Соҳибкорони Беларусу Тоҷикистон ҳамкориро вусъат медиҳанд

№ 17.11.2016

 БеллоруссияДар мулоқоте, ки 17- уми ноябр дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, соҳибкорони тоҷикистонию беларус зарурати вусъатбахшии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро ба миён  гузоштанд. Мушовири Сафири  фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Полянин изҳор  намуд, ки  вазъи кунунии ҳаҷми робитаҳои  тиҷоратии ду кишвари дӯст қаноатбахш нест. Дар нуҳ моҳи соли равон гардиши мол миёни Тоҷикистону Беларус ҳамагӣ 12  миллион долларо ташкил дод.

- Бисёр маҳсулоти корхонаҳои Беларус тавассути ширкатҳои  миёнарави  Россияву Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид мешаванд,- гуфт Виктор Полянин. -Ташрифи  намояндагони ширкатҳои  бонуфузи Беларус ва Тоҷикистон ба он хотир аст, ки мо бе  миёнарав, мустақиман бо ҳамдигар  додугирифт намоем.

Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Сангов гуфт, ки соли 2012 ҳаҷми робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Беларус 75 миллион долларро ташкил медод. Соли 2015 ин рақам поён рафта, 32,7 миллион долларро ташкил дод.

-Мо бояд миёни соҳибкорони ду кишвар ҳамкории зич ба роҳ монем, -гуфт Одил Сангов.- Тайи панҷ соли охир аз Беларус 2921 адад  техникаи кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ворид шудааст, ки 1950 адади онро тракторҳои гуногунтамға ташкил медиҳанд. Ғайр аз  трактор, инчунин  аз Беларус шакар, техникаи маишӣ (яхдонҳо), мебел, чорвои сермаҳсул, доруворӣ, ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти гуногун (плитаҳо, ДСП, фторидҳо, фанерҳо) ворид мешавад. Тоҷикистон ба Беларус нахи пахта, хушкмева, сабзавот ва чормағз содир мекунад.

Намояндагони Палатаи савдо ва саноати Беларус, Минтақаи озоди иқтисодии «Минск», Корхонаи зарфҳои  шишагини «Неман», Корхонаи автомобилбарории «МАЗ» ба доираҳои  тиҷоратии Тоҷикистон дар бораи зарфияту имкониятҳои муассисаҳояшон маълумот доданд.

Сармутахассиси Раёсати маъмуригардонии Минтақаҳои озоди иқтисодии Вазорати рушди  иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ҷовид Ҳусейнов меҳмонони беларусро бо шартҳои фаъолият  дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ошно намуд.

 С. СУННАТӢ, «Садои мардум»