Дар шаҳри Хоруғ маросими оғози слёти геологҳои ҷавони ҷумҳурӣ баргузор шуд. Дар слёт 7 дастаи геологҳои ҷавон аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ, намояндагони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллӣ ширкат доранд. Муовини раиси ВМКБ Исрор Исроров зимни суханрониаш баён дошт, ки чунин чорабиниҳо ба афзоиши шавқу рағбати насли наврас ба заминшиносӣ ва геология мусоидат мекунад. Фоида аз истихроҷи маодин дар оянда метавонад қисмати асосии иқтисоди ҷумҳуриро ташкил диҳад. — Хуб донистани кишвари хеш ба боло рафтани ҳисси ватандӯстии насли ҷавон низ мусоидат мекунад, — гуфт ӯ.
Муовини сардори Саридораи геология Раҳмонбек Бахтдавлатов қайд намуд, ки бори ҳафтум аст, геологҳои ҷавон дар слёт ҷамъ меоянд. Вай ёдовар шуд, ки намояндагони тимҳои ғолиб дар слёти геологҳои ҷавон дар Федератсияи Россия ва Қазоқистон иштирок мекунанд. Имсол низ ғолибон ба шаҳри Кемеровои Россия барои ширкат дар чунин ҳамоиш фиристода мешаванд.
Ширкаткунандагони слёт тайи як ҳафта дар осоишгоҳи «Саодат», воқеъ дар маҳалли Поршиневи ноҳияи Шуғнон, истироҳат менамоянд. Дар баробари истироҳат геологҳои ҷавон дар ин ҷо барои намоиш гӯшаи геологӣ омода намуда, дар озмунҳои гуногун, ба мисли «Буриши геологӣ», «Риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои геологӣ», Ташхиси минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳӣ, «Шустани таҳшинҳо», «Тартиб додани хатсайри геологӣ» ва ғайра ширкат меварзанд.
Ш.Шоҳқосимов, «Садои мардум»