Тавре аз маркази матбуоти Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудият оид ба вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба Федератсияи Россия, аз 18 март то 1 майи соли 2020, «Сомон Эйр» водор гардид, ки шумораи парвозҳоро ба шаҳрҳои Федератсияи Россия коҳиш диҳад.
Мутобиқи қарори Ҳукумати Федератсияи Россия, ба парвозҳои самти ин кишвар танҳо кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои мустақар дар он, ронандагони автомобилҳои боркашони байналмилалӣ, сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо, шахсоне, ки бо роҳи транзитӣ аз гузаргоҳи фурудгоҳҳо мегузаранд, аъзои ҳайатҳои расмӣ ва ашхосе, ки раводиди дипломативу хизматӣ доранд ва ё ба Россия бинобар вафоти хеши наздик меоянд, роҳ дода мешаванд.
Ба хатсайрҳои самти бозгашт ба Тоҷикистон тамоми мусофирон, ғайр аз шахсоне, ки аз ҷумҳуриҳои Хитой, Эрон, Афғонистон, Италия, Кореяи Ҷанубӣ омадаанд ва ё дар давоми 14 рӯзи охир ба ин кишварҳо сафар доштанд, иҷозаи парвоз доранд.
Ҳамчунин, дар асоси қарори сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади пешгирии хатари воридшавӣ ва паҳншавии вируси нави COVID — 19 дар кишвар шахсоне, ки мустақиман ва ё бо тариқи транзитӣ аз Франсия, Олмон, Испания, Швейтсария, Шведсия, Британияи Кабир, Норвегия, Нидерландия, Белгия, Дания ва ИМА ворид мегарданд, ба муҳлати 14 рӯз дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон дар карантин нигоҳ дошта мешаванд.
Иқдоми аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия амалишуда ҷавобгӯи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҳолатҳои фавқулода ва чораи муваққатӣ мебошад.
Дар хабар таъкид шудааст, ки маблағи чиптаи мусофирон дар нуқтаҳои харидоришуда пурра бозпас гардонида ва ё бо хоҳиши мусофирон чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба муҳлати баъдӣ гузаронида мешавад.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»