Ситоди ҷумҳуриявӣ аз ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 хабар дод

№81 (4343) 22.06.2021

Hukumati-CHumhurii-Tochikiston21 июни соли 2021 таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  коронавирус COVID-19 дар мамлакат баргузор гашт.

Зимни он вазъи ҳолати кунунӣ дар ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон, захира ва нигоҳдории доруворию маҳлулҳои беза­раргардонӣ, пурзӯр кардани тадбир ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизмат­расонии тиббӣ ва ҳамкории мутақобилаи сохторҳои аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва дигар масъалаҳои мубрам таҳлилу баррасӣ шуданд.

Ҳамин тариқ, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус  COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд.

Мутахассисон омили асосии хурӯҷи навбатии бемориро бетаваҷҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.

Вобаста ба ин, аз ҳар сокини мамлакат, қатъиян риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, бе зарурат гаштугузор накардан, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маҳлулҳои безараргардонӣ талаб карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки бо сабаби хурӯҷи дубораи бемории сироятии коронавирус дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон бори дигар фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ, баргузории ҷашну маросим, гаштугузор дар боғу гулгашт ва маконҳое, ки он ҷо пайвас­та одамон ҷамъ мегарданд,  қатъ, ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ маҳдуд ва вазъияти карантинӣ эълон карда шудааст.

Дар робита ба ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус  COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор, аз ҷумла,  пурзӯр намудани ҳамоҳангии  фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, назорати марказҳои хизматрасонию фарҳангӣ,  андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ ҳангоми гузаронидани тӯй, маъракаҳо ва маросими дафн, ҳамчунин, бо мақсади пешгирии паҳншавии  бемории сироятии коронавирус андешидани чораҳои зарурӣ ҳангоми анҷом додани парвозҳои байналмилалиро, қабул намуд.

«Садои мардум»