Соҳибкорону сокинон бояд дар сабзкорӣ фаъол бошанд

№ 02.12.2024

Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Барномаи ҳифзи муҳити зисти СММ (ЮНЕП) ва Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC) чанде пеш дар мавзуи «Тарғиби тарзи ҳаёти солим ва маърифати иҷтимоӣ» суҳбати гирди миз доир гардид. Дар он олимон, коршиносон, кормандони мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи муҳити зист, рӯзноманигорон ва блогерон ширкат варзиданд.

Сардори маркази назорати таҳлилию ташхисии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидусмон Судурзода иброз намуд, ки барои солим нигоҳ доштани аҳолӣ се  омили асосӣ зарур аст: оби тоза, ҳавои тоза ва ғизои тоза. Дар доираи  меъёрҳо нигоҳ доштан, назорати ҳифзу истифодаи ин ҷузвҳои  муҳити зист вазифаи асосии мақомоти ҳифзи муҳити зист ба шумор меравад. Бо мақсади ҳифзи ҳавои атмосфера дар шаҳри Душанбе стансияи мушоҳидавии ҳавои атмосфера мавҷуд аст, ки ҳамарӯза ба таври автоматӣ  маълумотро ба марказ ирсол менамояд. Мувофиқи он ҳар даҳрӯза оид ба сифати ҳавои атмосферӣ бюллетенҳои экологӣ таҳия карда мешавад. Аз рӯи таҳлилҳо ва  мониторинге, ки бурда мешавад, ҳоло сифати ҳавои шаҳри Душане дар доираи меъёрҳо қарор дорад.

Зикр гардид, ки танҳо дар фаслҳои тобистону тирамоҳ баъзан аз ҳисоби чангбодҳои аз хориҷи кишвар воридшаванда, бо сабаби кам будани шамол ва дар иҳотаи кӯҳҳо ҷойгир будани шаҳри Душанбе ғализии ҳавое, ки ба пойтахти кишвар ворид мегардад, як муддат муаллақ меистад. Дар ҳамин асос соле аз 30 то 45 рӯз миқдори чанг аз меъёр зиёд мешавад. Ин раванди табиӣ буда, инсон барои рафъ намудани он имкон надорад.

Сардори маркази иттилооти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Тиллоӣ иброз намуд, ки дар кумита телефони боварӣ фаъол буда, маълумотнома, арзу шикоят ва тавсияю пешниҳоди  шаҳрвандон ба қайд гирифта мешавад. Дар назди кумита клуби журналистони экологӣ амал мекунад, ки тибқи нақшаи пешакӣ рӯзноманигорон ҳамроҳи шахсони масъул ба мавзеъҳои муайян рафта, мақола ё барномаҳои радиоию телевизионӣ таҳия мекунанд.

Зикр гардид, ки бо ташаббуси кумита ва  зерсохторҳои он ҳар сол маъракаи ниҳолшинонӣ ва чорабиниҳои экологии «Тозагии соҳил» ва «Маҳаллаи тоза» баргузор мегардад.

Доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Қурбоналӣ Партоев зикр намуд, ки бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  пойтахти мамлакат ба яке аз зеботарин шаҳрҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Боғу гулгаштҳои назаррабои шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи меҳмонони дохилию хориҷиро  ба худ ҷалб мекунад. Дар баробари ин, соҳибкорон ва сокинони пойтахти кишварамонро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташаббус нишон дода, дар сабзу хуррамгардонии атрофи корхона ва манзилҳои истиқоматӣ бештар фаъол бошанд.

Доктори илмҳои геологӣ, профессор Мирзо Саидов зикр намуд, ки таҳия ва нашри матолиб вобаста ба ҳифзи муҳити зистро дар рӯзномаю маҷалла, радио, телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд бояд кард. Маърифати экологиро аз боғчаи кӯдакон сар карда, то мактабу литсей ва коллеҷу донишгоҳҳо тарғиб кардан зарур аст.

Ширкаткунандагони чорабинӣ зикр намуданд, ки бо мақсади ҳифзи об, ҳаво ва муҳити зисти шаҳри Душанбе амалисозии таҷрибаи пешқадами дигар кишварҳо аз аҳамият холӣ нест. Масалан, дар Копенгаген (Дания) ва Амстердам (Нидерландия) роҳҳои велосипедгард ва системаи нақлиёти мусофиркашии шаҳрӣ васеъ паҳн гардидааст. Истифода аз ин таҷриба роҳҳои мошингардро сабук карда, сатҳи ифлосшавии ҳаворо кам мекунад.

Дар Сингапур истифодаи «технологияи сабз» ва бунёди боғу гармхонаҳо дар болои  боми иморатҳо вусъат ёфтааст.  Истифода аз ин таҷриба аз чанд ҷиҳат манфиат дорад. Дар кишварҳои аврупоӣ, махсусан Олмон, Барномаи сохтмони ба энергиясамаранокӣ нигаронидашуда, васеъ паҳн гардидааст. Пайравӣ ба ин таҷриба дар самти сарфа намудани неруи барқ кумак хоҳад кард. Инчунин, бо истифода аз  таҷрибаи Япония  коркарди самараноки партовҳоро ба роҳ монда, ҳаҷми  онҳоро метавон коҳиш дод.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»