Дар шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Тоҷикистон талош дорад дар натиҷаи ба истифода додани роҳҳои босифат ва замонавӣ шумораи фавт ва ҷароҳатҳои вазнинро ҳангоми садамаҳои нақлиётӣ аз байн барад. Ба ин хотир «Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ» ва «Нақшаи амали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2035» таҳия гардидааст.
Дар ҳамоиш иштирокдорон атрофи вазъи кунунии бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон ва қабули ин ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ табодули назар намуданд.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»