои муфид кам доранд, истеъмол мекунем, — мегӯяд сардори Раёсати хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев. — Айни замон бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байнисоҳавӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» фаъолият дорад. Агар ин қонун қабул шавад, дар оянда метавонем на танҳо орд, балки дигар маҳсулоти озуқаро низ бо витамин ва минералҳо ғанӣ гардонем.
Сармушовири илмии директори Пажӯҳишгоҳи давлатии ғизои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷаҳон Азонов изҳор дошт, ки сокинони кишвар аз норасоии шадиди витамину минералҳо азият мекашанд.
- Дар ғизои аҳолии Тоҷикистон витаминҳои гурӯҳи В, оҳан, йод, руҳ (синк), кислотаи фолат ва микронутриентҳои дигар намерасанд. Норасоии оҳан, витамини А, витаминҳои гурӯҳи В, кислотаи фолат ба бемориҳои зиёд, аз ҷумла камхунӣ, шабкӯрӣ ва ғайра оварда мерасонад. Агар қонун дар бораи ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ қабул шавад, ба нафъи аҳолии Тоҷикистон хоҳад буд, — мегӯяд Ҷаҳон Азонов.
Буқроти Ҳаким (Гиппократ) дар хусуси аҳамияти аз витамину минералҳо ғанӣ будани ғизо чунин гуфтааст: «Ғизои шумо бояд доруи шумо бошад, доруи шумо бояд ғизои шумо бошад». Имрӯз бисёриҳо рӯзе се маротиба бо ғизои хамирӣ шикамро сер мекунанд, вале бинобар нарасидани витамину микроэлементҳои зарурӣ организмашон ба камхунию нотавонӣ ва бемориҳои гуногун мубтало мешавад.
Ба гуфти ноиби президенти Академияи ғизои Қазоқистон Шамил Тоҷибоев, аз соли 2001 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амалисозии дурнамои ғанигардонии орди гандумӣ бо витамину минералҳо оғоз гардид.
- Ин як стратегияи арзону муфид аст, зеро бо истеъмоли орди ғанигардонидашуда як қатор бемориҳоро пешгирӣ мекунем. Моҳияти ғанигардонӣ дар он аст, ки ба орди навъҳои олӣ ва якум ҳамон витамину минералҳое баргардонида мешаванд, ки зимни ордкунии гандум аз байн рафтаанд, — мегӯяд Шамил Тоҷибоев. — Ин стратегия комилан безарар аст ва онро бояд татбиқ кард. Ғайр аз Тоҷикистон дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ кайҳост, ки қонун дар бораи ғанигардонии ҳатмии орди гандуми навъҳои олӣ ва якум бо микронутриентҳои ғизоӣ қабул гардида, барномаҳои дахлдори давлатӣ амалӣ мешаванд. Масалан, дар Туркманистон ҳоло 100 фоизи орди гандумро ғанӣ мегардонанд. Ӯзбекистон дар ин самт дастовардҳои зиёд дорад. Қазоқистон ва Қирғизистон ҳам ба муваффақиятҳои нисбӣ ноил шудаанд. Бовар дорам, ки соли ҷорӣ дар Тоҷикистон низ чунин қонун қабул мегардад.
Пажӯҳиши «Ғанигардонии маҳсулоти озуқа дар Тоҷикистон», ки соли 2016 бо дастгирии USAID ва Алянси глобалӣ оид ба беҳдошти ғизо (GAIN) дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон гузаронида шудааст, таносуби хароҷоту фоидаи иловаи витамину минералҳо бо орди гандумиро 1 бар 9 муайян кардааст: «Ба орд омехтаи оҳан, руҳ, туршии фолат ва витаминҳои гурӯҳи В илова карда мешавад. Дар натиҷа, ҳар 1 доллари сарфшуда аз ҳисоби афзоиши шумораи аҳолии солим 9 доллар фоида меорад».
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазоқулов мегӯяд, ки лоиҳаи нави қонуни марбут ба ғалла, орд ва маҳсулоти ордӣ таҳия гардидааст, ки як боби алоҳидаи он ба ғанигардонии ҳатмии орд бахшида шудааст. Ӯ афзуд, ки лоиҳаи нав аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, дар ҳоли мувофиқа бо сохторҳои дигари давлатӣ мебошад.
Ба гуфти Ҷ. Муртазоқулов, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қаблии қонун оид ба ғанигардонии ордро, ки аз ҷониби гурӯҳи вакилони парлумон таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ аввали соли равон пешниҳод шуд, рад намуд.
- Далел ин буд, ки ғанигардонӣ метавонад нархи ордро боло барад. Вале маълум шуд, ки таъсири ғанигардонӣ ба нархи орд хеле ночиз – 1,2 сомонӣ ба ҳар халтаи 50 килоиро ташкил медиҳад, — гуфт Ҷамшед Муртазоқулов.
Сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тавакал Маликов изҳори боварӣ намуд, ки масъалаи ғанигардонии орд то охири соли равон ҳалли худро меёбад.
- Дар баробари ин, мо масъалаи ғанигардонии дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо витамину минералҳоро ба миён гузоштем. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала ҷалб гардидаанд, — мегӯяд Тавакал Маликов.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзода бо зикри аҳамияти ғанигардонии орд барои солимии аҳолӣ изҳор дошт, ки зимни қабули қонунҳо бояд имконияти иқтисодии мардум ба назар гирифта шавад. Аз назари ӯ, дар масъалаи ғанигардонии орд ду омил бояд дар мадди назар бошад: Аввалан, ин чиз барои саломатии миллат зарур аст. Сониян, бояд мушаххас намуд, ки то кадом андоза аз нуқтаи назари иқтисодӣ ба он ноил шуда метавонем. Имрӯз мо эътироф мекунем, ки аз се як нафар камбизоат аст, вале ин мазмуни онро надорад, ки ду нафари боқимонда ҳатман дороянд. Яъне, 20 дарсади он тоифаи осебпазиранд, ки аз камбизоатӣ баромадаанд, лекин ҳанӯз доро нашудаанд. Вақте 50 дарсади аҳолӣ аз нуқтаи назари даромад маҳсулоти ғизоии арзон меҷӯяд, оё татбиқи ин қонун амалан имкон дорад ё не? Хостан дигар асту тавонистан дигар. Қонунро вобаста ба вазъу макону замонаш бояд қабул кард, ки татбиқшаванда бошад.
Масъулину коршиносон шаҳодат медиҳанд ва ҳам аз нишондодҳои оморӣ бармеояд, ки бо вуҷуди кӯшишҳои мақомоти кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ то ҳол аз нокифоягии маҳсулоти серғизо азият мекашем. Агар як сабаби гирифторӣ ба бемориҳои аз норасоии микроэлементҳои ғизоӣ пайдошуда сатҳи пасти зиндагии мардум ва буҳрони молиявӣ бошад, омили дигари онро мутахассисон ба ноогоҳиву беаҳамиятии сокинони мамлакат алоқаманд медонанд.
Аз ин рӯ, дар баробари ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, фароҳам овардани заминаи қонунӣ барои сафарбарсозии имконоти дохилӣ ва ҷалби кумакҳои байналмилалӣ ҷиҳати ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати мардум аз роҳҳои самарабахши рафъи мушкилоти ҷойдошта маҳсуб мешаванд.
Ҳ. ДАВРОН, И. ТОҲИР,
Р. ОДИНАЕВ, С. СУННАТӢ