Ба таваҷҷуҳи мақомоти дахлдор

«СУПЕР», «ҲАЛОЛ», «ГАРАНТИЯ»

№153-154 (3299-3300) 26.12.2014

Оё метавон ба ин тамғаҳо пурра бовар кард?

халол

Ҳоло бозори истеъмолии кишвар пур аз молу мавод ва озуқа шудааст. Албатта, ин ҳама фаровонӣ боиси шукргузорист. Мутаассифона, фаровонӣ на боиси арзонӣ, балки гаронӣ гардидааст. Илова бар ин, имрӯз ҳангоми харидории ин ё он молу мавод ва хӯрока хеле эҳтиёткор бояд буд, зеро бо сифати паст ва ҳатто зарарнок пешкаш мегарданд. Дар ин миён ба баъзе «супер»-у «ҳалол»-ҳо низ нашояд бовар кард.

Талаботи мардум ба гӯшти парҳезӣ, аз ҷумла мурғу ҳасиб зиёд аст. Инро ба назар гирифта, тамоми марказҳои савдо аз ин қабил маҳсулот лабрез аст, ки як қисми  он аз хориҷа ворид гардидааст. Барои эҳтиёт вақте аз фурӯшанда сифати онро пурсон мешавед, тамғаи «Ҳалол»-ро нишон дода, «гарантия» медиҳад. Аммо Худо медонад, ки ин «ҳалол»-у» «гарантия»-ҳо то кадом андоза воқеият доранд?

Ба фурӯшандаҳои ҳамзабону ҳамдини худ бовар мекунем, зеро онҳо бовар карда, молро аз дигар тоҷирон гирифтаанд.

 Имрӯз ба ҳама равшан аст, ки беморӣ ниҳоят зиёд шудааст, дардҳое пайдо шудаанд, ки духтурон дар илоҷи онҳо оҷизанд. Дар ҳоле  ки ҳама молу мавод «супер» гаштаанду, озуқаҳоямон «ҳалол», аммо ба саломатиамон бисёр вақт зарар мерасонанд. Пас  иллат дар чист? Дар робита ба мавзӯи  зикргардида  бо директори Пажӯҳишгоҳи давлатии ғизои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми тиб, профессор Ҷаҳони Азонзод ҳамсуҳбат шудем.

 

- Албатта, ғизо яке аз омилҳои асосии саломатии инсон мебошад. Мувофиқи маълумоте, ки аз тарафи олимон пешниҳод шудааст, имрӯз агар ҳама омилҳоеро, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад (муҳити атроф, садамаҳо, омилҳои тиббӣ ва ғайра), дар як паллаи тарозу монему омили ғизоро дар паллаи дигар, онҳо баробар мешаванд, — мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Аз мавсуф пурсидем, ки пас дар чунин ҳолат барои интихоб ва истеъмоли ғизо чӣ тавсия медиҳед?

- Тавсия медиҳам, ки аз ҳама намуди меваю сабзавот ва маҳсулоте, ки дар кишвари худамон истеҳсол мешавад бояд истифода бурд. Бештар меваю ангур, зироатҳои полезӣ ва маҳсулоти худиро бояд истеъмол кард, зеро онҳо дар минтақаи аз лиҳози экологӣ тоза рӯйида, парвариш меёбанд, таркиби кимиёвиашон аз ҳама маводи барои бунияи инсон зарур бой аст. Имрӯз мушоҳида мекунем, ки дар бозору марказҳои дигари тиҷоратӣ меваю сабзавоти назаррабои аз хориҷа воридгардида пур гардида, бисёриҳо маҳз ба онҳо таваҷҷуҳ мекунанд.  Ин дар ҳолест, ки дар паҳлуи чунин маҳсулот меваю ангур ва дигар маҳсулоти кишварамон аст. Аслан мегӯянд, ки меваи аз лиҳози экологӣ тозаро  кирм мезанад ва баръакс ҳашарот аз маҳсулоти калону тозаи назаррабо, ки бо маводи кимиёвӣ парваришу нигоҳдорӣ шудааст, парҳез мекунад.

Бале, ҳатто кирм ва дигар намуди ҳашарот ба чунин маҳсулот наздик намешаванду аз истеъмоли онҳо худдорӣ мекунанд, аммо мо одамон бемалол истифода мебарем. Ҳамсуҳбати мо иттилоъ дод, ки дар Франсия олимон муайян кардаанд, ки ҳамаи меваҳое, ки аз лиҳози генӣ модификатсия шудаанд, ба бунияи инсон зарари калон доранд.

Табиист, ки дар ин раванд Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти муассир дорад.  Зимни суҳбат мудири бахши матбуоти Агентии мазкур Мурод Ашуров иттилоъ дод, ки дар 11 моҳи соли 2014  дар озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти ғизоии Агентии «Тоҷикстандарт» 129, 283 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 153, 38 тонна равғани растанӣ, 9, 84 тонна маҳсулоти макаронӣ, 314, 4 тонна орд, 13841,8 дал нӯшокиҳои спиртӣ, 27689,8 дал нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 7,18 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 183,77 тонна маҳсулоти ғаллагӣ,  11,5 тонна иловагиҳои хӯрока, 1, 9 тонна маҳсулоти ширӣ, 10,27 тонна консерваҳо, 136,26 тонна меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ғайристандартӣ дониста шуда, тибқи тартиби муқарраргардида аз нав коркард ва ё нобуд карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, давоми соли ҷорӣ  ба миқдори 1145 тонна маҳсулоти хӯроквории бесифат ва хатарнок дар қаламрави ҷумҳурӣ аз муомилот гирифта шуда, тибқи тартиби муқарраргардида нисбати онҳо чораҳо андешида шуд.

Бале, ба шарофати масъулиятшиносии мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» пеши роҳи ин қадар маводи ғизоӣ, ки бесифат ва хатарнок будаанду бояд истеъмол мекардем, гирифта шуд.

Аз кор баргашта, вақте ба хона даромадам, набераамро назди телевизор пайдо кардам, ки аз тамошои кӯдакони дар навор уребча (памперс)-ро рекламамекарда, завқ мебурд.  Кӯдаки фарбеҳчае, бо лафзи ширин мегуфт «Супел-пупел…сухая попка». Вақте маро дид, давида худро ба оғӯшам партофту савол дод:

-Барои хоҳаракам памперс  ва барои ман сасискаву ролтон овардӣ?

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»