Бонги изтироб

Шикояти мардум ва бетафовутии ширкатҳои мобилӣ

№94 (4514) 29.07.2022

ҚИССАИ СИМКОРТГИРӢ

Ҳафтаи гузашта 60 — солагии издивоҷи бобову бибиямро дар доираи оила қайд кардем.

Акаам, ки ду рӯз пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан омада буд, аз даруни халтачаи селофанӣ ду қуттӣ баровард.

- Телефонҳои мобилӣ, туҳфаи ман дар 60-умин солгарди издивоҷатон, — гуфта, якеро ба дасти бобо ва дуюмиро ба дасти бибиям дод.

Барои гирифтани симкорт маро ба маркази ноҳия фиристоданд.

- Ба ман тарофае лозим аст, ки танҳо барои суҳбатҳои телефонӣ бошад, яъне бидуни трафики интернетӣ ва дигар хизматрасониҳои иловагӣ, ҳамин гуна тарофа доред?, — ин саволро аз чор ширкати мобилии кишвар пурсон шудам. Ҳамагӣ як ҷавоб доштанд:

- Не!

Бибиву бобоям бо шунидани нархномаҳои моҳона, хизматрасониҳои нолозиму маҷбурӣ, аз истифодаи телефон даст кашиданд.

НАЗАРЕ БА ТАРОФАҲОИ ШИРКАТҲОИ МОБИЛӢ

Ширкати «Babilon-Mobile» ба муштариён панҷ тарофа пешниҳод мекунад ва муштарипулии моҳонаи онҳо аз 30 то 150 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳама тарофаи арзон дар ширкати мазкур «Робита 1» ном дорад ва бар ивази 30 сомонӣ имкон медиҳад, ки дар дохили шабака суҳбати бемаҳдуд дошта бошем, 100 SMS равон кунем ва дар фазои маҷозӣ 1 200 мегабайтро истифода барем.

Ширкати «Мегафон Тоҷикистон» ҳам тарофаҳояшро барои як моҳ аз 28 сомонию 80 дирам то 300 сомонӣ пешниҳод мекунад. Тарофаи «Биё! Онлайн» 28 сомонию 80 дирам аст ва дар таркибаш 1000 мегабайт дорад.

Ширкати «Tcell» ба муштариён се гурӯҳи тарофаро пешниҳод мекунад, ки ҳар кадом дар дохил вобаста ба имконият маблағи муайян доранд. Гурӯҳи аввали тарофаҳо «Дар + бо Шабакаҳои иҷтимоӣ» ном дошта, 7 тарофа бо маблағи аз 65 то 205 сомонӣ барои як моҳ пешниҳод кардааст. Гурӯҳи дуюм «Дар + бо Интернет бош» ном гирифта, 5 тарофа дорад ва муштарипулӣ барои як моҳ аз 35 то 205 сомониро ташкил медиҳад. Гурӯҳи сеюм «Дар + бо Белимит бош» аст, ки 7 тарофа дошта, муштарипулӣ барои як моҳ аз 59 то 899 сомониро ташкил медиҳад.

Ширкати Zet-Mobile 6 тарофа пешниҳод мекунад, ки аз инҳо 4 — тояш моҳона ва 2 — тояш барои як ҳафта пешбинӣ шудаанд.  Тарофаҳои моҳона аз 70 то 200 сомонӣ ва тарофаҳои ҳафтаина аз 15 то 25 сомониро ташкил медиҳанд.  Ин ширкат барои муштариён бо 200 сомонӣ 350 дақиқа барои суҳбат бо дигар шабакаҳои мобилӣ ва 10 000 мегабайт барои интернет медиҳад.

РОҲНАМОИИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИНТИҚОДИ РАИСИ ШАҲР

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021, аз ҷумла,  қайд карданд: «Танҳо давоми 10 соли охир барои истифодаи алоқаи ширкатҳои мобилӣ аз ҷониби аҳолии кишвар 30 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст. Мо ба ширкатҳои мобилӣ, ки 90 фисадаш ширкатҳои хориҷист, ҳар сол сӣ миллиард сомонӣ маблағ медиҳему мегӯем, ки маблағ надорем. Мо бо ин маблағ, ки бо асъори хориҷӣ се миллиард доллар мешавад, метавонистем НБО «Роғун»-ро бунёд кунем».

Ҳамчунин, 12 январи соли 2022 Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 дар баробари дигар мушкилоти пойтахт ба сифати хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ низ дахл карда, чунин гуфт: «Хидматрасонии ин ширкатҳо (манзур ширкатҳои мобилӣ) ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва рӯнамоиашон аз сатҳу сифати фаъолияташон бештар мебошад».

Ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир кардани Раиси шаҳр гувоҳи он аст, ки мушкилоти сифати хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ таъсири манфӣ ба афкори сокинони шаҳри Душанбе гузоштааст.

Интиқоди Рустами Эмомалӣ сокинони ҷумҳуриро водор сохт, ки аз мушкилот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ошкоро ҳарф зананд. Замоне ки роҳбаре дар ин сатҳ дар фикри беҳбудии зиндагӣ ва беҳтар сохтани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум аст, дилгармӣ ва садоқати мардум бештар мегардад.

ФИРЕБИ НАВИ ШИРКАТҲО

Яке аз фиребҳои маъмул ва ба қавле роҳи осони пули муфт ёфтани ширкатҳои мобилӣ муштариёнро алорағми майлу ирода ба ин ё он хизмат­расонӣ пайваст намудан аст.

Якеро бехабар ба бозии ба қавли худашон бурднок пайваст мекунанду дигареро ба забономӯзии «махсус», сеюмиро ба маҳфили ошиқона ҳамроҳ мекунанду ба ҷои «гудок»-и чорумӣ мусиқие мемонанд ва ин ҳама пулакӣ аст. Ҳар рӯз аз ҳисоби муштариён пул меситонанд.

Ва боз аҷоибии кор дар он аст, ки барои хомӯш кардани чунин хизматрасониҳо хеле саргардон шудан лозим меояд.

РОҲИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛА

Ҳама он тарофаҳо ва хизматрасониҳое, ки ширкатҳои мобилӣ пешниҳод кардаанд, ба шароити мо созгор нестанд.

Ҳоло ширкатҳои мобилӣ ба муштариёнашон, ки шояд аз 10 то 100-сола бошанд,  рӯирост мегӯянд, ки шумо маҷбур ҳастед аз интернет истифода баред.

Маҷбуран ба фазои маҷозӣ, ба дунёе, ки бархе умуман огаҳӣ надоранд, дохил мекунанд. Маҷбур мекунанд, ки барои пуламон барабас нарафтан трафики интернетии пешниҳодшударо истифода барем. Сохторҳои марбута, хусусан Хадамоти алоқа ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ бояд дар пайи ҳалли масъалаи мазкур гарданд. Бояд ширкатҳои мобилиро муваззаф созанд, ки тарофаҳои дастрас барои мардум пешниҳод намоянд, то ки ҳар нафар мувофиқи табъу завқаш симкорт бихараду тарофа интихоб кунад. Дар акси ҳол фиреби ширкатҳои мобилӣ ва шикоятҳои мардум зиёд мегарданд.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

 «Садои мардум»