Сохтмони роҳи канории «Дарвозаи ғарбӣ — Чортут» оғоз шуд

№ 02.12.2020

 WhatsApp Image 2020-12-02 at 12.38.32 (1) — копияЯкуми декабри соли равон дар роҳи Душанбе — шаҳраки Айнӣ — Ҳисор маросими оғози сохтмони роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбии пойтахт то маҳаллаи Чортут баргузор гардид. Мувофиқи лоиҳа дарозии он 9,28 километр буда, паҳноияш аз 50 то 70 метрро дар бар мегирад. Зимни муаррифии лоиҳа, ки бо иштироки муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода доир шуд, зикр гардид, ки роҳ аз 8 хати ҳаракат дар ду самт ва пиёдароҳҳо (18,4 километр) иборат буда, инчунин, дар масири он пули дарозиаш 43 метр дар болои канали Ҳисор, инчунин гузаргоҳи 176-метра дар болои роҳи оҳан ва ду гардиши нақлиётӣ сохта мешавад.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ иброз дошт, ки сохтмони роҳ тарҳи  муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб шуда, дар доираи ҳамкории судманд миёни ҳар ду кишвари дўст аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҷумҳурии Ҳиндустон бунёд мегардад. Арзиши умумии иншоот бе дарназардошти арзиши иншооти бартарафшаванда 404 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар ду қитъаи роҳ чароғакҳои роҳнамо ва аломатҳои бехатарӣ насб гардида, хати сабзазор бунёд хоҳад шуд. Баъди анҷоми сохтмони роҳ дар ду канори он ниҳоли дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳо (104800 адад) шинонида мешавад. Инчунин, дар масофаи 17700 метр ҷўйборҳои оҳану бетонӣ насб хоҳад шуд. Ғайр аз ин, 8 истгоҳи нақлиётӣ бунёд мегардад.

Роҳ аз ҷониби ширкати ҳиндустонии «Ташкилоти роҳҳои сарҳадӣ» (BRO), ки сарварии онро Амит Гуре дар Тоҷикистон ба уҳда дорад, сохта мешавад. Маҳз ин ширкат роҳи мошингарди Душнабе-шаҳраки Айниро бо сифати баланд навсозӣ ва чароғон намуда буд, ки ҳоло мавриди истифода қарор дорад.

«Ташкилоти роҳҳои сарҳадӣ» соли 1960 таъсис ёфта, асосан дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва кишварҳои дўсти Ҳиндустон роҳ месозад ва дар Ҳиндустон масъулияти нигоҳдории беш аз 33000 километр роҳро ба зимма дорад. Ғайр аз ин, дар Тоҷикистону Афғонистону Мянмар ва Бутан низ лоиҳаҳои роҳсозиро амалӣ намудааст.

- Роҳи канории «Дарвозаи ғарбӣ — маҳаллаи Чортут» ҳаракати нақлиётро дар роҳҳои дохилии шаҳри Душанбе сабук намуда, аз ҷиҳати сифат на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар Тоҷикистон беҳтарин хоҳад шуд, — гуфт зимни муаррифии лоиҳа Вираҷ Сингҳ ва илова намуд: — Ин саҳифаи нав дар муносибатҳои дўстона ба ҳисоб рафта, баёнгари он аст, ки Ҳукумати Ҳиндустон ва мардуми он саъй доранд ба Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои муҳим мусоидат кунанд.

 

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»