Тавре пештар хабар дода будем, 24 июли соли равон ба деҳаи Дараи Мазори деҳоти «Лангари Шоҳ»-и ноҳияи Тоҷикобод дар натиҷаи баста шудани пеши роҳи рӯд сел фаромад ва ба мардуми деҳа хисороти зиёд расонид. Аз ҷумла даҳ нафар сокинони деҳа аз хонаҳои истиқоматии худ маҳрум гардиданд.
Имрӯзҳо бунёди маҳаллаи нав дар канори деҳаи Дараи Мазор идома дорад. Барои даҳ нафар сокини зарардида дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии ба номи Боқӣ Раҳимзода қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст.
Худи ҳамон рӯз бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳали офатзадаи ноҳияи Тоҷикобод тамоми масолеҳи бинокорӣ оварда шуд. Онҳо дар хаймаҳои муваққатӣ ҷойгир шуданд. Бо қувваи барқ, оби нӯшокӣ ва хӯроки гарм таъмин гардиданд.
Айни ҳол дар маҳаллаи нав сохтмони биноҳои истиқоматӣ идома дорад. Раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳусейн Ализода рафти сохтмони биноҳоро таҳти назорат гирифта, мунтазам назди сохтмончиён омада, ба онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳад. Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Р. Шоев низ бо сохтмончиён дар робита аст.
-Мехостам аз вазъияти мусоид истифода бурда ба воситаи рӯзномаи «Садои мардум» изҳори миннатдории сокинони ноҳияи Тоҷикободро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расонам, — гуфт дар суҳбат сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Тоҷикобод Аваз Сафарбеков. –Мо итминони комил дорем, ки сохтмонро пеш аз муҳлати муқарраршуда ба итмом расонида, сокинони зарардидаро соҳиби манзили истиқоматӣ менамоем, зеро Президенти мамлакат барои мо тамоми шароитро фароҳам овардааст ва дар рафти иҷрои корҳо мушкилоте вуҷуд надорад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»