Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мавҷуд набудани сирояти коронавирусро дар Тоҷикистон расман эълон дошт

№41 (4147) 04.04.2020

Glava-VOZ-v-Tadzhikistane-Galina-PerfilevaРоҳбари Намояндагии доимии Дафтари минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Тоҷикистон Галина Перфилева сешанбеи гузашта зимни мусоҳиба дар шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» мавҷуд набудани коронавирусро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон дошта, аз аҳолии кишвар хоҳиш намуд, ки гигиенаро риоя ва аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд.

«Ҳоло ҷаҳон бо COVID-19 мубориза мебарад. Аз миёни 53 кишвари минтақа Тоҷикистон ва Туркманистон давлатҳое ҳастанд, ки дар онҳо ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст», — гуфт Галина Перфилева.

Намояндаи СУТ илова намуд, ки вирус худ аз худ ба вуҷуд намеояд, балки он дар бисёр ҳолат ба кишвар оварда мешавад. Аз ин рӯ, аз оғози паҳншавии коронавирус дар хориҷа, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии он корҳои зиёдро анҷом дод. То ҳол, тибқи омори расмӣ ва тасдиқи лабораторияҳое, ки озмоишҳои марбутаро анҷом медиҳанд ва мо бо онҳо ҳамкории зич дорем, дар Тоҷикис­тон ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 вуҷуд надорад.

«Садои мардум»