Соҳибкорони тверӣ барои ҳамкорӣ бо тоҷирони кишвар омодаанд

№40 (4146) 02.04.2020

Дар шароити кунунӣ дарёфти шарикони рушд ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак ба пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, тиҷорат ва саноат, мусоидат менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бойи табиӣ мебошад, дар сурати истифодаи самарабахши онҳо ва дар ин замина ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун бо кишварҳои дуру наздик ба комёбиҳои назаррас ноил хоҳад гашт. Дар ин хусус ширкаткунандагони Бизнес-форуме, ки 19 марти соли ҷорӣ дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) баргузор гардид, ибрози назар карданд. Дар он намояндагони дои­раҳои соҳибкории вилояти Твери Федератсияи Россия ва ҷумҳурӣ ҳузур доштанд.

 Ҷамъомадро муовини раиси ПСС ҶТ Манзура Рустамова ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хайра мақдам гуфт ва таъкид намуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо ба тавсеаи минбаъдаи равобит ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат менамояд.

- Мо якчанд рӯз дар вилояти Суғд будем, бо соҳибкорон мулоқот доштем, аз корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ дидан кардем, аз тамошои манзараҳои дилфиреби кишвари шумо ва меҳмондории самимии тоҷикона ба ваҷд омадем. Баъди боздид аз шимоли Тоҷикистон ва пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, ки хеле ободу зебо гаштааст, ба хулоса омадем, ки барои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун имконот мавҷуданд. Омодаем, ки дар ин ҷо бо соҳибкорони тоҷик гуфтушунид намоем, шартномаҳо ба имзо расонем ва фаъолияти судбахши дуҷонибаро ба роҳ монем, — зикр кард роҳбари ҳайати намояндагии соҳибкорони вилояти Твер Потетенко Татяна Викторовна. Ин андешаро дигар баромадкунандагон низ дастгирӣ карданд ва омодагиро ҷиҳати ҳамкорӣ баён доштанд.

Баъди ҷаласа соҳибкорони тоҷик ва вилояти Твери Федератсияи Россия роҷеъ ба захираю имконот ва таҷрибаи якдигар мубодилаи афкор карданд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»