Се сол аст, ки дар кишвар Кодекси нави андоз мавриди амал қарор дорад. Эътироф бояд кард, ки баъд аз мавриди амал қарор гирифтани он шумораи соҳибкороне, ки фаъолиятро қатъ намуданд, афзуд ва ин раванд идома дорад. Табиист, ки ин «дастак»-и хубест барои ба ном «коршиносон», ки аз ҳар камбудии ҷузъӣ «ливо» сохта, ба маънои томаш «аз таги нохун чирк мекобанд».
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода январи соли ҷорӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо маркази таҳқиқотии Шарқ муайян кардаанд, ки 30 фоизи иқтисодиёти кишвар пинҳонӣ аст. Дар пасманзари ибрози ин андеша аз ҷониби нафари масъул метавон аз зовияҳои гуногун хулосабарорӣ намуд. Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки чун 30 фоизи иқтисодиёт пинҳонӣ асту бақияи қарзи корхонаю ташкилотҳо аз андоз то 1 декабри соли 2015-ум 653,2 миллион сомониро ташкил додааст, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонем фаъолияти мақомоти андозро хуб арзёбӣ намоем.
Табиист, ки иқтисоди пинҳонӣ ҳаргиз бе мусоидати як идда кормандони мақомот вуҷуд дошта наметавонад. Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи мамлакат дастгир шудани чанд нафар корманди мақомоти андоз шаҳодати ин гуфта аст. Масъулин иттилоъ дода буданд, ки соли гузашта нақшаи даромади андозро 101,3 фоиз таъмин кардаанд ва талош мекунанд, ки соли равон низ барзиёд иҷро менамоянд.
- Мо худ камбудиҳо дорем. Бисёр имкониятҳое ҳастанд, ки истифода набурдаем. Муҳим давлат тинҷ бошад, буҷетро иҷро мекунем. Дар ин хусус хушбинем, — гуфта буд раиси Кумитаи андоз. Вале нишондиҳандаҳои ду моҳи аввали соли ҷорӣ, ки тибқи онҳо ба Буҷети давлатӣ аз нақшаи пешбинишуда 192 миллион сомонӣ камтар маблағ ворид шудааст, собит намуданд, ки «хушбиниҳо» «пеш аз тӯй нақора навохтан»- ро шабеҳ аст.
Дар нишасти фавқ Н. Давлатзода, инчунин изҳор дошт, ки соли гузашта 22,5 ҳазор соҳибкор фаъолиятро қатъ кардаанд. Дар шарҳи омилҳои ин раванд номбурда минҷумла гуфта буд, ки «аз уҳдаи кор намебароянд, андозҳоро супорида наметавонанд ва ин боиси қатъи фаъолияташон мешавад». Ин суханон то андозае ба «осиёб»-и «ғамхорон»-и мардум «об рехт», зеро аз уҳдаи кор набаромадан, андозҳоро супорида натавонистан омилҳое маҳсуб мешаванд, ба номусоидии шароити фаъолият рабт доранд. Ҳол он ки дар баробари сабабҳои зикршуда омилҳои дигарро, ки нақшашон боризтар аст, метавон номбар кард.
Шоҳиди он будем, ки бо мавриди амал қарор гирифтани ин ҳуҷҷати муҳим миёни шаҳрвандон як қатор нофаҳмиҳо ба миён омад. Аз ҷумла, зарурати табдили фаъолияти соҳибкорӣ аз шахси воқеӣ ба шахси ҳуқуқӣ, ки дар заминаи тартиби нави андозбандии соҳибкорони инфиродӣ амалӣ шуда истодааст, яке аз онҳост. Зиёд мехостам, ки назари соҳибкоронро доир ба ин масъала рӯи қоғаз орам. Вале қисмати аъзами онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд ба журналистон мусоҳиба диҳанд. Ба гуфти баъзеҳояшон, ки худро «ҷабрдида» медонанд, баъд аз нашри мақолот дар бораашон ва ё ибрози назар аз тариқи воситаҳои ахбори омма ҳатман мавриди «таваҷҷуҳ»-и бештари мақомоти назоратӣ қарор мегиранд. Зимни пайгирии масъала муътақид гардидам, ки то мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз Тоҷикистон аз шумори ками кишварҳое маҳсуб мешуд, ки дар он амалӣ намудани номгӯйи хеле васеи фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси патент ҳамчун шахси ҳуқуқӣ имконпазир буд. То ин замон шаҳрвандон метавонистанд фаъолияти соҳибкориро дар бахшҳои хӯроки омма, фурӯши сӯзишворӣ ва ғайра бо ин усул амалӣ намоянд. Баъд аз омӯзиши ҳаматарафа хулоса шуд, ки дар заминаи патент ва ба сифати шахси воқеӣ роҳандозӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар ин самтҳо ба талаботи кунунии ҷомеа ҷавобгӯ нест, зеро аксар маврид соҳибкорон аз ин талабот суиистифода намуда, ҳаҷми воқеии гардиши тиҷорат ва даромадашонро пинҳон мекарданд. Мушоҳида мегардид, ки баъзе соҳибкорон аз фаъолият манфиати зиёд ба даст оварда, намехостанд андози муайяншударо, ки дар муқоиса ба ҳаҷми даромадашон ночиз аст, ба Буҷети давлат супоранд. Дар ин радиф, то ҳол андешаҳое ҷой доранд, ки гӯё Кумитаи андози назди Ҳукумати мамлакат талош дорад то касри аз ҳисоби кам намудани теъдоди андозҳо бамиёномадаро ҷуброн намояд. Дар давлатҳои пешрафтаи олам истифодаи патент зинаи нахустини ворид гаштани шаҳрванд ба иқтисоди бозаргонӣ аст. Яъне, шаҳрванд бо тартиби содатарини андозбандӣ ба соҳибкорӣ оғоз намуда, пас аз пайдо кардани таҷриба ба тартиби бо шаҳодатнома фаъолият намудан мегузарад ва аллакай ҳуқуқ дорад, ки коргари кироя гирад, фаъолияти иқтисодии хориҷиро амалӣ созад, инчунин уҳдадор аст муҳосиботро пеш барад ва ба мақомоти андоз эъломия ва ҳисоботи андозро пешниҳод намояд. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», ки аз 1 июли соли 2009 мавриди амал қарор дорад, тартиби гузаштан аз қайди давлатӣ ва ба фаъолият оғоз намудани соҳибкорони инфиродӣ низ хеле сода гардонида шудааст ва аз се рӯзи корӣ бештарро дар бар намегирад.
Бинобар ин, бо дарназардошти барои шаҳрвандон сода ва қулай будани тартиби ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ бо патент ва шаҳодатнома, кам будани ҳаҷми андоз барои шаҳрвандоне, ки бо ин шакл ба соҳибкорӣ машғул мешаванд, тартиби мазкур дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав нигоҳ дошта шудааст. Тибқи Кодекси андоз дар таҳрири нав, низомҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла бе ташкили шахси ҳуқуқӣ сода ва ба шароити имрӯзаи бозоргонӣ мутобиқ карда шудааст. Тибқи қонунгузории андоз, дорандагони патент барои бурдани ҳисоби муҳосибӣ, мавриди истифода қарор додани мошинаҳои назоратии хазинавӣ ва пешниҳод намудани эъломияҳои андоз уҳдадор намебошанд. Ҳамрадиф бо ин омилҳо, соҳибкори инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамояд, ҳуқуқ дорад аз рӯи маҳалли фаъолияти худ, новобаста аз он ки дар кадом ноҳия қарор дорад, бақайдгирии давлатиро гузарад. Барои ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав мутобиқ намудани тартиби бақайдгирӣ ва андозбандии соҳибкорони инфиродӣ муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009 таҳти №656 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои андозбандии шахсони воқеие, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғуланд», такмил дода, 31 августи соли 2012 таҳти №451 дар таҳрири нав қабул гардид. Ҳамчунин, дар асоси он «Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд» тасдиқ ва аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор гирифт.
Бино ба шарҳи масъулин, ҳангоми таҳияи қарори мазкур тағйироту иловаҳо дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати бақайдгирӣ, назорати фаъолият ва андозбандии соҳибкорони инфиродӣ ба инобат гирифта шудааст. Масъулин муътақиданд, ки мавриди истифода қарор гирифтани тартиби нави андозбандии соҳибкорони инфиродӣ ба бартараф намудани нобаробариҳо нигаронида шудааст.
Дар шарҳи вобаста ба масъалаи мазкур он замон пешниҳодгардида, минҷумла зикр шуда буд, ки бо мақсади бартараф намудани номукаммалиҳо ҳангоми таҳияи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012 таҳти №451 ба тартиби андозбандии соҳибкорони инфиродӣ тағйироти зерин ворид карда шуд, ки тартиби бо патент машғул шудан ба соҳибкориро боз ҳам содатар менамояд: 1) муқаррар карда шуд, ки ҳангоми ба амал омадани сӯхтор дар маҳали фаъолият, бемории бистарӣ шудани соҳибкор ё фавтидани он маблағи патент пардохт карда намешавад; 2) тибқи тартибе, ки то 1 январи соли 2013 амал мекард, соҳибкори инфиродӣ дар сурати дар моҳи оянда идома надодани фаъолият бояд фаъолияти худро то охири моҳи ҷорӣ қатъ менамуд, яъне дар ҳолати фаро расидани моҳи нав қатъ намудани фаъолият, уҳдадории пардохти маблағи патент барои моҳи нав ба миён меомад, ки барои соҳибкор чунин тартиб чандон қулай набуд. Бинобар ин, тибқи қарори зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуд, ки аз оғози соли 2013 соҳибкор барои қатъ намудани фаъолияти худ ҳуқуқ дорад то 5 — уми моҳи минбаъда ин корро анҷом диҳад; 3) барои саҳмдорон — аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ меъёри андози иҷтимоӣ ба ҷойи 15 сомонӣ 10 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шуд. Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки меъёри маблағи патент барои як қатор намудҳои фаъолият, аз ҷумла бе ҷойи нишаст тайёр намудан ва фурӯши таомҳо, кашонидани мусофирон ба воситаҳои автобусҳо, кашонидани борҳои гуногун то панҷ тонна, корҳои граверӣ, кандакорӣ, маҳсулоти бофташуда ва гулдӯзикардашуда ва ҳоказо кам карда шудааст. Дар заминаи таҳлили амиқу доманадор барои дигар намудҳои фаъолият ба мисли фурӯши нос — тамоку, равғани растанӣ ва ҳайвонот, моҳии дудкардашуда, мева ва сабзавоти тару тоза, полезӣ, тухми офтобпараст, қисмҳои эҳтиётӣ барои воситаҳои нақлиёт, таҷҳизоти барқӣ, гулҳои зинда, хизматрасонии сантехникӣ, хизматрасонии барқчӣ, таъмири техникаи маишӣ, хизмати миёнаравҳо дар бозор ва ғайраҳо меъёри маблағ зиёд карда шуд. Бо дарназардошти нисбатан зиёдтар будани ҳаҷми даромад, як қатор намудҳои соҳибкорӣ аз номгӯйи фаъолиятҳо бо патент хориҷ шуда, минбаъд дар асоси шаҳодатнома анҷом додани онҳо пешбинӣ шудааст, ки забҳи чорво ва фурӯши гӯшт, фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ, ҳасиб, маҳсулоти тамоку, маҳсулоти қолинӣ, орд, тирезаҳо, дарҳо, аудио ва видеодискҳо ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд.
Нуктаи дигари муҳим ҳар сол бо дарназардошти сатҳи таваррум индексатсия кардани меъёрҳои андозбандӣ ба ҳисоб меравад. Масалан, дар сурати ба нархи 100 сомонӣ фурӯхтани мол, агар андоз аз арзиши иловашудаи он бо меъёри 18 фоиз, 18 сомониро ташкил диҳад, пас дар сурати зери таъсири таваррум бо нархи 110 сомонӣ фурӯхтани он, маблағи андоз ба 19,8 сомонӣ баробар мешавад. Бинобар ин, дар ҳолати индексатсия нашудани меъёрҳои бо маблағ муқарраршаванда ин принсип халалдор мегардад. Дар ҳамин асос, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андози замин, андози ягона ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки меъёри онҳо бо маблағ муқаррар шудааст, ҳар сол бо назардошти сатҳи таваррум индексатсия карда мешаванд. Тартиби индексатсия шудани меъёри патентҳо низ то қабул шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ки фаъолияти соҳибкорони инфиродиро танзим менамуд, истифода мегардид. Биноан, меъёрҳои қаблан амалкунандаи патентҳо бетағйир монда, тартиби индексатсия кардани он аз байн бурда шуда буд. Ҳамин тариқ, агар маблағи патент тибқи принсипҳои эътирофшудаи андозбандӣ ҳар сол индексатсия карда мешуд, пас ҳаҷми он дар ин солҳо бамаротиб зиёд мегардид. Аз ин бармеояд, ки соҳибкорони мо ҳамон тавре ки баъзе коршиносон иброз медоранд, «дар миёни чор дарё тахтабанд» набуда, аз озодии комил ва имтиёзҳои зиёд бархӯрдоранд. Танҳо лозим аст, ки онҳоро сари вақт ва дар ҳолати зарурӣ истифода намоянд. Дар маҷмӯъ, Кодекси нав дар муқоиса бо Кодекси амалкунанда аз ҳама ҷиҳат такмил ёфта, тағйироти ҷиддӣ рӯи кор омадаанд. Он аз 18 боб ва 329 модда иборат аст, ки ин нисбат ба Кодекси амалкунанда 3 боб ва 42 модда кам аст. Дар маҷмӯъ, зимни таҳрири нави ин ҳуҷҷати муҳим 25 тағйироти аз лиҳози моҳият хеле муҳими вобаста ба сиёсати андоз ва 10 навгоние, ки ба маъмурикунонии андоз робита доранд, ворид шудаанд. Ба андешаи коршиносон, хусусияти фарқкунанда ва бартарии Кодекси нави андоз дар он аст, ки он дар асоси механизмҳои ҷадиди низоми андозбандӣ таҳия шудааст. Дар ин замина, номгӯйи андозҳо то 50 фоиз коҳиш ёфта, аз 21 намуд ба 10 намуд расидааст. Андозҳои умумидавлатӣ аз 17 намуд ба 8 намуд ва андозҳои маҳаллӣ аз 4 номгӯй ба 2 номгӯй коҳиш ёфтааст. Бояд зикр кард, ки қабули қонун як тарафи масъала асту шарти муҳим иҷрои бечунучарои он мебошад, ки маҳз ин омил мақому манзалати қонун, сохторҳои марбута ва нафарони зидахлро боло мебарад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 марти соли равон зимни машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд диққати ҳозиринро ба афзоиши амалҳои коррупсионӣ дар сохторҳои гуногун ва ворид шудани зиёни иқтисодӣ ба буҷет ҷалб карда, супориш дод, ки дастаҷамъона бар зидди ин мушкилот мубориза баранд. Ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии соҳаи андоз дастур шуд, ки «ба фаъолияти озоди соҳибкорон монеа эҷод накарда, танҳо дар доираи талаботи қонунгузорӣ амал намоянд». Беҳтар аз ин дастури Пешвои миллат натавонистам чизи дигареро пайдо намоям, ки анҷомбахши матлаби мазкур бошад.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»