Дар доираи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳавасмандии мардум ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла кишоварзӣ, дар дурдасттарин маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Рашт батадриҷ меафзояд.
Раиси Ҷамоати деҳоти «Оби меҳнат» — и ноҳияи Рашт Фатҳуддин Тоҷиддинов иттилоъ дод, ки сокинони деҳот аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, баҳри зиёд гардондани майдони кишт ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ тадбирҳои судманд андешида истодаанд.
Ӯ афзуд, ки бештари маҳалҳои аҳолинишини деҳоти «Оби меҳнат» дар доманакӯҳҳо ҷойгир аст ва обу ҳаво, заминҳои васеи он барои рушди чорводорию занбӯриасалпарварӣ, боғдорию картошкапарварӣ мусоид аст. Аз ин рӯ, сокинон мекӯшанд, ки майдони кишоварзиро аз ҳисоби талу теппаҳо зиёд намоянд.
- Дар деҳот 7 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 547 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ 30 нафар дар мактабҳои олӣ ва 23 нафар дар омӯзишгоҳҳои ноҳия таҳсил намуда истодаанд. Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳти назорати қатъӣ қарор дорад. Ба ин хотир дар назди Ҷамоати деҳот комиссияи доимоамалкунанда таъсис дода шудааст, — гуфт Фатҳуддин Тоҷиддинов.
Ба андешаи мавсуф, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки роҳбарияти ҷамоат ва фаъолон ба он диққати ҷиддӣ медиҳанд. Натиҷа ин аст, ки ҳар сол «Оби меҳнат» яке аз аввалинҳо шуда, дар ноҳия нақшаи даъвати ҷавононро иҷро мекунад. Аксар ҷавонон ариза навишта, ихтиёрӣ мехоҳанд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қарзи фарзандии худро адо намоянд.
- Чойхона — фароғатгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, клубу китобхона ва марказҳои саломатии деҳот баъди аз таъмири ҷорӣ ва асосӣ ба ихтиёри аҳолӣ вогузор гардидаанд. Акнун сокинони деҳоти «Оби меҳнат» — ро зарур аст, ки бо меҳнати софдилона дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузоранд, — ҷамъбаст намуд суханашро раиси ҷамоати деҳот.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»