Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аксар санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонид ва онҳо қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эътироф гардиданд. Ҳамин тариқ, қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд.
Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ташаккул ёфт. Аз ҷумла, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардиданд. Тибқи талаботи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
Яке аз уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқҳои наврасону ҷавонон ба ҳисоб меравад, ки он аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла «Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон», «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ», «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ», «Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳо, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонида шудаанд, сарчашма мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини манфиатҳои кӯдакон ва наврасон пайваста чораҳои зарурӣ меандешад.
Ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, тибқи Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак маърӯзаҳои миллӣ пешниҳод карда, ҷиҳати иҷрои тавсияҳои он чораҳои дахлдор андешида шуданд.
Сиёсати давлатии ҷавонон бахши ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз системаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқие иборат мебошад, ки онро мақомоти давлатӣ бо мақсади фароҳам овардани шароиту кафолатҳо барои ташаккули иҷтимоию инкишофи ҷавонон ва ҳар чӣ бештар амалӣ гардидани неруи эҷодии онҳо барои манфиати ҷамъият татбиқ менамояд.
Ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтори нав — Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар баробари ин, якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бори сиёсати давлатии ҷавонон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» ва дигар барномаҳо қабул гардиданд, ки дар таъмини сиёсати давлатии ҷавонон нақши муҳим доранд.
Бо мақсади рушду инкишофи иқтидори илмӣ ва ҳавасманд намудани олимони ҷавон ва донишҷӯёне, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо таъсис дода шуд. Дар баробари ин, 23-юми май — Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва соли 2017 — «Соли ҷавонон» эълон гардид, ки боиси болоравии нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа шуданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 35 фоизи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад. Ҷавонон ва наврасони мамлакат захираи асосии меҳнатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд ва фаъолияти меҳнатии онҳо манбаи асосии маблағ ҷиҳати таъминоти иҷтимоии кӯдакон, маъюбон ва калонсолон маҳсуб меёбад.
Тавре маълум аст, теъдоди муайяни сокинони мамлакат барои дарёфти кор рӯ ба муҳоҷират меоранд. Аз ин хотир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани шароити будубош ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар хориҷи кишвар пайваста тадбирҳо меандешад. Аз ҷумла, моҳи апрели соли 2019 вақте ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия сафари расмӣ анҷом медоданд, пеш аз оғози барномаи сафарӣ бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар мулоқот намуданд. Зимни суҳбат қайд шуд, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар самти муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар соли 2018 назар ба соли 2013 шумораи шаҳрвандони мо, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, қариб 50 фоиз кам гардид.
Бо дарназардошти манфиатҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, инчунин, кафолатҳои давлатии амалишавии онҳо, соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардид, ки ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор, ҳаёти шахсӣ, ҳифзи саломатӣ, шахсият, озодии сухан, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, моликият, манзил, таҳсил, меҳнат, истироҳат ва фароғат, муттаҳидшавӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон ва ҷавонон ва тарбия дар оиларо кафолат медиҳад.
Сиёсати давлатӣ нисбат ба маъюбон дар асоси принсипҳои риояи ҳуқуқи инсон, манъ будани табъиз, таъмини дастрасии тавонбахшӣ, баробарии ҳуқуқи маъюбон ва ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои маъюбон амалӣ мешавад.
Бо дарназардошти ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муҳими ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони маъюб гузошта шуд ва дар барнома, стратегия ва консепсияҳо, ки дар самтҳои алоҳидаи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар қабул мегарданд, барои ба кӯдакони маъюб фароҳам овардани шароити баробар, аз ҷумла, ҳифзи иҷтимоии онҳо, пешгирии маъюбшавӣ, дастрасӣ ба таҳсил, тайёрии касбӣ, бо дарназардошти вазъи саломатӣ бо кор, бо доруворӣ ва воситаҳои техникӣ таъмин намудани онҳо афзалият дода мешавад.
Ҷиҳати амалӣ гардонидани муқаррароти қонунгузорӣ, соли 2011 «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2015» тасдиқ карда шуд. Он, ки айни ҳол амалӣ шуда истодааст, самтҳои асосии рушди таҳсилоти фарогирро дар ҷумҳурӣ муайян мекунад ва ба таъмини ҳуқуқҳои баробари кӯдакони имконияташон маҳдуд барои гирифтани таҳсилот мусоидат менамояд.
Дар баробари ин, барои беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, тавонбахшии тиббию иҷтимоии онҳо, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри 2016 «Барномаи давлатии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017 — 2020» тасдиқ гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани тадбирҳои солимгардонӣ, хизматрасонии тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюб бо мақсади фароҳам овардани муҳити мусоид бо имкониятҳои баробар барои ҳама мебошад.
Соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки «бо мақсади густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, инчунин, баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон, чунин мешуморам, ки дар мамлакатамон вақти ҳалли масъалаи таъсис додани институти миллии Ваколатдори ҳуқуқи инсон расидааст. Ин сохтор ҳамчун яке аз институтҳои демократӣ бояд робита ва ҳамкории мақомоти давлатиро ба ҷомеаи шаҳрвандӣ боз ҳам тақвият диҳад. Зарур аст, ки барои таъсиси чунин сохтор тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ андешида шаванд». Бо мақсади амалӣ намудани ин иқдом 20 марти соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва 27 майи соли 2009 бо ризояти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид ва ба кор шурӯъ кард.
Дертар бо мақсади таҳкими ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015) ба зарурати таъсис додани ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд. Соли 2016 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки вазифаи асосии он аз мусоидат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи кӯдак, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, мусоидат ба ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, ба тасвиб расонидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи мазкур иборат мебошад. Соли 2017 барои муайян кардани самтҳои афзалиятноки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак «Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2020» тасдиқ карда шуд. Ҳадафи асосии стратегия мусоидат ба пешниҳоди ҳамаҷонибаи хизматрасониҳо ва ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ мебошад, то ин ки кӯдакони маъюб ҳуқуқи худро ба таҳсили босифат бидуни ҳар гуна табъиз дар муҳити фарогир амалӣ намоянд.
Дар доираи амалисозии стратегияи мазкур, тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва истироҳату фароғат дар ширхоргоҳ-кӯдакистонҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаб-интернатҳо, марказҳои саломатӣ ва истироҳатгоҳҳо мониторинг ва санҷиш гузаронида мешавад. Натиҷаи мониторинг ва санҷишҳо дар маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар самтҳои алоҳида мавриди таҳлил қарор мегирад ва ҷиҳати беҳтар намудани вазъ дар ин самтҳо ба мақомоти давлатӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод мегардад.
Яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик расидан ба ваҳдати миллӣ ва дар фазои сулҳу субот, оромию осоиштагӣ умр ба сар бурдани кӯдакону наврасон мебошад. Дар натиҷаи амалӣ гардонидани сиёсати сулҳпарварона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 аз давлатҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик, аз ҷумла, Ҷумҳурии Ироқ, зиёда аз ҳаштод нафар кӯдаку наврас — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргардонида, дар муассисаҳои таълимӣ ва хонаи кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои беҳдошти саломатии кӯдакону наврасон, тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастии онҳо, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ободонию созандагӣ идома дорад. Дар муассисаҳои таълимӣ, саломатӣ, маҷмааҳои варзишӣ, кӯдакистонҳо ва майдончаҳои зебову замонавии варзишӣ сохта шуда истодаанд, ки ба боло бурдани сифати таълиму тарбия ва фароғату истироҳати кӯдакону наврасон мусоидат мекунанд. Бинобар ин, ҳар як падару модар уҳдадор аст, ки бар ивази ин ҳама заҳмату ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намояд.
Азим МАШРАБЗОДА, мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон