Чӣ гуна кишварамонро ба «Маккаи сайёҳон» табдил диҳем?
Туризм мисли истихроҷу фурӯши нафт ва истеҳсоли автомобил аз сердаромадтарин соҳаҳои иқтисодӣ ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии туристии СММ (UNWTO), соли 2022 теъдоди сайёҳон дар ҷаҳон 963 миллион нафарро ташкил дод. Даромади миёна аз ҳисоби туризм ба ҳар сари аҳолӣ ба 1051 доллар расид. Аз рӯи ташрифи сайёҳон дар ҷойи аввал Фаронса (80 миллион нафар) буда, ҷойҳои дуюм — Испания (71 миллион нафар), сеюм- ИМА (50,8 миллион нафар) ва чорумро Туркия (50,4 миллион нафар) ишғол намуданд. Дар маҷмӯъ, даромади солона аз соҳаи туризм дар ҷаҳон 1 триллиону 12 миллиард долларро ташкил додааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қуллаҳои сарбафалаккашида, водиҳои сарсабз, дарёҳои шӯхоби кӯҳистон, чашмаҳои шифобахш, ёдгориҳои таърихию табиӣ ва манзараҳои зебояш барои сайёҳон ҷолиб аст. Дабири кулли Созмони ҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ зимни сафар ба Тоҷикистон кишвари моро «Швейтсарияи Осиёи Марказӣ» ва «Биҳишти кашфношуда» номида буд.
Пас аз он ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туризмро яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ эълон намуданд, кор дар самти бунёди инфрасохтори туризму ҷалби сайёҳон пурзӯр шуд. Бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 дар сохтори Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши сайёҳӣ илова гардид. Дар натиҷаи вусъат ёфтани таблиғу бунёдкориҳо дар соҳа соли 2011 ба ҷумҳурӣ 183 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омад.
Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳар чӣ бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Илова бар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ривоҷу равнақ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Ташаббусҳои мазкури Сарвари давлат боиси рушди инфрасохтори соҳаи туризм ва таъсиси ҳазорон ҷойҳои нави корӣ гардид.
Бояд гуфт, ки то соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 8 базаи туристӣ («Варзоб», «Искандаркӯл», «Ромит», «Шаҳристон», «Панҷакент»…), 18 хатсайри нақшавӣ ва 90 нақшаи сайру саёҳат вуҷуд дошт. Ба Тоҷикистон аз 11 кишвари хориҷӣ сайёҳон омада буданд.
Мувофиқи иттилои раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муъминзод, ҳоло дар ҷумҳурӣ 297 иншооти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 191 меҳмонхона, 26 ҳостел ва мотел, 53 осоишгоҳ, 6 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 8 хонаи истироҳатӣ, кемпинг, 5 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият намуда, шумораи миёнаи кормандони субъектҳои хизматрасонӣ 4064 нафарро ташкил менамояд.
Пешвои миллат 28 декабри соли 2023 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин масъала чунин иброз намуданд: «Дар солҳои 2018 — 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст».
Ҳоло дар мамлакат имкониятҳои истифоданашудаи соҳаи сайёҳӣ хеле зиёданд. Бинобар ин, вобаста ба рушди бештари соҳа амалӣ намудани тадбирҳои зерин аз манфиат холӣ нест:
Аз рӯи маълумоти доктори илмҳои география, профессор Холназар Муҳаббатов дар қаламрави Тоҷикистон 900 геокомплекси табиӣ бо 40 намуди ландшафт мавҷуд аст. Барои муаррифии онҳо бо ҷалби мутахассисон муаррифиномаю дастурҳои таблиғӣ таҳия намуда, бо чанд забон (англисӣ, арабӣ, русӣ, олмонӣ, хитоӣ, испанӣ…) нашр бояд кард. Маълумоти ҷамъовардашударо дар сомонаҳои интернетӣ ҷой додан лозим аст.
Хуб мешуд, ки дар марказҳои фарҳангии тоҷикон дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон, Германия, ИМА намояндагии сохтори туризм ё ширкатҳои туристии кишвар таъсис ёбад. Манзараҳои дидании кишварро дар дискҳо ба забони хориҷӣ сабт намуда, ба мақомоти туристии мамолики хориҷӣ ва меҳмонони кишвар ҳадя бояд кард. Чопи буклетҳои баландсифат бо тавсифи обҳои маъданӣ, чашмаҳои гарм ва лойқаҳои шифобахши кишварро низ бо чанд забон ба роҳ бояд монд. Аз рӯи маълумоти китоби «Лечебные минералы источников Памира» («Минералҳои шифобахши чашмаҳои Помир»)-и Икром Бобохоҷаев ва Ширинбек Давлатмаҳмадов, дар ВМКБ дар заминаи 76 чашмаи шифобахш истироҳатгоҳ бунёд кардан мумкин аст.
Дар назди ҳар як намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар бояд масъули соҳаи туризм бошад. Ин масъулон бояд забони мардуми кишвари фаъолиятмекардаашонро донанд. Масалан, на ҳамаи сокинони мамолики арабӣ, Покистон, Ҳиндустон ва ғайра забони англисиро медонанд.
Барои рушди ҳар соҳа мавҷуд будани кадрҳои баландихтисос муҳим аст. Дар самти омодакунии мутахассисони соҳаи туризм махсусан ба забондонии онҳо таваҷҷуҳ бояд кард. Дар факултетҳои забономӯзии донишкадаю донишгоҳҳо ба ҷойҳои дидании мамлакат саёҳати гурӯҳӣ ташкил намуда, аз донишҷӯён талаб карда шавад, ки хотираҳояшонро аз ин сафар бо забонҳои хориҷӣ (арабӣ, англисӣ, русӣ…) дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой диҳанд.
Агар мо ҳар қадар иттилооти мусбату ҷолибро дар бораи кишвари амну осуда ва бостониамон зиёдтар нашр кунем, ҳамон андоза ташрифи сайёҳон ба ҷумҳуриамон бештар мешавад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»