Аз рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Москва ва фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар шаҳри Душанбе, бо вуҷуди душвориҳои зиёд ва монеаҳо дар роҳи сулҳу оштӣ, давлати мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон тавонист фазои орому осударо дар кишвар таъмин намояд.
- Таърих гувоҳ аст, ки тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст, — гуфта буданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,.
Мардуми Тоҷикистон дар марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада, барои халқ дар шароити гузариш фаъолияти пурмасъулиятро ба дӯш гирифта метавонад. Эмомалӣ Раҳмон, ки аз миёни халқ интихоб гардиданд, ҳамеша бо ростгӯйӣ, ҳақиқатҷӯйӣ, серталабӣ нисбат ба худ ва дигарон, аз ҷумла дар иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ, шинохта шуда буданд. Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуда гуфтанд:
«Ман кори худамро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем».
Ин садоқату самимиятро дар ҷараёни хидматҳояшон дар назди халқу Ватан Эмомалӣ Раҳмон баръало собит намуда истодаанд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иктисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузоштанд.
Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназари инсонӣ, рӯҳи ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматию ҳаракатҳои мардумӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, сазовор гаштан ба эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ, аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ шудани нақшаҳои асосӣ мусоидат намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба муносибати имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихии ин рӯйдоди фараҳбахшро барои миллати тоҷик ва тоҷикистониён таъкид намуда, гуфтаанд: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳо барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик, ҳарчанд аввал пешпо хӯрд, имрӯз пирӯз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар майнаи халқи мо ҷо гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзанди моро қурбон мекарданд, саркӯб созанд. Ақли солим ва хиради дурбин пирӯз шуд. Рӯзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳия, деҳоти дурдаст ва оилаҳо интизор будем, фаро расид».
Баъд аз имзои Созишнома дар Тоҷикистон сулҳу салоҳ барқарор шуд. Маҳз аз баракати сулҳу оштӣ мо тавонистем ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Ватанамонро таъмин намуда, чорабиниҳои бузурги умумимиллии худро гузаронем. Таҷриба ва амалияи ба даст овардани сулҳи миёни тоҷикон на танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад ва мисоли хуби ҳаллу фасли низоъҳои миллӣ ва дохилидавлатии минтақаҳои гуногун шуда метавонад.
Ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро барқарор намуда, тартиботи қонуниро беҳтар кунад, фаъолияти вазоратҳо, идораю кумитаҳои давлатии ҷумҳуриро ба низом оварад. Халқ бовар кард, ки Ҳукумат устувор гардидааст ва қодир аст, ки амнияти ҷомеаро таъмин намояд.
Барои пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавони Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ таъсис дода, сохторҳои низомиву қудратӣ аз нав барқарор карда шуданд. Маҳз ба шарофати Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Конститутсияи нави худро қабул кард. Конститутсияи нав моро ба сӯи таҳкими ҳокимияти давлатӣ, сохтмони ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳидоят менамуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти қонунгузории давраи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ибтидо гузоштанд. Қабули Конститутсия ва дар асоси он таъсис додани системаи самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт марҳалаи муҳимтарин гардид. Сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, системаи адолати судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз нав шакл гирифтанд.
25 декабри соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро қабул намуд. Тавре ки дар муқаддимаи қонун омадааст: «Бо мақсади тақвияти асосҳои конститутсионӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдорӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ санади мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муайян менамояд».
Тибқи банди 3 моддаи 1-уми қонуни мазкур ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад. Ин нишонаи муҳаббати бепоёни мардум ба Президенти кишвар аст, ки дар зарфи беш аз бист соли сарварӣ корҳои зиёдеро бар нафъи халқу давлат анҷом додааст.
Мо аз Пешвои миллат интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунем. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии онҳо ташаккул ёфтааст ва ҳамчун роҳбари хирадманд ба таври комил эътирофу эътимоди мардумро ба даст овардааст. Исботи гуфтаҳои боло интихоботи президентии соли 2013 мебошад, ки мардуми кишвар ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Комёбиҳои миллати тоҷик зери сарварии Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёданд, асоситарини онҳо аз вартаи нобудӣ наҷот ёфтани давлати тоҷикон аст.
Имомдод ОЛИФТАЕВ, корманди
Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон