Сеюми ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» Форуми сеюми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.
Дар он масоили вобаста ба сиёсати ҳуқуқии давлат, рушди қонунгузории ҷумҳурӣ, дастрасӣ ба адолати судӣ, ҳуқуқ ва иқтисодиёт, таъмини волоияти ҳуқуқ ва шароити мусоиди корӣ баррасӣ гардиданд. Созмондиҳандагон Ҳукумат ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди СММ, филиали Ассотсиатсияи «Ҳелветас Свисс Интеркооперейшен» ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ барои ҷолиб баргузор шудани ҳамоиш чораҳои зарурӣ ба роҳ монданд.
Шарофат Абдулвоҳидова,
«Садои мардум»