Ҳабдаҳуми октябри соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳилтон»-и пойтахт нишасти солонаи Марказҳои Орхус баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутасаддиёни вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва намояндагони Марказҳои Орхуси 14 мамлакат ширкат варзиданд.
Муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 594, 9- уми июни соли 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Орхус ҳамроҳ шуд. Соли 2003 миёни Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Барномаҳои САҲА (OSCE) дар Тоҷикистон Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расида, дар шаҳри Душанбе Маркази Орхус таъсис ёфт. Минбаъд дар заминаи созмонҳои ҷамъиятӣ Марказҳои Орхус дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ, Турсунзода ва ноҳияҳои Рашту Ҷайҳун таъсис дода шуданд.
Зарафо Қиёмзода зикр намуд, ки Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе яке аз шарикони асосии кумита буда, дар амалӣ намудани як қатор лоиҳаҳои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла таъмини амнияти экологӣ, мукаммалгардонии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани неруи зеҳнии мутахассисони кумита саҳми арзанда мегузоранд.
- Моҳи феврали соли 2019 дар мавзеи кӯли Душанбе, ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб ҳашари якҷояи Кумита бо САҲА баргузор гардид, ки дар он волонтёрони Маркази Орхуси Душанбе ва сокинони ҷамоати Чорбоғ 1000 бех ниҳоли дарахтони сӯзанбарг шинониданд. Алҳол 90 дарсади ниҳолҳои шинондашуда хуб нашъунамо доранд. Инчунин, бо мақсади дастгирӣ аз ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ — «Шаҳри худро сабз мегардонем» 27- уми феврали соли 2021 дар кӯчаи Ҷалол Икромии пойтахт 160 бех ниҳоли дарахтони кипариси аризонӣ шинонида шуд,- иброз намуд Зарафо Қиёмзода.
Миёни иштирокчиёни нишасти солонаи Марказҳои Орхус дар мавзӯъҳои дастрасӣ ба иттилооти экологӣ, ҷалби иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо, дастрасӣ ба адолати судӣ, инчунин Протоколи Феҳристи партовҳо ва интиқоли ифлоскунандаҳо табодули афкору андеша сурат гирифт.
Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулқодир Мавлодод иброз дошт, ки ҳадафи Конвенсияи Орхус таъмини кафолати ҳуқуқҳои экологии инсон, ҳифз ва нигоҳдории муҳити зисти солим барои наслҳои оянда мебошад. Конвенсия даъват менамояд, ки ҳукуматҳо ба таври ошкоро ба шаҳрвандон маълумоти экологиро пешниҳод намуда, барои иштироки аҳли ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолати судӣ замина фароҳам оранд. Дар кишвари мо сохтори мутасаддӣ барои татбиқи Конвенсияи Орхус Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
-Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди «иқтисоди сабз» имкониятҳои фаровон дорад. Соли 2022 дар мамлакат «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023- 2037» қабул гардид. Дар он махсусан, бо вусъат додани истеҳсол ва истифодаи энергияи «сабз» таъмини энергиясамаранокӣ, ворид кардани принсипҳои иқтисоди сабз дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон, нақлиёт, рушди туризми экологӣ ва тақвияти маърифати экологии аҳолӣ афзалият дода шудааст,- иброз намуд Абдулқодир Мавлодод.
Дар доираи нишасти солонаи Марказҳои Орхус 18- уми октябри соли равон иштирокчиён ба шаҳри Норак сафар намуда, бо иқтидори истеҳсолии НБО «Норак» ва раванди тавлиди «энергияи сабз» дар ин неругоҳ ошно гардиданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»