Яке аз рӯйдоди муҳиме, ки солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ ба миён омад, баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ даъвати дувоздаҳум (16 ноябри соли 1992) буд. Дар он солҳои мудҳиш ягона сохтори давлатии салоҳиятдор, ки халқ ба он боварӣ ва умед дошт, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Умед ба он ки метавонад дар барқарорсозии сулҳу оромӣ дар кишвар мусоидат кунад.
Мутаассифона, дар он давра Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти қудратии мамлакат таъсиргузориашонро аз даст доданд ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор аз он истифода бурда, ба ғоратгарӣ, тасарруфи молу мулки давлат, террор ва сӯиқасд ба ҷони мардуми кишвар шурӯъ намуданд. Ин ҳама ба иқтисодиёти давлат хисороти зиёд ва таъсири манфӣ расонда, вазъияти ҷумҳуриро дар ҳолати бесарусомонӣ қарор доданд.
Албатта, ҳодисаи сарнавиштсози миллати тоҷик маҳз дар ҳамон иҷлосия рух дод. Яъне, вакилони мардумӣ яке аз мардони бонангу номуси миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд, ки асосан он сана ва он рӯз барои сулҳ дар кишвар замина гузошт. Суханони Роҳбари давлат: «Ба шумо сулҳ меорам», — ро дар ёд дорем. Баъдтар, Сарвари мамлакат ҷиҳати аз Афғонистон баргардонидани гурезагони тоҷик ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуда, ҳамон даъватҳои сулҳовару ватандӯстонаро такрор карданд. Азбаски даъват самимиву холисона буд, мардуми оворагаштаи тоҷик ба он ҳамовозӣ намуданд. Ва тадриҷан ба ватан, ба зиндагии осудаю ором баргаштанд. Танҳо гурӯҳҳои мухолифини мусаллаҳе, ки тафаккур ва идеологияи онҳо ба хоҷаҳои хориҷиашон вобаста буд, монданд.
Ҳамин тавр, санаи тақдирсози миллати тоҷик фаро расид, 27 июни соли 1997 баъди 8 даври гуфтушунид (1994-1997) Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, ба ҷанги шаҳрвандӣ, ки панҷ сол дар кишвар идома дошт, хотима бахшид.
Қобили зикр аст, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парешонӣ нигоҳ дошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати сулҳхоҳона тавонист якпорчагии давлатро нигоҳ дошта, миллати тоҷикро муттаҳид созанд ва шохаҳои давлатдориро, ки фаъолияташонро аз даст дода буданд, барқарор намуда, номи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бароранд.
Мутаассифона, ҳанӯз ҳам шахсон ва гурӯҳҳои алоҳида мавҷуданд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу васила ваҳдату суботи кишвари соҳибистиқлоламонро халалдор созанд ва вазъиятро ноором гардонанд.
Албатта, ба муқобили чунин гурӯҳу нафарони бадхоҳ бояд аз ақлу хирад кор бигирем ва зирак бошем. Бояд ба қадри оромии кишвари азизамон бирасем ва фаромӯш насозем, ки сулҳу сафои ҳозираи кишвар осон ба даст наомадааст.
Ҳабибулло САЙХОНОВ,
дотсенти кафедраи фанҳои дақиқ ва забонҳои Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара,
лейтенанти калони хизмати дохилӣ