Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми декабри соли 2022 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси таъмини амнияти озуқаворӣ сухан ронда, аз ҷумла, чунин таъкид намуданд:
«Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё, моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем».
Сарвари давлат зикр карданд, ки соли 2022 истеҳсоли ғалладонагӣ ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба 1 миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шуд. Истеҳсоли гӯшти паранда дар ин давра 8 баробар зиёд шуда, ҳаҷми воридоти он 11 баробар кам гардид.
Бо мақсади афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, пеш аз ҳама, ба интихоби тухмии хушсифат аҳамияти ҷиддӣ бояд дод. Дар сурати мавҷуд будани замини ҳосилхезу об, агар тухмӣ бесифат бошад, маблағу вақт ва қувваи кории зиёд зоеъ меравад.
Гуфтан зарур аст, ки аз дигар кишварҳо овардани тухмӣ маблағи зиёд талаб мекунад. Инчунин, дар тухмии аз хориҷа воридшуда эҳтимоли паҳншавии баъзе касалиҳо вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, рушду тараққӣ додани соҳаи тухмипарварии ватанӣ ба нафъи кор аст.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи тухмипарварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Чунончи, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2014» тасдиқ гардид, ки он барои пешрафти соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Баъдан, вобаста ба муҳим будани рушди соҳа зарурати таҳия ва қабули «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016- 2020» ба миён омад. Дар асоси барномаи мазкур дар самти санҷиш, бақайдгирӣ, ҳифзи навъҳо, назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ корҳои зиёд ба анҷом расиданд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми апрели соли 2021 таҳти рақами 117 «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025» қабул шуд.
Бо мақсади таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии хушсифати ватанӣ дар ҷумҳурӣ 128 хоҷагии тухмипарварӣ фаъолият мекунанд, вале фаъолияти як қатор хоҷагиҳо қаноатбахш нест. На ҳама сарварони хоҷагиҳо ба моҳияти масъала дуруст сарфаҳм мераванд. Тухмиҳое, ки ба кишт омода мегарданд, мувофиқи тавсияномаи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ қобилияти энергияи сабзиши онҳо бояд аз 85 то 95 дарсад бошад ва тозагии навъ 98- 100 дарсадро ташкил намояд. Дар он вақт аз ин гуна тухмиҳо ҳосили баланд рӯёнидан имконпазир аст. Барои тухмипарварӣ қитъаҳои беҳтарини заминро ҷудо намуда, аз кишт то ғунучини ҳосил ба қоидаҳои агротехникӣ риоя бояд кард.
Мушкили дигар он аст, ки бояд ба усули киштгардонии зироат диққати ҷиддӣ зоҳир намоем. Махсусан, коштани юнучқа, лӯбиёгиҳо ва ғалладонагиҳо заминро серғизо ва аз алафҳои бегона тоза мекунад.
Таҷрибаҳои бисёрсолаи олимони хориҷӣ ва ватанӣ собит намудааст, ки на камтар аз 50 дарсад ва баъзан то 70 дарсад гирифтани ҳосилнокии баланди зироати хоҷагии қишлоқ аз дуруст истифода бурдани нуриҳои минералӣ ва тухмии баландсифат вобастагӣ дорад.
Соҳаи кишоварзӣ базаи мустаҳками ашёи хом барои саноат ба ҳисоб меравад. Азбаски саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафаи чоруми стратегӣ эълон шудааст, таваҷҷуҳи бештар намудан ба соҳаи кишоварзӣ, расидан ба ин ҳадафро осон мекунад.
Хуб мешуд, ки дар донишгоҳу коллеҷҳои кишвар тайёр кардани мутахассисони соҳа (агроном- тухмипарвар) ба роҳ монда шавад. Дар сурати вусъат бахшидан ба ин раванд мо оянда муҳтоҷи тухмиҳои хориҷӣ (воридотӣ) намешавем.
Ба муассисаҳои илмию истеҳсолӣ барои ҳавасмандкунии олимону муҳаққиқон ба таври имтиёзнок замину об, нурӣ ва техника ҷудо кардан ба манфиати кор хоҳад буд. Инчунин, ба киштгардони зироат, ки яке аз омилҳои фаровонҳосилӣ ба шумор меравад, эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, аз нуриҳои органикӣ васеъ истифода бурдан лозим аст.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «… ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, ҳосилхезии онро афзун бояд кард».
Сайфиддин САДРИДДИНОВ,
доктори илмҳои кишоварзӣ,
профессор,
Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон