Аз даврони шӯравӣ то ба имрӯз хеле зиёд бо роҳи Душанбе -Хуҷанд тавассути нақлиёти рӯизаминӣ сафар кардаам. Воқеан ҳам, дар ин масофаи тӯлонӣ (беш аз 300 километр) мушкилоту нороҳатӣ низ зиёд аст. Пештар дар ҳафт — ҳашт соат ин масирро убур мекардед ва баъди ба макон расидан хастагии мусофирон ва ронанда хеле зиёд буд. Хушбахтона, таи даҳсолаҳои охир ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азнавсозӣ ва ободии роҳҳо, аз ҷумла дар масири Душанбе — Хуҷанд вазъ ба таври ғайричашмдошт дигаргун шуд.
Акнун мумкин аст ин масофаро дар чор – панҷ соат тай кунед ва бинобар ҳамвору ободии роҳҳо ҳам мусофирон ва ҳам ронандагон роҳату осудагии бештарро эҳсос менамоянд. Ин як ҷониби масъала. Агар жарфтар андеша кунед, роҳҳои обод боиси рушди иқтисодиёт, иҷтимоёт ва тамоми соҳаҳои дигари хоҷагии халқ аст. Аз ин хотир, роҳҳо аҳамияти ҳаётӣ доранд ва беҳуда дар кишвари тозаистиқлоламон баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян нашудааст. Хушбахтона, ин нақшаи бунёдкорона, ки аз таваҷҷуҳи доимӣ ва иқдомоти дурандешонаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, амалӣ гашт ва имрӯз дар тамоми гӯшаю канори мамлакат роҳҳои паҳнбару обод дар хизмати мардум қарор доранд. Агар пештар дар мавсими зимистон ба баъзе минтақаҳои Тоҷикистон тавассути нақлиёти рӯизаминӣ рафтан имкон надошт, айни ҳол дар ҳама фасли сол, ҳатто дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, роҳҳо кушодаанд.
Бунёду таҷдиди роҳ кори муҳиму арзишманд ва савоб аст. Аммо бе нигоҳубини хуби роҳҳо он самараовар нахоҳад буд. Махсусан дар шароити кӯҳистон роҳҳо назорату нигоҳубини мунтазамро талаб мекунанд. Ин ҷониби масъала низ зери таваҷҷуҳу тадбирандешиҳои роҳбарону мутахассисон қарор дорад. Дар ин бобат таҷрибаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили зикр аст, ки инак, 13 сол боз дар кишвар фаъолият мекунад. Тавре маълум аст, солҳои аввали ҷоришавии низоми толлингӣ дар кишвар фикрҳои интиқодӣ нисбати он зиёд буд. Бо вуҷуди он ки баъзе «коршиносон» рисолати филиали «IRS» — ро танҳо «пулчинӣ» арзёбӣ карданд, имрӯз вақт исбот кард, ки фаъолияти «IRS» манфиатовар аст ва саҳми он дар рушди иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт арзанда мебошад.
Собит шуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, ба беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад. Маблағи дар ин самт пардохтнамудаи аҳолӣ пурра барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад.
Тибқи маълумоти Маркази матбуоти ширкати мазкур, аз оғози фаъолият аз ҷониби «IRS» зиёда аз 2 миллион метри мураббаъ роҳи Душанбе – Чаноқ таъмиру азнавсозӣ шуда, бо ин мақсад зиёда 23 ҳазору 595 тонна асфалт сарф карда шуд. Дар ин муддат нигоҳдорӣ ва азнавсозии 36 кӯпруки ин масир бо хароҷоти ниҳоят зиёд амалӣ гардид. Масалан, 3 пули калон, ки дарозии ҳар кадомаш аз 42 то 73 метр аст, пурра азнавсозӣ шудаанд. Ҳангоми таҷдиди роҳи Душанбе — Чаноқ аз рӯи лоиҳа деворҳои ҳимоявӣ (парпетҳо) вуҷуд надоштанд ва аз ин лиҳоз, сохта нашуд. «IRS» бо ташаббуси худ, баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандон дар масофаи 15000 метри тӯлонӣ чунин деворҳоро бунёд кард, ки то ин вақт чандин ҳамватанонамонро аз марг наҷот додааст. Мисоли дигар, дар масире, ки роҳи Душанбе — Чаноқ ҷойгир аст, ягон корхонаи истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонии барои бахши роҳсозӣ зарур вуҷуд надошт. Тӯли 13 сол дар ҳудуди ноҳияи Варзоб 3 корхона, Зарафшон — 3, Суғд 4 корхона, дар маҷмӯъ, 10 корхона мавриди истифода қарор гирифтанд. Бо мақсади таъмини фаъолияти муназзами корхонаҳои мазкур харидории битум ва бо тавсеа ёфтани таъмиру азнавсозии роҳ, бартарафсозии тармаҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ ва ғайра харидории сӯзишворӣ хеле афзуда, ҳар сол ҳаҷми зиёди ин мавод дастрас мешавад, — иттилоъ доданд аз Маркази матбуоти ширкати мазкур.
Ҳоло дар филиали ширкат 872 нафар фаъолият доранд (соли 2009 кормандони филиали ширкат ҳамагӣ 24 нафар буданд). Дар маҷмӯъ, зиёда аз 50000 нафар ба шарофати мавҷудияти филиали ширкат манбаи даромад доранд. Мутаассифона, дар 13 соли фаъолият 10 корманди «IRS» ҳангоми иҷрои вазифа, яъне таъмини ҳаракати бехатарии истифодабарандагони роҳ ҳалок шуданд.
Тавре ишора кардем, аҳамияти роҳи Душанбе — Чаноқ ба сифати пойгоҳи асосӣ барои таъмини фаъолнокии иқтисодии мамлакат низ зиёд аст. Барои мисол, солҳои 2009 — 2018, замони мавҷудияти маҳдудияти марзӣ ҳама молу мавод ва маҳсулот тавассути ин роҳ интиқол дода мешуд. Аз ин бармеояд, ки роҳи моҳияти стратегидошта дар раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ низ саҳми арзанда гузоштааст.
- Бо мақсади дастгирии сиёсати иҷтимоии давлат, бо вуҷуди он ки маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешавад, барои гузариши нақлиёти гаронвазне, ки ба марказҳои барқу гармидиҳӣ ангишт мекашанд, чунин маҳдудият ҷорӣ нашуд. Ҳол он ки ин иқдом боиси осеб дидани масофаи зиёди роҳ ва хароҷоти бениҳоят зиёди «IRS» гашта истодааст. Бо ин амал «IRS» дар омодагӣ ба зимистонгузаронии сокинони пойтахт то андозае мусоидат намуд. Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе — Чаноқ нигоҳубини 24 — соатаро талаб менамояд. Нигоҳдории роҳ масъулияти ҳарлаҳзаинаро тақозо менамояд ва дар сурати каме бетафовутӣ мушкили зиёд рӯи кор меояд. Агар дар фасли тирамоҳу зимистон кормандони «IRS» ба бартараф намудани тармаҳо, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш машғул шаванд, дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, рафъи пайомади бориши борон, омадани сел, лағжиши кӯҳпора, соҳилмустаҳкамкунӣ самти асосии фаъолият аст,- гуфт директори филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Сафаров ва меафзояд: — Дар солҳои 2013 — 2016 бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии корпоративии худ «IRS» лоиҳаи нигоҳдории қитъаи Нуробод — Нимич дар шоҳроҳи Душанбе — Рашт — сарҳади Қирғизистон (дар масофаи 73 километр)-ро бе мақсади гирифтани фоида татбиқ намуд. Ба ин восита филиали ширкат дар тамдиди муҳлати истифодаи яке аз роҳҳои дигари аҳамияти стратегидошта саҳм гузошт.
Ин нукта низ боиси зикр аст, ки фаъолияти «IRS» дар шароити аз нигоҳи ҷуғрофӣ душвори кӯҳистон пеш меравад. Дар ин самт баъзан ҳодисаҳои ғайричашмдошт ба амал омада, кори таъмиргаронро мушкил ва дучанд мегардонад.
Ҳоло «IRS» соҳиби пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, шумораи техникаву механизмҳо ба 210 адад расидааст. Роҳбарияти ширкат ният дорад пойгоҳро бо техникаю механизмҳои муосир боз ҳам пурра гардонад, зеро бе иҷрои ин кор, тибқи талабот, роҳандозӣ намудани фаъолият ғайриимкон аст.
Вақте бо фаъолияти ширкат шиносӣ пайдо кардем, маълум гашт, ки он гуногунҷанба буда, тӯли 13 соли фаъолият корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, бо мақсади бароҳат намудани гузариши плазаҳо, дар плазаҳои толлингӣ паҳноии роҳ аз 7 метр ба 50 метр зиёд шуда, теъдоди хатҳои гузариш аз 2 ба 8-то расид. Дар ин раванд технологияи аврупоӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ёдрас мешавем, ки дар дигар давлатҳо ширкатҳои ба ин кор машғулбуда ба бунёди плазаҳои замонавӣ умуман таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Ҳамчунин дар тӯли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла, пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бо мақсади пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла баландшавии сатҳи оби дарёҳо дар фаслҳои баҳору тобистон, ки баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд, дар муддати 13 сол 50000 метри мураббаъ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом ёфтанд.
Воқеан, иқдомеро роҳандозӣ кардан, аз ҷумла фаҳмонидани муҳимияти фаъолияти ширкат ба аҳли ҷомеа, кори саҳлу осон набуд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»