27-уми ноябри соли 2016 дар хатти интиқоли барқи 110 кВ, ки зеристгоҳи «Новая»-ро бо зеристгоҳи «Заводская» пайваст менамуд, нуқсони техникӣ ба амал омад. Дар натиҷа як қисми сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз соати 18-00 то 21-32 бе барқ монданд.
Ба амал омадани ин ҳолатро Асозода Маҳмадумар Шамсулло – муовини якуми Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» ба серборӣ дучор шудани хатҳои интиқоли барқ аз сардии ҳаво ва аз меъёр зиёд истифода бурдани неруи барқ аз тарафи истифодабарандагон марбут донист. Ӯ гуфт, гурӯҳҳои махсуси шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ва Марказӣ дар муддати кӯтоҳ нуқсони баамаломадаро бартараф ва интиқоли барқро барқарор намуданд.
Асозода, ҳамчунин изҳор дошт, ки Ширкати «Барқи Тоҷик» овозаро дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудияти неруи барқ дар шаҳри Душанбе қатъиян рад намуда, аз муштариён барои нороҳатии эҷодшуда узр мепурсад.