Соҳибкорони Тоҷикистону Белорус аз ҳамкориҳояшон қаноатманданд

№42-43 (3027-3028) 05.04.2013

Рӯзҳои 3-4 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамкориҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Белорус баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа доираи васеи соҳибкорони ҳар ду кишвар ширкат доштанд. Зимни сухани ифтитоҳиаш муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лариса Кислякова аз сатҳу сифати муносибатҳои гуногунҷанба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус изҳори қаноатмандӣ намуда, дар оянда густариш бахшидани ин равобитро ба манфиати тарафҳо арзёбӣ намуд.

Роҳбари ҳайати ҷониби Ҷумҳурии Белорус Вячеслав Реута тамоюли рушдро касб намудани раванди ҳамкориҳо муҳиму саривақтӣ номида, ҳавасмандии доираи васеи соҳибкорони Ҷумҳурии Белорусро баҳри вусъат бахшидани он баён намуд. Бо намояндагӣ аз ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси раёсати ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Заррина Ҳалимова суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки дар шароити кунунӣ шуруъ намудани марҳилаи нави ҳамкориҳо муҳим ва саривақтист. Ба андешаи номбурда, барои роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус моҳи сентябри соли 1996 шуруъ гардида, гардиши мол миёни ҳар ду ҷумҳурӣ сол то сол афзоиш меёбад. Масалан, соли гузашта гардиши молу маҳсулот ба 75,7 миллион доллари ИМА расид, ки дар муқоиса ба соли пешин 112,9 фоиз зиёд аст.

Дар рафти ҷаласаи фавқуззикр масъулини ҶДММ «Интерлибел», ширкати «Ёқут-2000», ҶДММ «Сино фарма», КВД «Мадад», КВДҶ «Тоҷикагролизинг», ҶДММ «Помиртексервис», ҶСП «ТаҷАм», ҶСК «Фурӯшгоҳи марказӣ», минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва ғайра бо ҳамтоёни худ бобати роҳандозӣ намудани ҳамкориҳо гуфтушунид намуданд.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»