Шунидан кай бувад монанди дидан

№71 (4491) 10.06.2022

Ё чӣ тавр энергияи алтернативиро тарғиб намоем?

WhatsApp Image 2022-06-09 at 11.03.12Солҳои охир дар ҷаҳон таваҷҷуҳ ба истифодаи неруи офтобу шамол ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия афзуд. Алалхусус, дар пасманзари якбора қимат шудани нархи нефту газ рӯ овардан ба энергияи алтернативӣ дар кишварҳое, ки нефт надоранд, бештар мушоҳида мешавад.

Соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» қабул гардида бошад ҳам, то ҳол бисёриҳо ғайр аз неруи барқи обӣ дар бораи дигар навъи манбаъҳои барқароршавандаи энергия тасаввурот надоранд. Аз ин рӯ, барои ҷалби таваҷҷуҳи сокинони мамлакат доир намудани намоишгоҳ ва чорабиниҳои иттилоотӣ зарур мебошад. Ба ибораи дигар, як бор дидан аз сад бор шунидан беҳтар аст.

Дар доираи барномаи конфронси минтақавии «Дурнамои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ» сеюми июни соли равон дар саҳни бинои ҶСШК «Системавтоматика» намоишгоҳи таҷҳизоти офтобию шамолӣ баргузор гардид. Меҳмонони он бо таҷҳизоти тавлидкунандаи барқ, обгармкунак, чароғаки дастию радио, насоси обкашӣ, яхдон, қаймоқгирак ва дӯғкашаки офтобӣ ошно шуданд.

Сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳаммадзода иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ бузургтарин стансияи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ­сохта шудааст, ки 200 киловатт/соат неруи барқ тавлид мекунад. Он дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр бунёд гардидааст.

- Дар шароити баландкӯҳ ва иқлимаш сарди ноҳияи Мурғоб бунёди неругоҳҳои гибридӣ самараи бештар медиҳад. Яъне, рӯзона таҷҳизоти офтобӣ неруи барқ тавлид мекунаду дар як вақт об дар обанбор захира мешавад. Вақте ки торикӣ фаро расид, неругоҳи обӣ тавассути оби дар обанбор захирашуда неруи барқ истеҳсол мекунад. Акнун бо кумаки Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) иқтидори неругоҳи офтобии ноҳияи Мурғоб ба 1 мегаватт мерасад, — гуфт Сорбон Холмуҳаммадзода.

Корманди ҶДММ «Технологияи сабз» Фаридун Ҳусейнов ба ҳозирин маълумот дод, ки таҷҳизоти офтобӣ каммасраф буда, истифодаи онҳо дар кӯҳистон қулай мебошад. Масалан, чӯпону геологҳо, занбӯриасалпарварону ҷангалбонон метавонанд бо истифода аз таҷҳизоти офтобӣ кулбаю хаймаҳоро равшан намоянд, чой ҷӯшонанд ва хӯрок пазанд. Дар заминҳои лалмии дур аз шабакаҳои барқӣ бо ёрии таҷҳизоти отфобӣ тавассути насоси обкашӣ метавон боғу токзор ва майдони кишти зироатҳоро обёрӣ кард. Ин ба истифодаи самараноки замини бекорхобида ва беҳтаршавии вазъи иқтисодии сокинони деҳоти дурдаст боис мегардад.

Мутахассисони ҶСШК «Сис­темавтоматика» дар сохтану насби таҷҳизоти офтобӣ таҷрибаи бой доранд. Директори он Умархон Мадвалиев изҳор намуд, ки ҳар сол дар маркази таълимӣ мутахассисони зиёд бо тарзи истифодаю насби таҷҳизоти офтобӣ ошно мешаванд. Ба хоҳишмандон кумаки техникиву машваратӣ расонида мешавад.

- Офтоб яке аз дастрастарин манбаъҳои энергия ба шумор меравад. Тавассути таҷҳизоти офтобӣ метавон дар фасли зимистон ҳам манзил ва ҳам обро гарм намуд. 15 сол пеш шаҳрдории Барселонаи Испания қарор қабул намуд, ки мувофиқи он ширкатҳои сохтмонӣ уҳдадор шуданд, то дар боми иморатҳои навбунёд таҷҳизоти офтобӣ насб намоянд. Бо ин усул тавассути обгармкунакҳои офтобӣ 60 фоизи талаботи сокинон бо оби гарм таъмин гардид. Ин таҷрибаро дар 35 шаҳри Испания ва дигар кишварҳои аврупоӣ низ ҷорӣ карданд, — гуфт директори ташкилоти ҷамъиятии «Неруи тоза» Раҳим Самадов.

Вусъат ёфтани истифодаи неруи офтобу шамол, биогаз, биоэтанол, неруи чашмаҳои гарм ва дарёҳои хурд боиси таъсиси ҳазорон ҷойи кор дар кишварҳои гуногун гардид.

- Мувофиқи маълумоти Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA), соли 2013 дар ҷаҳон 6,5 миллион нафар дар сохтори «энергияи сабз» фаъолият мекарданд. Ин рақам соли 2014 ба 7,7 миллион ва соли 2016 ба 9,8 миллион нафар расид. Дар назар аст, ки соли 2030 теъдоди кормандони дар сохтори тавлиди «энергияи сабз» машғулбуда ба 24 миллион нафар расад, — иброз намуд директори иҷроияи Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон Диловар Маъмуров.

Дарвоқеъ, истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия хароҷоти дигар воситаҳои энергияро кам намуда, иқтисодиёти кишварро аз вобастагии сӯзишвориҳои карбондор озод ва ихроҷи газҳои гулхонаиро пешгирӣ менамояд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»