Солҳои охир инъикоси масъалаҳои вобаста ба муҳити зист дар сархати расонаҳои хабарии ҷаҳон қарор дорад. Зеро ифлосшавии об, ҳаво ва хок боиси авҷгирии бемориҳои гуногун гаштааст. Бо мақсади пешгирӣ ва кам кардани ифлосшавии ин се унсури барои ҳаёт муҳим маърифати экологии аҳолиро баланд бардоштан лозим меояд. Дар ин робита мо бо сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор Насрулло Маҳмадализода мусоҳиб шудем.
- Яке аз омилҳои дарозумрӣ ва саломатии одамон мавҷуд будани ҳавои тоза аст. Барои ҳифзи ҳавои атмосфера дар шаҳри Ҳисор чӣ тадбирҳо амалӣ мешаванд?
- Олими шинохтаи рус, академик Юрий Новиков гуфтааст, ки одам бе ғизо (агар об бошад) метавонад 5 ҳафта, бе об то 5 рӯз ва бе ҳаво ҳамагӣ то 5 дақиқа зиста метавонад. Фаъолияти муътадили организми инсон на танҳо ба мавҷуд будани ҳаво, балки ба чӣ андоза тоза будани он вобастагӣ дорад. Ҳавои ифлос боиси авҷгирии касалиҳои гуногун, ба мисли диққи нафас (астма), системаи асаб, бемориҳои шадиди роҳи нафас, аллергия ва ғайра мешавад.
Аз давраҳои мактабхонӣ медонем, ки дарахту растаниҳо гази карбонатро фурӯ бурда, барои одамону ҳайвонот гази ҳаётан зарурӣ, яъне оксигенро медиҳанд. Илова бар ин, дарахту буттаҳо чангу ғуборро фурӯ бурда, ба мо соя, салқинӣ ва ҳаловат мебахшанд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар зиёд шудани шумораи дарахту буттаҳо саҳм гузорем. Дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди шаҳру маҳалла ва шафати шоҳроҳҳои ноҳия 67 710 ниҳоли дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонда шуд, ки 284 дарсади нақшаро дар бар мегирад. Инчунин, 10007 бех гулу буттаҳо шинонда, 19 гектар боғи куҳна таъмиру барқарор ва 399,75 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд.
Яке аз манбаъҳои чангу ғубор дар тамоми ҷаҳон корхонаҳои саноатӣ мебошанд. Дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 33 корхонаи ангишту нафт ва хиштбарорӣ мавҷуданд, ки иҷозатномаи ҷойгиркунии партовҳоро доранд ва ҳамаи онҳо бо миқдори зарурии чангкашакҳо муҷаҳҳазанд. Ба меъёр мувофиқ гардонидани партовҳо яке аз масъалаҳои ҳалталаби ин самт ба шумор меравад. Ҳамаи иншооти саноатӣ ва ғайрисаноатӣ, ки дар шаҳр фаъолият мекунанд, дорои хулосаи экспертизаи экологӣ мебошанд.
- Вазъи тозагии об дар шаҳри Ҳисор чӣ гуна аст?
- Манбаъҳои асосии обҳои ирригатсионӣ (обёрӣ) дар шаҳри Ҳисор дарёҳои Чангоб (Хонақо), Кофарниҳон ва канали калони Ҳисор мебошанд, ки дар дохили шаҳр ва ҳудуди шаҳраку деҳот ба воситаи заҳбурҳо ва ҷӯйбору обравҳои хурду калон истифода мешаванд. Манбаъҳои оби нӯшокӣ аз чоҳҳои обкашӣ иборат аст, ки аҳолии шаҳри Ҳисор ва шаҳраку деҳотро бо оби нӯшокӣ таъмин менамоянд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар 12 шаҳраку деҳот маъракаи «Тозагии соҳил» баргузор гардид, ки дар натиҷа тавассути 13 адад техникаи борбардору боркаш 47 метри кубӣ партов аз соҳили дарёҳои Хонақо ва Кофарниҳон, канали калони Ҳисор ва ҷӯйборҳои дохилии маҳаллаҳо берун бароварда шуд. Дар ин давра нисбат ба 26 нафар шаҳрванд бинобар ифлос кардани об санад тартиб дода шуда, 2150 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки камбудиҳо дар минтақаҳои муҳофизатии манбаъҳои обӣ бениҳоят зиёданд ва мо кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки ин норасоиҳоро бартараф созем.
- Баҳри баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ кадом корҳоро ба сомон расонидед?
- Аксар бемориҳои сироятӣ бо сабаби аз меъёр зиёд ифлос будани ҳавои атмосфера, об ва хок сар мезананд. Яке аз омилҳои асосии кам кардани чунин бемориҳо таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, кам кардани сарчашмаҳои ифлосшавии ҳаво ва замин, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, доир намудани вохӯриҳо бо аҳолӣ дар мавзӯъҳои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад.
Кормандони шуъба дар нимсолаи аввали соли равон ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар 10 деҳот ва 2 шаҳрак бо аҳолӣ ва мактаббачагон мулоқот намуда, ба саволҳояшон ҷавоб доданд. Мо ба онҳо дар хусуси муқаддас будани об, пешгирии ифлосшавии манбаъҳои об, бетараф набудан ба мушкилоти экологӣ, пок нигоҳ доштани обу ҳавою замин, оқилона муносибат кардан бо партовҳо маълумот додем. Солҳои пеш бисёриҳо хазонро ба хотири кам кардани партов оташ мезаданд. Мо ба аҳолӣ фаҳмонидем, ки беҳтараш тирамоҳ хазонро дар чуқуриҳо гӯр карда, бо хок пӯшонанд. Моҳҳои апрел-май нурии ҳосилшударо байни қатори зироатҳо рехтан боиси ҳосилхезии замин мегардад. Агар мо порую хазону хокистарро дуруст истифода барем, ҳоҷат ба харидани нуриҳои минералӣ намемонад. Ҳам маблағ сарфа мешаваду ҳам замин ҳосилхез. Маҳсулот, ки фаровон шуд, нарх низ арзон мешавад. Инро имсол мо дар мисоли ҳосили фаровони тарбуз дидем.
Мо тамоми омилҳои экологиро бо иқтисодиёт ва тандурустӣ пайваст карда, ба мардум шарҳ медиҳем. Ин дарки масъаларо осон мекунад.
Мусоҳиб С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»