Даъвати тирамоҳии ҳарбӣ - 2023

Таҷлили рӯзи даъватшаванда дар мамлакат

№120-121 (4703-4704) 05.10.2023

Изображение WhatsApp 2023-10-02 в 08.36.01_92f13b67Аз оғози моҳи октябри соли равон вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми августи соли 2023 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 — 2005 ба хизмати ҳарбӣ» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маросими ботантанаи гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуд.

Дар ин чорабиниҳо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, бахшҳои кор бо ҷавонон, роҳбарони комиссариатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ, фаъолону собиқадорони меҳнат ва волидайни даъватшудагон иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ба даъватшавандаҳое, ки ба таври ройгон дар даврҳои ронандагии назди шуъбаҳои Ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳру ноҳияҳо таҳсил намудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагии дараҷаи «В» ва «С» супорида шуд.

Тавре ба мушоҳида мерасад, тайи чанд соли охир ҷалби наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъракаи хотирмон табдил ёфтааст. Бинобар беҳтар шудани шароит дар қисмҳои низомӣ аксар ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ихтиёрӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, барои ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини суботу амният ва ҳифзи арзишҳои миллӣ омодагӣ мегиранд.

Дар рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои водии Рашт, шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Фархор ва Ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз иҷрои пурраи нақша хабар доданд. Оилаи Шодиевҳо аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар мавсими даъвати тирамоҳӣ ду нафар ва дар маҷмӯъ, чор фарзанди худро ба хизмати Ватан — Модар равона намудаанд, бо туҳфаи молии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ ва сипоснома мукофотонида шуданд.

Падару модарони даъватшавандагон бо ифтихор аз писарони худ барои иҷрои сарбаландонаи ин қарзи фарзандӣ ба аскарони ҷавон дуои хайр доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон чунин таъкид дош­таанд: «Давоми солҳои сипаришуда даҳҳо ҳазор ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далерию шуҷоат, яъне хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гузаш­та, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намуданд ва борҳо собит сохтанд, ки Артиши миллӣ аз уҳдаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа бо сарбаландӣ баромада метавонад».

Вақте мебинем, ки фарзандони ғаюри кишвар, ба монанди падарони бо ору номуси худ бо ғайрату ҷасорат ба хотири ободии Ватан хизмати ҳарбиро ихтиёр менамоянд, умед ва бовариямон ба насли наврас, ба ояндаи орому осоишта қавитар мегардад. Мо бо чунин ҷавонони далеру шуҷои мамлакат ифтихор менамоем, зеро онҳо хизмат ба Ватан ва гузаштан аз мактаби мардонагиро барои худ мояи шараф ва ифтихор медонанд.

Маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30-юми ноябр идома меёбад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»