Бо шукргузорию сипоси беандоза аз ҳаёти хурраму пурнишот дар фазои орому беолоиши Тоҷикистони ҷонҷонамон мо — сокинони деҳаи Рошорви ноҳияи Рӯшон фаррорасии боз як ҷашни таърихӣ — 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ба хурду бузурги кишварамон сидқан муборакбод мегӯем.
Мо сокинони (зиёда аз 1000 нафар) яке аз деҳаҳои дурдасти водии Бартанг низ кӯшиш дорем, ки дар татбиқ намудани иқдомҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиссагузор бошем.
Деҳаи Рошорви водии Бартанг зодгоҳи аввалин Чемпиони СССР, Устоди спорти СССР оид ба самбо аз Осиёи Марказӣ Азалшоҳ Олимов, Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон Хуҷамёр Маҳмадёров, олимон, санъаткорон, ходимони ҳизбӣ ва давлатӣ маҳсуб мешавад.
Зиндагии аҳолии ин деҳа бинобар надоштани робитаи доимӣ бо дигар минтақаҳо ва иқлими ноустувор то солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи паст қарор дошт. Солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, бо бунёд гардидани роҳ дар ҳаёти сокинони деҳа ва умуман Ҷамоати деҳоти «Савноб» дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Тадриҷан, бо шарофати ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ (мактаб, китобхона, маркази тиббӣ ва ғайра) бунёд ва таҷдид гардиданд.
Чуноне ки зикр намудем, деҳаи Рошорв дар баландкӯҳ ҷойгир буда, сокинони он зимистони сербарф ва тӯлониро паси сар мекунанд.
Илова бар ин, сокинони он ҳоло ҳам аз истифодаи неруи барқ маҳруманд. Аз ин лиҳоз, қисмати бештари даромади сокинони деҳа сарфи сӯзишворӣ мегардад.
Дар баробари ин, солҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим ва рух додани офатҳои табиӣ ҳаракати нақлиёт аз тариқи ягона роҳи автомобилгард ба мушкил мувоҷеҳ шуда, беш аз 2 моҳ мешавад, ки он қать шудааст.
Бунёди неругоҳи хурди барқи обӣ, ки тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, №82 ва аз 31 марти соли 2016, №145 пешбинӣ шудааст, аз ҷониби масъулин бо ҳар баҳона амалӣ нагардид. Бебарқии мо солҳост, ки ҳалли худро намеёбад, гарчанде ин масъала тавассути воситаҳои ахбори омма низ борҳо матраҳ гардид.
Боварӣ дорем, ки ин муроҷиат аз мадди назари масъулин дар канор нахоҳад монд.
Бо эҳтиром, як гурӯҳ сокинони
деҳаи Рошорви ноҳияи Рӯшон