Ба озмун

Сирри худро аз табиб пинҳон мадор!

№ 14.10.2022

Пинҳон доштани ВНМО зарар ба худи бемор ва ҷомеа аст 

СПИДАз замоне, ки инсон дар рӯи замин пайдо шуд, фалокату бемориҳо дунболагири ӯст. Бо гузашти айём, дар натиҷаи пеш гирифтани  тарзи нодурусти  ҳаёт, таъсири манфӣ расонидан  ба муҳити зист ва вайрон кардани мувозинати табиат бемориҳои нав пайдо шуданд. Чунончи, моҳи июни соли 1981 олимони Маркази  назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА дар бораи бемории наве хабар доданд, ки он баъдтар  (соли 1982) Бемории пайдошудаи норасоии  масуният (СПИД, AIDS) ном гирифт. Соли 1984 олими фаронсавӣ Люк Монтане аз Донишгоҳи Пастер ва Роберт Галло аз Маркази миллии бемории саратон (ИМА) вирусеро аз гурӯҳи ретровирусҳо ҷудо намуданд, ки ба системаи муҳофизатӣ (масуният)-и инсон зарар расонида, боиси сарзании Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ) мегардад. Онро Вируси Норасоии масунияти одам (ВНМО, HIV) ном гузоштанд.

Имрӯз ВНМО ба яке аз мушкилоти глобалии соҳаи тандурустии ҷаҳон табдил ёфтааст. Мувофиқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) аз соли 1981 то 27 июли соли равон аз ин беморӣ дар сайёра 40,1 миллион нафар фавтиданд. Танҳо дар соли 2021 аз бемории мазкур 650000 нафар фавтида, 1,5 миллион ҳолати нави гирифторӣ ба ВНМО ба қайд гирифта шуд. То ибтидои соли равон дар ҷаҳон 38,4 миллион нафар гирифторони ВНМО зиндагӣ мекарданд, ки аз се ду ҳиссаи онро сокинони кишварҳои африқоӣ ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи духтури сироятшинос, Аълочии тандурустии ИҶШС, Маҳмурод Ашӯров, ки собиқаи 50-солаи корӣ дорад, ВНМО ба системаи муҳофизатии организм зарба зада, ҷисми инсонро дар муқобили  бисёр сироят (инфексия)-ҳо  ва як қатор намудҳои саратон, ки организми шахси солим бо он мубориза бурда метавонад, заиф мегардонад. Вируси мазкур оҳиста-оҳиста ҳуҷайраҳои муҳофизатиро вайрон карда, фаъолияти системаи масуниятро халалдор менамояд. Дар сурати пинҳон доштани беморӣ ва ба табобат фаро нагирифтани он метавонад ба БПНМ бипечад.

- Давоми якчанд моҳи аввали гирифторшавӣ ба ВНМО, ки дараҷаи сироятнокиашон нисбатан баланд аст, беморон чандон нишонаи махсусро ҳис намекунанд. Дар баъзеҳо таби баланд, дарди сар ва дарди гулӯ ба мушоҳида мерасад. Бо мурури вақт, ки вирус системаи масуниятро заиф мегардонад, дар бемор камшавии вазн, табларза, сулфа, бемориҳои пӯст ва шикамрав низ рӯй медиҳад. Ҳангоми сари вақт ба муолиҷаи зиддиретровирусӣ фаро нагирифтани бемор ӯ метавонад ба менингит, сил, сироятҳои  бактериалӣ ва бемориҳои саратонӣ гирифтор шавад, — мегӯяд духтури дараҷаи олӣ Маҳмурод Ашӯров.

ВНМО тавассути моеъҳои гуногуни биологии шахсони сироятшуда, мисли хун, нутфа, тарашшуҳоти узвҳои пинҳонӣ ба шахси дигар мегузарад. Ҳамчунин, ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд ВНМО метавонад аз модари бемор ба тифл сироят кунад.

Ашхосе, ки робитаи ҷинсии номашрӯъ доранд, нафарони гирифтори бемориҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда ва шахсони истифодабарандаи маводи мухаддир бо роҳи тазриқӣ бештар ба гурӯҳи осебпазир шомил мешаванд. Давомнокии ҷараёни ВНМО аз якчанд моҳ то 15-20 сол идома меёбад.

Аз рӯи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО аз соли 1991 то шашмоҳаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 14 000 нафар шахсони гирифтори ВНМО ба қайд гирифта шудаанд.

Дар мамлакат раванди камшавии шумораи бо ВНМО дарёфтшудагон ба назар мерасад. Масалан, соли 2019 шумораи умумии шахсони нав бо ВНМО сироятёфта дар ҷумҳурӣ 1320 нафарро ташкил медод. Ин рақам соли 2020 ба 1084 нафар расид, ки дар муқоиса бо як соли қаблӣ 236 нафар кам мебошад.

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи   Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон  Каримхон Абдураҳимзода мегӯяд, ки   тибқи маълумоти омори расмӣ  дар вилоят аз  соли 1991 то  охири моҳи августи соли равон  шумораи умумии сироятёфтагони Вируси норасоии масунияти одам 4344 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 2670  нафарро мардҳо (61,5%)  ва  1674 нафарро занҳо (38,5%)  ташкил дода, кӯдакони то 18- сола 335 нафар (7,7 %)   мебошанд. Аз ин шумора бо сабабҳои гуногун 1161 нафарашон фавтиданд  ва 3183  нафар шахсони бо ВНМО зиндагикунанда дар қайд мебошанд.     Шӯъбаҳои диспансерии  марказҳои Вируси норасоии масунияти одам дар вилояти Хатлон бақайдгирии беморони Вируси норасоии масъунияти одамро  дуруст ба роҳ монда, мунтазам сӯҳбату маслиҳатҳои профилактикӣ, табобати беморони Вируси норасоии масунияти одам ва тақсимоти маводи зиддиретровирусиро  гузаронида истодаанд. Айни замон таъмини доруҳои зиддиретровирусӣ ба пуррагӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалии Хазинаи Фонди Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди Бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа амалӣ шуда истодааст. Норасоии доруворӣ то имрӯз ба мушоҳида нарасидааст.

Дар  марказҳои  бемориҳои  наркологии  вилоятӣ ташкили   фаъолияти корӣ бо истифодаи усулҳои муосир дар соҳаи    наркологии   вилоят  ба  роҳ монда  шудааст. Яке аз  вазифаҳои асосии  марказҳои  наркологии   дар  вилоят  фаъолиятдошта ин  амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти мониторинг,  таҳлил ва баҳодиҳии вазъ, пешгирӣ ва паст намудани сироятёбии бемориҳои бо роҳи тазриқӣ (ба воситаи сӯзандору) гузаранда, табобати бемориҳои аз маводи нашъадор ва машруботи спиртдор вобаста мебошад.

Яке аз омилҳое, ки сабаби паҳншавии ВНМО дар байни аҳолии мамлакат гардидааст, ин муҳоҷирати меҳнатист. Зеро ҷавонон бо мақсади пайдо кардани ризқу рӯзӣ ба кишварҳое, ки ҳолати эпидемикиашон  оид ба сирояти ВНМО дар муқоиса бо кишвари мо ташвишовартар аст, сафар мекунанд. Аз ин рӯ дар муҳоҷирати меҳнатӣ эҳтимолияти гирифторшавии ҷавонон ба бемориҳои тавассути  алоқаи ҷинсӣ ва хун гузаранда зиёд мебошад.

Дар мамлакат барои пешгирии сирояти ВНМО ва ошкору ба муолиҷа фаро гирифтани сироятёфтагон корҳои зиёд карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 Стратегияи  Барномаи муштараки СММ оид ба пешгирии ВНМО барои солҳои 2016-2021-ро, ки ба пурзӯр намудани  фаъолиятҳо баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 бахшида шудааст ва яке аз бахшҳои муҳим дар чаҳорчӯби расидан ба ҳадафҳои  рушди босубот мебошад, қабул намуд. Ҳадафу вазифаҳои ин ҳуҷҷати муҳим бо ҳолати кунунии эпидемияи ВНМО дар ҷумҳурӣ ҳамоҳанг гардида, онҳо бевосита дар «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли  2021 тасдиқ шудааст, инъикос гардидаанд.

Тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2019 роҳбарони шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби  мутахассисони соҳибтаҷрибаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки дорои шаҳодатномаи тахассусӣ мебошанд, як нафар табиби оилавиро баҳри беҳтар намудани сатҳи иттилооти аҳолӣ доир ба сирояти ВНМО ҳангоми ташрифи хонаводаҳо, додани роҳхат барои ташхиси ВНМО ҳангоми гумонбарӣ ба мавҷудияти ин сироят, ҳангоми зарурат ҳамроҳӣ намудани сироятёфтагон ба назди дигар мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва як нафар  табиби сироятшиносро бо мақсади назорати диспансерии сироятёфтагони ВНМО ҳамчун шахсони масъул таъмин менамоянд.

Ба гуфтаи табиби рӯҳшинос, номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ баъзеҳо ба хотири дар ҷомеа шармсор нашудан аз тести ВНМО намегузаранд ё бемориашонро пинҳон медоранд, ки ин ҳам ба зарари худашон ва ҳам ба зарари ҷомеа аст. Зеро дар сурати саривақт муайяну ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифтани ашхоси ба ВНМО сироятёфта метавон бисёр ҳолатҳои вазнинро пешгирӣ кард.

Соли 2005 дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба ВНМО ва БПНМ» қабул гардид, ки он риояи ҳуқуқҳои шахсони бо ВНМО зиндагикунандаро кафолат дода, пешниҳоди кумаки тиббии ройгон, дастгирии иҷтимоӣ, гузаронидани чорабиниҳои гуногуни муқовимат ба ВНМО-ро  дар бар мегирад. Соли 2008 ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид шуд. Тибқи он мувофиқи талаботи башардӯстӣ, эҳтиром ва  риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз матни қонуни соли 2005 қабулшуда қисми моддаи 9 «Оиди депортатсияи шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳолати муайян гардидани сирояти ВНМО» бароварда шуд. Ворид кардани ин тағйирот ба кишвари мо имкон дод, ки аз рӯихати 29 давлати то сои 2008 ба депортатсияи шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси дарёфти ВНМО ҷойгирифта барояд.

- Барои пешгирии сироятёбӣ  ба ВНМО Нақши воситаҳои ахбори омма хеле калон аст. Бояд пайваста дар хусуси гузаштан аз ташхиси гирифторӣ ба ВНМО, худдорӣ аз истифодаи маводи мухаддир, парҳез аз робитаҳои ҷинсии номашруъ ва беҳимоят, роҳ надодан ба табъиз (дискриминатсия)-и мубталоёни ВНМО матолиб нашр кард. Доир намудани вохӯриҳо ва вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар ҳалли мушкилоти вобаста ба паҳншавии ВНМО низ муҳим аст, — мегӯяд Саидҷон Нодирӣ.

Дарвоқеъ, пинҳон доштани ҳар гуна беморӣ аз табиб ба зарари бемор аст. Агар бемор сирри  худро аз табиб пинҳон надошта сари вақт мушкилашро бигӯяд, муолиҷа зудтар  ва осонтар сурат мегирад.

Аттори Нишопурӣ дар ин хусус фармудааст:

Сирри худро аз ду кас пинҳон мадор:

Аз табиби ҳозиқу аз ёри ғор.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»