Муовини президенти Бонки ҷаҳонӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер 16 ноябр, зимни маросими ифтитоҳи аввалин чархаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» иброз дошт, ки дар сурати ҳамгироӣ ба барномаи нисбатан васеи ислоҳоти иқтисодӣ ва модели боэътимоди макрофискалӣ, НБО-и «Роғун» метавонад сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистонро боз ҳам боло барад.
Ба гуфтаи ҷаноби Мюллер, НБО-и «Роғун» метавонад манбаи неруи барқи ниҳоят зарурии арзон, барқароршаванда ва боэътимод барои мардуми Тоҷикистон гардад. Инчунин, метавонад сарчашмаи аввалиндараҷаи содироти неруи барқ шуда, барои дигар сармоягузориҳои калидӣ ҷиҳати мусоидат ба таҳаввули иқтисоди Тоҷикистон ва фароҳам овардани замина барои ояндаи шукуфон сарчашмаи муҳими даромад бошад.
Сирил Мюллер зикр кард, ки Бонки ҷаҳонӣ гузаронидани тадқиқоти баҳодиҳии НБО-и «Роғун»-ро соли 2014 маблағгузорӣ намуд. Тибқи хулосаҳои тадқиқот, НБО-и «Роғун» метавонад Тоҷикистонро дар масири рушди фарогир ва устувор қарор диҳад. Инчунин, неругоҳ метавонад ҳамчун асос барои бозори минтақавии неруи барқ, ки Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Шарқиро фаро мегирад, хизмат намояд ва ба ҳамкории байни кишварҳои ҳамсоя дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ, аз қабили идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи Амударё, мусоидат кунад.
- Тадқиқот нишон дод, ки НБО-и «Роғун» дорои имконияти баланд бардоштани бехатарии силсилаи неругоҳҳои дар дарёи Вахш қарордошта мебошад ва бо бартараф намудани мушкили таҳшинҳо муҳлати истифодабарии НБО-и «Норак»-ро тақрибан сад сол зиёд мекунад, — зикр намуд муовини президенти Бонки ҷаҳонӣ.
- Бо дарназардошти таърихи дурударози қатъи неруи барқ дар Тоҷикистон, бахусус, дар моҳҳои сарди зимистон, бахши энергетикаи Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ боқӣ мемонад, — изҳор дошт ҷаноби Сирил Мюллер.
Айни замон сармоягузорӣ дар бахши мазкур 415 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Он ба дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар самти барқарорсозии НБО-и «Норак», беҳтар намудани имконияти содироти неруи барқи зиёдатӣ тавассути шабакаи интиқоли барқи CASA-1000 ба бозорҳои ҳамсоя дар Осиёи Ҷанубӣ ва амалисозии ислоҳоти нисбатан васеъ равона шудааст.
Соли равон Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ 25-солагии ҳамкории муштаракро таҷлил мекунанд. Тавре муовини президенти Бонки ҷаҳонӣ хабар дод, ин муддат Бонки ҷаҳонӣ маблағи бештар аз 1,4 миллиард доллари ИМА-ро дар шакли грантҳои АБР, қарзҳои имтиёзнок ва маблағи фондҳои мақсаднок ба Тоҷикистон пешниҳод намудааст. Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ҷонибдори идомадиҳии дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад, зеро кишвар кӯшиш намуда истодааст, ки зиндагии мардумро беҳтар намуда, талаботи аҳолии ҷавон ва афзоишёбандаро қонеъ созад.
«Садои мардум»