Тоҷикистон дорои иқлими хос ва беназир аст. Ҳарчанд 7 дарсад аз ҳудуди онро ҳамворӣ ташкил кунад ҳам, бинобар ҳосилнокии замин ва таъму лаззати хос доштани маҳсулоти кишоварзӣ, онро кишвари аграрӣ мегӯянд. Воқеан, табиати нотакрори Ватан, бо гуногунии иқлими минтақаҳояш биҳишти рӯи заминро мемонад. Ҳар сол аз моҳи апрел то ноябр бозорҳои он пур аз маҳсулоти тару тозаи кишоварзист. Яъне, чор моҳ аз маҳсулоти захирашуда истифода мекунем. Ҳама нозу неъмат бо заҳмати деҳқонон ва аҳолии меҳнатдӯсти кишвар, ки 75 дарсад дар деҳот зиндагӣ мекунанд, ба даст меояд. Дар ин баробар, барои дуруст ба роҳ мондани раванди киштукор ва парвариши зироат мусоидати мутахассисони соҳа низ зарур аст. Хусусан, хуб кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таъмини деҳқонон бо об аз чигунагии фаъолияти кормандони мақомоти беҳдошти замину обёрӣ вобастагии калон дорад. Агар ҳолати мелиоративии замин ба талабот ҷавобгӯ набошад ва майдонҳои кишт сари вақт ва бо меъёри муайяншуда бо об таъмин нагарданд, дар натиҷа, ба ҳосилнокӣ таъсири манфӣ мерасад. Аз ин рӯ, ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ ба фаъолияти кормандони соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ низ вобастагӣ дорад.
Мутобиқи маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то якуми январи соли 2021 дар кишвар 762851 гектар замини обӣ мавҷуд мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 80 дарсади қувваи қобили кории бахши кишоварзиро аҳолии деҳот ташкил дода, 80 фоизи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ аз заминҳои обёришаванда ба даст оварда мешаванд. Бахши кишоварзӣ зиёда аз 20 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилро ташкил медиҳад
Тибқи маълумоти Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои обёрӣ намудани заминҳои кишоварзӣ 29,8 ҳазор километр шабакаи обёрӣ, 13,1 ҳазор километр заҳбуру заҳкаш, 7427 иншооти гидротехникӣ, 393 пойгоҳи обкашӣ ва 505 чоҳи амудӣ хизмат мерасонад. Аз миқдори умумии пойгоҳҳои обкашӣ 228 адади онро пойгоҳҳои обкашии силсилавӣ ташкил медиҳад, ки обро аз 2 то 7 зина бароварда, 214,7 ҳазор гектар заминро бо об таъмин менамояд. Пойгоҳҳои боқимонда якзинагӣ буда, тавассути он 76,6 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ обёрӣ мешаванд.
Тайи 30 соли соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва бо об таъмин кардани зироатҳои кишоварзӣ тадбири зиёд андешид. Дар доираи амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ҳазорҳо гектар замини нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, инчунин, ҳар сол тибқи нақша, ҳолати мелиоративии заминҳои кишт беҳтар мешаванд. Масалан, соли ҷорӣ идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар ҷумҳурӣ бо 60093 истифодабарандаи об дар майдони 545504 гектар шартномаи доду гирифти обро ба имзо расониданд.
Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо соли ҷорӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳоро тоза намуда, таъмири иншооти гидротехникиро дуруст ба роҳ монда, иншооти обёриро ба мавсими обдиҳӣ омода намуданд ва аз тариқи шабакаҳои худҷорӣ заминҳои кишоварзиро бо об таъмин карда истодаанд.
Ҳамчунин, аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо то 1 апрели соли 2021 дар майдони 8187 гектар шӯршӯйкунии заминҳо ва дар майдони 65799 гектар обмонии захиравӣ гузаронида шудааст.
Тибқи дархости кишоварзон, ба онҳо дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 3688,1 млн. метри мукааб (нисбат ба соли гузашта 59,9 млн. метри мукааб зиёдтар) бо арзиши 71,5 млн. сомонӣ (нисбат ба соли гузашта 1,1 млн. сомонӣ зиёдтар) хизмати обрасонӣ шудааст.
Яке аз вазифаҳои асосии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, ки он яке аз омили асосии баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Бо ин мақсад, бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ соли 2021 дар доираи барномаи «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» дар ҷумҳурӣ беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 9649 гектар замини обёришавандаи кишоварзӣ ба маблағи умумии 10165 ҳазор сомонӣ (аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ 2393, буҷаи маҳаллӣ 6544 ва аз ҳисоби буҷаи мутамарказ 1228 ҳазор сомонӣ) ба нақша гирифта шуда, то 1 сентябри соли 2021 корҳои мелиоративӣ ба маблағи 5657 ҳазор сомонӣ (56 фоиз) ба анҷом расонида, ҳолати 6205 гектар (64 фоиз) замини ғайриқаноатбахши мелиоративӣ беҳтар шуд.
Дар самти азхудкунии заминҳои нав ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда низ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Дар доираи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», дар ҳашт сол аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ 3679 гектар замини нави обёришаванда ба маблағи 17,46 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ 11205 гектар замини нав ба маблағи 619,4 млн. сомонӣ, дар маҷмӯъ, 14884 гектар замини нав ба маблағи 636,86 млн. сомонӣ ба истифодаи кишоварзӣ дода шуд. Дар ин муддат 20,1 ҳазор гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба маблағи 7,3 млн. сомонӣ барқарор карда шуд. Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ 35,08 ҳазор гектар замин ба маблағи 644,2 млн. сомонӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Соли равон низ барои иншооти сохтмони асосии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети мутамарказ 16,0 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, аз худ намудани 570 гектар замини нав, беҳтар намудани таъминоти об дар 1270 гектар замин, барқарор намудани 200 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 1,58 километр, парма кардани 4 чоҳи амудӣ ва кашидани қубури обгузар ба дарозии 10,31 километр ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 7,79 млн. сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба иҷро расонида шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 таҳти №285 «Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», соли 2021 гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи 86,3 млн. сомонӣ ба дарозии 31300 метр пешбинӣ гардидааст.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ, тайи ҳафт моҳи соли 2021 дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳама манбаъ ба маблағи 34,77 млн. сомонӣ ба дарозии 10052 метр корҳо иҷро шуданд.
Дар доираи барқарорсозӣ, таъмир ва навсозии (модернизатсия) пойгоҳҳои обкашӣ, ки бо мақсади қонеъ намудани талаботи кишоварзон бо об амалӣ мегардад, аз хориҷи кишвар пайваста таҷҳизоти каммасрафи муосир ворид мешаванд.
Солҳои 2016-2017 аз ҷониби Ширкати муштараки Хитой-Тоҷикистон «Ҷунтай-Хатлон Синсилу» 32 адад таҷҳизоти муосир, аз ҷумла, дастгоҳҳои обкашӣ, таҷҳизоти барқии ёрирасон ворид карда, 24 адади он дар пойгоҳҳои обкашии мавзеи «Гараутӣ»-и ноҳияи Дӯстӣ ва 8 адад дастгоҳи обкашӣ дар мавзеи «Қубодиён»-и ноҳияи Қубодиён васл карда шуд, ки мунтазам фаъолият доранд.
Инчунин, дар мавзеи «Қарадум»-и ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби Иттиҳоди «Водии Заррин» сохтмони пойгоҳи обкашии муосир дар дарёи Вахш бо васлу насби 3 дастгоҳи обкашии тамғаи 1600HLB8,5-10, муҳаррики барқии-Ykk5603-8 бо иқтидори обтаъминкунии 30 600 м3/соат, баландии манометрӣ 10 метр, иқтидори умумии пойгоҳи обкашӣ 91 800 м3/соат мавриди амал қарор дода шуд. Он имкон фароҳам овард, ки 5707 гектар замин аз худ гардида, ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шавад.
Ҳамчунин, ҷиҳати таҷҳизонидани пойгоҳҳои обкашӣ бо таҷҳизотҳои каммасрафи технологии нав дархости лоиҳаи барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии ГНС-1, 2 ва 3 дар ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров дар маҷмӯъ, ба маблағи умумии 113,6 млн.доллари ИМА таҳия гардида, барои маблағгузорӣ ба рӯйхати «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 таҳти №772 ва бо тағйиру иловаҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 таҳти №383 тасдиқ гардидааст, ворид карда шуд.
Ҳамчунин, дар доираи гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ» барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Фархор ва Восеъ дастгирӣ ёфта, корҳо дар ин самт оғоз гардидааст.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ зери таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди он миллионҳо сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Зеро иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии давлат — таъмини амнияти озуқаворӣ ба соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ алоқаи бевосита дорад. Саҳми кормандони соҳа дар самти таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ назаррас аст.
Абдуҷаббор УМАРОВ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон