Пахтакорони вилояти Суғд имсол тасмим гирифтаанд, ки ба хирмани «тиллои сафед»-и Ватан 129 ҳазору 500 тонна пахтаи хушсифат резанд. Бо ин ният суръати ҷамъоварии ҳосилро вусъат бахшида, ҳар рӯз беш аз 50 ҳазор чинакчӣ то 2000 тонна пахта мечинанд.
Ҳосили аз аввали мавсим ҷамъовардаи онҳо 98234,8 тоннаро ташкил дода, ҷойи аввалро ноҳияи Мастчоҳ ишғол мекунад. Хирмани оростаи пунбакорони мастчоҳӣ 24242,4 тоннаро (88,4%) ташкил медиҳад. Дар мақоми дуюм пахтакорони конибодомӣ қарор доранд, ки ба андозаи 86,1 фисади нақша (11450,0 тонна) тиллои сафед ҷамъоварӣ кардаанд. Дар ноҳияи Спитамен низ суръати ҷамъоварии ҳосилро тезонида, аз аввали мавсим 10612,4 тонна пахта чидаанд. Умуман, дар вилоят 3046 хоҷагии деҳқонӣ аз иҷрои нақшаи солонаи истеҳсоли пахта мужда додаанд.
Ин нукта зимни суханронии муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ҷамъбасти 20-рӯзаи дуюми маъракаи ҷамъоварии «тиллои сафед» садо дод.
Аз рӯи қарори якҷояи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд ва кумитаи иттифоқи касабаи коркунони комплекси агросаноатии вилоят дар 20-рӯзаи дуюм ҷойи аввалро пахтакорони ноҳияи Спитамен гирифтанд. Онҳо дар ин давра 6500,8 тонна — баробари 49,6 фисади нақшаи солона пахта ҷамъоварӣ кардаанд. Ҷойи дуюм насиби пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ гардид. Пахтаи ҷамъоваринамудаи онҳо 12228,4 тоннаро ташкил медиҳад, ки баробари 44,6 фисади нақшаи солона мебошад. Байни деҳоти пахтакор «Ғулакандоз»-и ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов бо иҷрои нақшаи солонаи истеҳсоли «тиллои сафед» ғолиб омад. Бино ба гуфти раиси ҷамоати он Акмалҷон Мансуров, хирмани оростаи 450 хоҷагии деҳқонии деҳот 4438 тоннаро ташкил медиҳад, ки 106,7 фоизи нақша аст.
- Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, ки бо кӯшишу эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам шудааст, тасмим гирифтем, ки то ҷамъбасти мавсим илова ба нақша 500 тонна пахта чинем, — гуфт ӯ.
Ба ғолибони сабқат — ноҳияи Спитамен 20 ҳазор сомонӣ, Мастчоҳ — 10 ҳазор ва деҳоти «Ғулакандоз»-и ноҳияи ба номи Ҷ. Расулов 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулиро Раҷаббой Аҳмадзода тақдим кард.
Барои иштироки фаъол дар даври дуюми мусобиқа ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас хоҷагиҳои деҳқонии «Элёр» (ноҳияи Ашт), «Юлдошбой Қосимов» (ноҳияи ба номи Б. Ғафуров), «Озодҷон» (ноҳияи Зафаробод), «Гули шодӣ» (ноҳияи Мастчоҳ), «Зарбдор» (шаҳри Конибодом), «Ҳоҷӣ Деҳқонбой» (Ҷ. Расулов) ва «Турдиқул ҳоҷӣ» (Спитамен) 1000 сомонӣ ҳар кадомашон мукофотонида шуданд.
Чинакчиёни чобукдаст Дилноза Раҳмонова (ноҳияи Ашт), Санавбар Олимова (Б. Ғафуров), Шоира Эгамова (Ҷ. Расулов), Рӯзигул Шоузоқова (Зафаробод), Майрам Нурматова (Конибодом), Сайрам Назарова (Мастчоҳ) ва Наргиза Абдувалиева (Спитамен) соҳиби 1000 сомонигӣ гардиданд.
Байни ронандагони «киштиҳои кабуд» Шомаҳмад Ҳоҷиев аз хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Сафар»-и ноҳияи Зафаробод беҳтарин эътироф ва соҳиби 1000 сомонӣ шуд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»