Соҳибкорӣ аз миннатдорӣ то имтиёзҳои нав

№13 (4909) 30.01.2025

КоллажДар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28-уми декабри соли 2024 дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ ироа гардид, масъа­лаҳои муҳимтарини ҳаёти кишвар таҳлилу баррасӣ шуданд.

Аз ҷумла, дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ яке аз масъалаҳои муҳими Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки «… дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад».

Дар ҳақиқат, соҳибкорон ва сокинони баору номуси Ватан дар корҳои ободонию созандагӣ ва пешрафту тараққиёти Ватани маҳбубамон саҳми арзанда мегузоранд. Бинобар ин, Роҳбари давлат дар Паём ба соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати кишвар ва саҳмгузорӣ дар ободию пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.

Ҳамзамон, Президенти мамлакат бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ лозим донистанд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо боз ҳам маҳдуд карда шавад. Дар робита ба ин, Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад. Бо мақсади амалӣ намудани иқдоми мазкур Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъект­ҳои соҳибкорӣ» аз 10-уми январи соли 2025 ба имзо расид. Дар ин асос ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027 мораторий эълон гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуд, ки барои иҷрои фармони зикргардида дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро манзур созад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» (аз 8-уми июни соли 2022) мафҳуми мораторий ба санҷишҳо бо мазмуни зерин маънидод шудааст: «Мораторий ба санҷишҳо – муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси Қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ».

Лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорию сармоягузорӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои 2008-2022 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022) дар кишвар 4 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шуда буд. Мораторияҳои эълонгардида ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ, воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ, барои беҳбудии некуаҳволӣ мусоидат карданд.

Сарвари давлат дар Паём, ҳамчунин, оид ба ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ махсус таъкид намуда, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамотҳои алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳоро муваззаф намуданд, ки фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқию ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.

Бо ин тартиб, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷиҳати ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон ва дар маҷмуъ, рушди соҳибкорӣ дар кишвар имкониятҳои наву муҳимро фароҳам намудааст.

Дилшод АЛИЗОДА,

мудири бахши қабули шаҳрвандони Дастгоҳи МН МО ҶТ